Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳ то анҷоми мӯҳлат. 3 млн симкорт сабтношуда мондааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, баъди дастури моҳи феврал тақрибан 2 миллион нафар симкортҳояшонро бо истифода аз шиносномаи нав дубора сабт кардаанд. Вале ҳамоно мардуми зиёде ин дастурро баҳсбарангез мешуморад, ҳарчанд дар пайи иҷрои онанд.

Дар ин бора Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, "то 11-уми июл 1 миллиону 883 385 симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудааст. Мо наметавонем, беш аз як миллион нафар бигӯем, чун як нафар метавонад 2 ё 3 сим корт дошта бошад".

Илҳом Атоев дақиқ нагуфт, чӣ қадар симкорти дигар бояд то моҳи август дубора сабти ном шавад, аммо гуфт, дар маҷмӯъ ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштариёни фаъол ҳастанд.

Бар асоси дастури ҳукумат аз моҳи феврали соли 2019, сабти дигарбораи шумораҳои муштариёни ширкатҳои телефонӣ ба номашон бояд то 16-уми август ба поён расад. То анҷоми ин мӯҳлат ҳамагӣ 1 моҳи дигар боқӣ мондааст ва бар асоси маълумоти ширкатҳои мобилӣ, беш аз 3 миллион симкорт бо шиносномаҳои пешина фурӯхта шудааст.

Хадамот гуфт, симкорти зиёдеро сабт кардаанд, вале ...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Тибқи дастури ҳукумат, симкортҳоро фақат дар сурате ба номи соҳибаш дубора сабти ном мекунанд, ки корти ҳуввият дошта бошанд, на шиносномаҳои маъмулӣ, ки то соли 2014 ба мардум медоданд. Аммо ҳоло бештар аз 3 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон шиносномаи маъмулӣ доранд ва маълум нест, ки метавонанд, дар муддати як моҳ корти ҳуввият бигиранду шумораи телефонашонро нигаҳ доранд.

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё дар як моҳи боқимонда, яъне то 16-уми август 3 миллион нафар корти ҳуввият гирифта метавонанд, ё не. Ширкатҳои мобилӣ гуфтаанд, агар касе то замони муқарраршуда симкорташро ба номаш сабти ном накунад, аз рақамаш маҳрум мешавад.

Бо назардошти ҳамин мушкил, хабарнигорон аз Илҳом Атоев борҳо пурсиданд, ки оё эҳтимоли тамдиди мӯҳлати сабти ном вуҷуд дорад. Ӯ посухи рӯшан намедод, вале дар ниҳоят гуфт, ба эҳтимоли зиёд масъалаи тамдиди мӯҳлати ба қайдгирии симкортҳоро ба ҳукумат пешниҳод мекунад.

Дар зимн, бо таваҷҷӯҳ ба навбатпоии зиёду ташвиши мардум барои гирифтани шиносномаи нав, фаъолони шаҳрвандӣ бо ҷамъоварии имзоҳо ва ҳам як вакили тоҷик қаблан масъалаи дароз кардани мӯҳлати ба қайдгирии симкорт бо шиносномаи пластикиро пешниҳод карда буданд. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки мақомот дар мӯҳлати боқимонда зарфияти додани шиносномаҳои навро ба сокинонро надоранд ва агар ин мӯҳлат тамдид нашавад, аксари муштариён бе алоқаи мобилӣ мемонанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик мегӯяд, зоҳиран масъулин ба ҷуз тамдиди мӯҳлат дигар илоҷе надоранд ва дар акси ҳол ҳам ширкатҳои мобилӣ ва ҳам муштариён зиёни моливу маънавӣ мебинанд. "Аз он чӣ, ки ман дар марказҳои шиносномадиҳӣ мушоҳида кардам, гумон аст, ки дар мӯҳлати муқарраршуда ҳама барои иваз кардани симкортҳо, соҳиби шиносномаи нав шаванд. Бубинед, вақте аз моҳи феврал то имрӯз наздики 2 миллион сабти номи дубора шуда бошад ва шумораи умумии симкортҳо 6 миллион бошад, чӣ тавр имкон дорад дар як моҳи дигар ҳамаро пурра фаро гиранд?",-суол мегузорад Абдураҳмон Раҳмонов.

Дар ҳоле, ки аксарият дарёфти симкорти навро дар мӯҳлати муайяншуда номумкин медонанд, Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон авохири моҳи гузашта дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳанӯз барои сӯҳбат сари ин мавзӯъ вақт аст. Ӯ изҳори умедворӣ карда буд, ки сокинон дар ин мӯҳлат бо шиноснома ва симкорти нав таъмин хоҳанд шуд.

Вай гуфт, "як қисми аҳолӣ аллакай дорад чунин паспортҳоро. Як қисми аҳолӣ, яъне ҷавонон то ҳол паспорт нагирифтаанд. Ин ба онҳое тааллуқ дорад, ки паспортҳои куҳна доранд. "Паспортний стол"-е, ки дар назди хонаи ман аст, то 12-и шаб кор мекунанд. Бояд таъмин кунанд.

Агар нашуд?

Агар нашуд, баъд мебинем".

Масъалаи табдили симкортҳо аз тирамоҳи соли гузашта як масъалаи бисёр доғ дар Тоҷикистон шуд. Мақомот он замон гуфтанд, барои таъмини амнияти миллӣ ва сӯистифода нашудани симкортҳо, бояд ҳамаи онҳоро аз нав ба номи соҳибонашон сабт кунанд. Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа дар шарҳи зарурати сабти дубораи симкортҳо гуфт:

"Ҳоло суолҳои зиёде пайдо мешавад, ки чаро ба шаҳрванд дар асоси шиносномаи соли 2014 сим корт дода мешавад. Зеро дар асоси ин шиноснома маълумот нисбати муштарӣ дар намуди электронӣ хеле зиёд аст, ки ин барои осон кардани кору фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои дигар, аз ҷумла ҳукумати электронӣ зарур аст. Дар ин чанд соли ахир афроде пайдо шуданд, ки дар асоси нусхаи шиносномаи дигарон ғайрирасмӣ барои худ рақам гирифтаанд. Ин тамоман мумкин нест".

Вале бархе ҳукуматро ба он муттаҳам мекарданд, ки барои пур кардани будҷа ва пайдо кардани манбаи даромад, ин роҳро пеш гирифтааст. Ин гурӯҳ сабти номи дубораи симкорт бо шиносномаи навро зарур намедонанд ва зарбае ба кисаи худ меҳисобанд.

Бо ин ҳама, бо наздик шудани моҳи август навбат дар идораҳои шиносномадиҳӣ дарозтару нигарониву сару садоҳо ҳам атрофи ин мавзӯъ бештар мешавад. Дар зимн, масъулини Хадамоти алоқа дар робита ба нигаронии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, гуфтанд, онҳо дар ин масъала истисно нестанд ва бояд дар мӯҳлати муайяншуда аз қайд гузаранд.

Ин мӯҳлат ҳам баъди як моҳи дигар фаро мерасад ва маҳз ба ин хотир рӯзи кории идораҳои шиносномадиҳии Тоҷикистон аз 8-и субҳ то 10-и шаб муқарар гардид. Вале ба бовари коршиносон, мақомот моҳе танҳо тавони пешниҳоди 50 ҳазор шиносномаро доранд ва бинобар ин, тамдиди соати кории идораҳои шиносномадиҳӣ ҳам кам чизеро метавонад тағйир диҳад.

XS
SM
MD
LG