Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабтиноми электронии муҳоҷирон дар Русия имконпазир мешавад. ВИДЕО


Русия қонун дар бораи тартиби сабтином (регистратсия)-и муҳоҷирону шаҳрвандони хориҷиро тағйир дод. Ҳоло муҳоҷирон метавонанд, тавассути Хадамоти давлатии Русия (Госуслуга) ва бе навбатпоӣ худро дар ҷойи зисти муваққатӣ дар қайд гузоранд.

Фаридун Юнусов ҳоло дар Русия зиндагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, қаблан барои сафари чандрӯза аз як шаҳр ба шаҳри дигар маҷбур буд аз қайди ҷойи иқомат берун шуда, худро дар меҳмонхонае сабтином кунад.

Аксар муҳоҷирон ҳам дар Русия зимни сафари корӣ аз як шаҳр ба шаҳри дигар ба ин мушкил рӯ ба рӯ мешуданд. Сабтиноми муҳоҷирон дар манзили иҷора кори осон нест ва дар сурати риоя накардани ин тартиб барои чанд сол аз Русия ихроҷ ё депортатсия мешаванд.

Навгонии дигар ҳам ин аст, ки акнун муҳоҷирон метавонанд бе ҳузури соҳиби хона тавассути Хадамоти давлатӣ дар ҷойе, ки истиқомат доранд, худро сабтином кунанд. Барои ин, бояд бо худ ваколатномаи тасдиқшудаи нотариалӣ дошта бошанд.

Муаллифони тарҳ мегӯянд, тартиби нав барои ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки соҳиби хона дар хориҷ аз кишвар аст ва наметавонад дар раванди ба қайдгузории нафаре дар хонаи худ ҳузур дошта бошад.

Дар Русия сабтиноми (регистратсия)-и электронӣ имконпазир мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Тағйироти нав дар қонунгузорӣ барои осон кардани кори шаҳрвандони хориҷӣ муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқро хушҳол кардааст. Светлана Саломова, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва мудири сомонаи Migranto.ru мегӯяд, билохира садои онҳо ба гӯши мақомоти Русия расид ва ба қонун тағйирот ворид шуд.

"Акнун имкон пайдо мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавассути Хадамоти давлатӣ ё Госуслуга дар қайди идораи муҳоҷират гузошта шаванд. Онҳо бояд санадҳои худро дар пойгоҳи Хадамоти давлатӣ ворид кунанд ва биёянду санади заруриро бигиранд", - афзуд ӯ.

Дар Русия бинобар иттилои мақомдорони рус беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Аммо мақомоти тоҷик шумораи муҳоҷиронро андаке беш аз 480 ҳазор нафар гуфтанд. Даромади ҳар чаҳорумин хонавода бинобар арзёбиҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG