Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ: Истифодаи ғайриоқилонаи об паёмадҳои вазнин хоҳад дошт


11 феврал, Париж
11 феврал, Париж

Дар Париж расми муаррифии “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” баргузор шуд.

Дар қароргоҳи дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф (UNESCO) рӯзи 11 феврал расми муаррифии “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” баргузор гардид. Дар кори ин нишаст ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок кард. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, нишасти мазкур бо муроҷиати видеоии дабири кулли СММ Бан Ги Мун оғоз ёфт.

Ҳ.Зарифӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки Тоҷикистон, ба унвони ташаббускори таҷлили Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҷонибдори таҳкими дипломатияи байналмилалӣ дар амри истифодабарии захираҳои об, эҷоди эътимод ва муколамаи байни кишварҳо мебошад.

Зарифӣ гуфт, аз тамоми маҷрои дарёҳои дар қаламрави Тоҷикистон ташаккулёбанда танҳо 15 % барои ниёзҳои Тоҷикистон истифода гардида, маҷрои боқимонда ба давлатҳои поёноб ҷорӣ мешавад, ки дар он ҷо асосан барои обёрии заминҳо равона мегардад.

Вай таъкид кард, ки усулҳои такмилшуда ва мутақобилан манфиатноки кишварҳои минтақа дар истифодаи захираҳои обию энергетикӣ метавонад рушди устувори кулли Осиёи Марказиро таъмин кунад ва айни замон, “истифодаи ғайриоқилонаи об метавонад боиси паёмадҳои вазнин гардад, ки шаҳодати он хушкшавии Баҳри Арал мебошад”.

Дар ин нишасти якрӯза инчунин мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавосанҷӣ ва Раиси барномаи “СММ-Об” Мишел Жарро иштирор карданд. Дар ҳошияи маросими муаррифӣ дар долони қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи “Об дар қалби илм” созмон дода шуд.
XS
SM
MD
LG