Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соати Рамазон Раҳимзода ба Эмомҳусейн. ВИДЕО


Акс аз вебсайти ВКД
Акс аз вебсайти ВКД

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар як пазироиаш аз Эмомҳусейн Умаров ин тифли 7-соларо барои истеъдоди фавқулоддаи варзишиаш қадрдонӣ кард.

Дар мулоқоте, ки рӯзи 29 ноябр дар утоқи кории вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Душанбе ҷараён гирифт, Рамазон Раҳимзода Эмомҳусейн Умаровро барои истеъдоди нодири варзишиаш – тавони 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание) ситоиш кард ва ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар ин бора рӯзи 30 ноябр вебсайти ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Вазир аз Эмомҳусейн ба ҳайси варзишгари наврасу умедбахши узви Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» «ситоиш карда ба ҳунари варзишии ӯ баҳои баланд додааст». барои ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаи варзиш ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Вазир гуфтааст, ки ҳунари Эмомҳусейн намунаи ибрат аст. Дар баробари болофишорӣ ин кӯдак машқҳои акрабатикӣ ҳам анҷом медиҳад ва дар варзиш истеъдоди фавқулодда дорад.

Бори нахуст дар бораи ҳунарҳои ин кӯдаки тоҷик Радиои Озодӣ рӯзи 23 ноябри имсол гузориш дод:

Кӯдаки тоҷик – довталаби рекордҳои Гиннес. 11 ҳазор "отжимание" дар як вақт

Як падари серфарзанди тоҷик талош дорад, зӯри бозуи фарзанди 7-солааш дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад. Эмомҳусейн Умаров, фарзанди нӯҳум ва хурдии хонавода, тавони якбора иҷро кардани 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание – русӣ)-ро дорад. Вай ин корро дар 6 соату 20 дақиқа ва бидуни танаффус анҷом медиҳад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:

Навраси тоҷик – довталаби рекордҳои Гиннес. 11 ҳазор "отжимание" дар як вақт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00

4 дафъа дар пеши чашми ман 11 ҳазорборӣ “отжимание” кард. Хоҳараш як дафтар дорад ва ҳамеша дар пешаш нишаста, ҳисоб мекунад. Дар ин дафтар тамоми ҳисобҳои 4-сола ҳаст.

Ба иддаои падари ин варзишгари хурдсол, ҳанӯз касе мисли писари ӯ ба ин теъдод болофишорӣ накардааст. Ӯ дар ин бора маълумоти зиёд ҷамъ овардааст ва мегӯяд, танҳо як ҷопонӣ соли 1980 бо иҷрои 10 ҳазор болофишорӣ ба китоби рекордҳои “Гиннес” шомил шуда буд. “Аз он сол то имрӯз 37 сол гузашт, аммо касе пайдо нашуд, ки бештар аз ӯ “отжимание” кунад. Агар ба Эмомҳусайни мо кумак кунанд, ӯ метавонад ин рекордро бизанад”, - гуфт Раҷаб Умаров.

Раҷаб Умаров
Раҷаб Умаров

Ин падар мегӯяд, ба тавоноии писараш бовар дорад, вале намедонад чӣ гуна ӯро ба масъулони китоби рекордҳои “Гиннес” муаррифӣ кунад. Барои ин, вай аз масъулини варзиши кишвар кумак хоста, ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат кардааст. “4 дафъа дар пеши чашми ман 11 ҳазорборӣ “отжимание” кард. Хоҳараш як дафтар дорад ва ҳамеша дар пешаш нишаста, ҳисоб мекунад. Дар ин дафтар тамоми ҳисобҳои 4-сола ҳаст. Ин кор 4 сол боз идома дорад. Як рӯз машқ мекунад ва як рӯз “отжимание”. Бигзор як комиссиюн омада, тавоноии фарзандамро бисанҷад. Баъд аз “отжимание” ман кори дилашро месанҷам. Бетағйир мемонад”, – мегӯяд падари варзишгари хурдсол.

Эмомҳусейн Раҷабов
Эмомҳусейн Раҷабов

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи инки то куҷо пизишкон аз машқи зиёди кӯдаки 7-сола хабар доранд? - падар гуфт, фарзандашро борҳо ба ташхиси тиббӣ бурдааст ва табибон ҳамеша вазъи сиҳатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. Бархе аз табибони тоҷик, аз ҷумла пизишкони варзишӣ иҷрои ҳазорҳо дафъа болофишорӣ аз ҷониби як кӯдакро “ғайримумкин” ва “аз сӯи дигар фавқулода” арзёбӣ мекунанд. Як духтури соҳаи варзиш, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин кӯдак бояд аз ҷониби пизишкони касбӣ муоина ва санҷида шавад. Вале ба гуфтаи таҳлилгарони соҳаи варзиш, тавони иҷрои чунин корро танҳо афроди аз назари омодагии ҷисмонӣ фавқулода доранд. Теъдоди чунин афрод ҳам ба гуфтаи онҳо дар ҷаҳон камшумор аст.

Вале Раҷаб Умаров мегӯяд, зимни як ташхис ду соли пеш пизишки кӯдаконае, ки Эмомҳусейнро ҳангоми иҷрои болофишорӣ назорат мекард, гуфтааст, ин ҳунари ӯ фавқулода аст, чун бо вуҷуди соатҳои тӯлонӣ рӯйи даст истодану болофишорӣ кардан дар ҷисмаш ягон тағйирот эҳсос намешавад. Эмомҳусейн яке аз дугоникҳои хонаводаи Умаровҳост. Аммо ӯ ҷисман аз бародараш Эмомҳасан, ки аз ӯ танҳо чанд дақиқа баъдтар ба дунё омадааст, хеле фарқ дорад.

Эмомҳасан, бародари дугоники ин варзишгари хурдсол, мегӯяд, тавони иҷрои ҳамагӣ 20 дафъа “отжимание”-ро дорад. Аз ин бештар дигар дасташ тоб намеорад.

Ин варзишгари хурдсол реҷаи махсус дорад ва рӯзи ӯ аз соати 5-и субҳ шурӯъ мешавад. Соатҳое, ки бародари дугоникаш ва аксар ҳамсолони дигараш дар хоби нозанд, ӯ ба давидан машғул аст. “Дар як рӯз 20 тамрин дорам ва аз соати панҷи саҳар бо падарам медавем. Бори охир 14 километр давидам. Падарам пешопеш бо мошин ва ман аз паси ӯ давидам”, - афзуд ӯ.

Эмомҳусейн дар ягон толори варзишӣ машқ намекунад ва муррабияш ҳам ягон варзишгари ҳирфаӣ нест. Мураббии ӯ падараш аст, як дӯстдори варзиш, ки тамоми умр орзуи қаҳрамон шуданро дошт, вале шароит имконаш надод ба варзиши ҳирфаӣ рӯ орад. Акнун мехоҳад, ин орзуи худро дар писараш амалӣ кунад.

“Падарам пир буд ва ман бояд кор мекардаму зиндагиро пеш мебурдам. Бо ҳамин, ин орзуям мурд, вале бо таваллуди писаронам бо Худо аҳд кардам, ки фарзанди мо парчамбардор шавад ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шавад”, - Раҷаб Умаров.

Ин падар мегӯяд, тамринро бо Эмомҳусайн ҳанӯз аз 3-солагӣ ва аз 50 “отжимание” ё болофишорӣ шурӯъ кардааст. Дар хона ва рӯйи ҳавлӣ барои Эмомҳусейн падар шароити тамринро фароҳам кардааст. Аз чӯбу оҳангҳои нодаркор барои ӯ лавозимоти тамринӣ ва дар таҳхонаи манзили зист як толори варзишӣ ҳам сохтааст. Эмомҳусейн дар ин толор ба намудҳои мухталифи варзиши сабук, аз ҷумла муштзанӣ ва пауэрлифтинг ҳам машғул мешавад.

Модари Эмомҳусейн
Модари Эмомҳусейн

Падар бовар дорад, писараш лаёқати ғайриоддӣ дорад, вале модар мегӯяд, дидани реҷаи сахти машқ ва махсусан соатҳои зиёд тамоми вазни бадан рӯйи даст мондани фарзанди хурдсол барояш осон нест: “Вақте “отжимание” мекунад, як ҳолашро мебинаму мебароям. Тоқат намекунам. Ҳоло хурд аст, аммо ин кор ба худаш маъқул аст. Кори ман фақат баъди ин машқу “отжимание” суол додан аст. Мепурсам, ки поят дард намекунад? Дастат дард намекунад?”

Чанд толори варзишии Душанбе баъд аз огоҳ шудан аз тавоноии Эмомҳусейн барои қабули ройгон ё бепули ӯ изҳори омодагӣ кардаанд. Аммо падари ин варзишгари хурдсол, ки ронандаи мусофирбар аст ва аз ин роҳ зиндагии хонаводаи серфарзанди худро пеш мебарад, мегӯяд, барои ҳар рӯз ба толори варзишӣ бурдану овардани ӯ вақт надорад. Раҷаб Умаров мегӯяд, ҳоло субҳ ва шом худаш чанд соат бо ӯ машқ мекунад ва ягона ҳадафаш вориди китоби рекордҳои “Гиннес” кардани писараш аст. Баъд аз ин, ба гуфтаи падар, Эмомҳусейн метавонад як риштаи варзишро барои идомаи кори касбӣ интихоб кунад.

Худи варзишгари хурдсол ҳам ҳанӯз намедонад кадом намуди варзиш барояш беҳтар аст. Танҳо мехоҳад, қаҳрамони Тоҷикистон ва ҷаҳон шавад.

XS
SM
MD
LG