Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯҳрат Қудратовро озод мекунанд, вале... САДО


Замони боздошти Шӯҳрат Қудратов

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои шинохта ва яке аз аъзои ҳизб рӯзи 26-уми августи имсол аз зиндон озод карда шавад.

Раҳматулло Зоиров, дар як паёми кӯтоҳе, ки дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, мегӯяд, чанд рӯз пештар, аз Додситонии кулл ва Вазорати адлияи Тоҷикистон чанд нома гирифта, ки дар онҳо омадааст, бар асоси қонун Шӯҳрат Қудратов, бояд рӯзи 26-уми августи соли 2018 озод шавад.

Шӯҳрат Қудратов, узви раёсати ҳизби мазкур ва аз ҷумлаи вакилони дифоест, ки дар қазияҳои пурсарусадо, ба мисли қазияи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, язнаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ ҳимоят кардааст.

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зойиров, рӯзи 21-уми январ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳамчун раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва ҳуқуқшинос бо хулосаи вазорат ва додситонӣ дар бораи озод накардани Шӯҳрат Қудратов розӣ нест, чун “Ин хулосаҳо на танҳо баҳснок, балки комилан беасос мебошанд”.

Ба қавли ҳуқуқдони тоҷик, Шӯҳрат Қудратов бар асоси қонуни авф бояд як сол ва ё ҳадди аққал чанд моҳ пеш озод карда мешуд. Раҳматулло Зоиров ҷузъиёти номаҳои додситонӣ ва вазорати адлияро дар бораи таъхир дар озод кардани Шӯҳрат Қудратов шарҳ надодааст, вале гуфтааст, ки “Дар асоси мактубу хулосаҳои мазкур ва фактҳои ҳуқуқӣ, воқеии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шӯҳрат Қудратов дар давоми се рӯз ба унвони омбудсман, раиси Суди олӣ, прокурори генералӣ ва вазорати адлияи Ҷумҷурии Тоҷикистон хулосаи ҳуқуқии худро пешниҳод мекунам.”

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, Шӯҳрат Қудратовро бидуни таъхир ва фавран аз зиндон озод кунанд. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо худи Раҳматулло Зоиров дар бораи ваҷҳу асосҳои ӯ барои озод кардани Шӯҳрат Қудратов сӯҳбат кунад, вале Шокирҷон Ҳакимов, муовини ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ Раҳматулло Зоиров ба унвони вазорат ва додситонӣ дар бораи сарнавишти Шӯҳрат Қудратов нома фиристода буд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:55 0:00
Линки мустақим

Худи Зоиров дар гузашта гуфтааст, ки Шӯҳрат Қудратов бояд бар асоси қонуни авфи соли 2017 озод мешуд, “аммо номи ӯро ба феҳристи афвшавандаҳо ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дохил накарданд.

Вакили тоҷикро, ки имрӯз 41-сола шуд, соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки Шӯҳрат Қудратовро, ки бо лаҳни тунде аз амалкардҳои ҳукумат интиқод мекард, барои дигарандешиаш ба зиндон андохтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва аз ҷумла Порлумони Аврупо ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Шӯҳрат Қудратовро аз зиндон озод кунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG