Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷониби Тоҷикистон розӣ шудааст, ки барои равуои мактаббачаҳои қирғиз дар деҳаи Садаи ноҳияи Лайлак, 5-километрии Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як пули нуҳметрӣ созад.

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 8-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созиш баъди музокира бо ҳайати Қирғизистон ба раҳбарии муовини раиси вилояти Бодканд ҳосил шудааст.

Назирӣ гуфт, мактаббачаҳои қирғиз барои онки ба дарс бираванд, бояд

Дар бораи сар задани баҳсе дар миёни намояндагони ду қаламрави марзӣ рӯзи 8 феврал ба Радиои Озодӣ сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

ду километр роҳро тай кунанд. Ҳоло тасмим шудааст, дар наздикии мактаб болои наҳре, ки аз марзи ду кишвар мегузарад, пули нуҳметрӣ сохта шавад ва аз он ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо истифода намоянд.

“Ин минтақа шартан ҳудуди Қирғизистон номида мешавад. Ҳафт гектар масоҳат дорад. Аммо баҳсӣ аст, ҳанӯз мушаххас нашудааст. Мо ёрӣ мекунем, ки як пул сохта шавад ва равуо осон гардад. Ҳузури сарҳадбонҳо дар онҷо зарур нест”, - шарҳ дод раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Вазъ ором аст

Ин тавофуқ баъди он ҳосил шуд, ки субҳи 8 феврал ҷониби Қирғизистон талош кард аз болои наҳрчаи маҳаллӣ як пули худсохт (контейнерный мост) созад. Ин ҳодиса субҳи панҷшанбе нигаронии марзбонҳои тоҷикро ба бор овард. Назир Зарифӣ гуфт, “ҳозир шудани мақомоти сарҳадбонӣ ба маҳалли баҳсӣ боиси сар задани овозаҳо миёни сокинон дар бораи муноқиша гаштааст”.

Дар асл, ба гуфтаи ӯ, вазъият дар марз ором аст ва муноқишае рух надодааст.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст
Ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст

Қаблан масъулини Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар миёни намояндагони ду кишвар музокирот ҷараён дорад.

"Тоҷикистон ду гузаргоҳи марзиро баст"?

Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, низ рӯзи 8-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вазъ дар сарҳадро муътадил арзёбӣ кард, вале гуфт, Тоҷикистон ду гузаргоҳи марзиро баста, нирӯҳояшро дар наздикии деҳаи Сада афзоиш дод. Вай гуфт, ки дар паи ин ҳодиса дар марз миёни намояндагони мақомоти ду кишвар музокирот барпо шуд, то ки аз ихтилофҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад.

Вале масъулини Хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки марз боз аст ва сухан танҳо сари музокироти ҷонибҳо меравад.

Дар бораи сар задани баҳсе дар миёни намояндагони ду қаламрави марзӣ рӯзи 8 феврал ба Радиои Озодӣ сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Тавофуқи ду раҳбар барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳо

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд. Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

Мақомоти ҳарду кишвар пайваста таъкид мекунанд, ки ҳама гуна саволу баҳсҳо дар марз бояд аз роҳи музокирот ҳаллу фасл шавад.

Ҳадафи яке аз 8 санаде, ки ҳафтаи гузашта раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон – президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Душанбе имзо карданд, маҳз ҷилавгирӣ аз ҳамин гуна муноқишаҳо аст. Ин санад “Барномаи ҳамкорӣ байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дар солҳои 2018-2020” унвон дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG