Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон беҳтарин гӯшаи ҷаҳон барои мушоҳидаи гирифтани Моҳ


Моҳ ҳангоми ҳаракати Замин байни он ва Офтоб аз "ҳиҷолат" сурх мешавад.
Моҳ ҳангоми ҳаракати Замин байни он ва Офтоб аз "ҳиҷолат" сурх мешавад.

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шаби 27-уми июли имсол беҳтарин гӯшаи ҷаҳон барои мушоҳидаи гирифтани моҳ хоҳад буд. Ба гуфтаи мунаҷҷимон гирифтани моҳ имсол дарозтарин дар қарн хоҳад буд ва бештар аз 1 соату 40 дақиқа идома мекунад.

Гирифтани моҳ падидаи нодири кайҳонист ва замоне сурат мегирад, ки Замин аз байни Офтоб ва Моҳ ҳамсафари зебояш ҳаракат мекунад ва шумо сояи курраи азимеро, ки болояш истодаед, дар рӯи “моҳи” Моҳ мебинед.

Аммо вақте сояи Замин рӯи Моҳ меафтад, ҳамсафари саёраи мо на сиёҳ, балки аз “шарм” сурх мешавад ва аз ин рӯ чунин моҳро “Моҳи хунин” ҳам меноманд. Агар мехоҳед, яке аз нодиртарин ҳодисаи асрро бубинед, пас то соати 11 шаб нахобед ва агар мехоҳед, номатон дар таърих бимонад, аксу видеҳои зебои Моҳро бигиред ва ба Радиои Озодӣ бифристед. Аксу видеҳои зеботаринро дар вебсайт бо номи шумо нашр мекунем.

Барои мушоҳидаи хуб ва гирифтани акси зебо бояд ҳар қадар аз рӯшаниҳои дигар ба мисли рӯшании чароғ дуртар равед. Баландиеро интихоб кунед, то дарахте, хонае, ё симчӯбе пеши чашму дастгоҳи аккосӣ ва ё наворбадории шуморо нагирад.

Аксу видеоҳои худро метавонед аз тариқи телефони ИМО, Вотсапп, Вайбер ва ё Телеграмм ба мо фиристед. Ба ин шумора +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG