Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба хабарнигори Радиои Озодӣ барои инъикоси ифротгароӣ. ВИДЕО


Дар як озмуни Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар шаҳри Душанбе, Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори Радиои Озодӣ баранда эълон шуд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо ба барандагони озмуни "Беҳтарин инъикосгари масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон" рӯзи ҷумъаи 15 декабр дар толори Пойтахт 90 ва ба ибтикори Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё ва сармоягузории сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки дар он мақомот, масъулони созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ ва хабарнигорони тоҷик ширкат доштанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Суғд ба унвони барандаи ҷойи аввал барои “қиссаи роҳи бозгашти дурудароз ва пурмашаққати як ҷавони тоҷик ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдакаш аз Сурияву Ироқ ба ватан”гардид.

Ҷоиза ба хабарнигори Радиои Озодӣ барои инъикоси ифротгароӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Ҳамчунин Саодат Исмоилӣ, сардори дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Ашт низ ҳамчун барандаи мақоми аввали озмун дониста шуд. Барои ҷойи аввал ҷоизаи махсуси озмун ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ таъйин шудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хатлон Орзу Карим ҳам барои ширкат дар озмун ситоиш шуд
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хатлон Орзу Карим ҳам барои ширкат дар озмун ситоиш шуд

Ҷойи дуюм дар озмун ба хабарнигорони тоҷик - Саидраҳмон Назриев ва Зокири Ҳасан ва ҷойи сеюм ба Фарзонаи Умаралӣ, хабарнигори ҳафтаномаи "Фараж" сазовор дониста шуд. Мукофот барои ҷойи дуюм ва сеюм мутаносибан 400 ва 300 долларӣ буд.

Инчунин ҷоизаҳои махсуси Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ барои касбияти журналистӣ, барои беҳтарин инъикосгари мавзӯи ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, инчунин барои дастгирии ҷавонон таҳия ва тақдим шуданд.

Озмун дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” барпо шуда ва аз як соли пеш миёни журналистон барои таҳияи матлабҳои ҷолиб дар ин замина эълон шуда буд.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ дар муддати як соли озмун 36 журналист аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон беш аз 100 матлаберо дар заминаи ифротгароӣ ба доварон пешниҳод карданд.

Ҳадафи аслии озмун боло бурдани огаҳии мардум аз хатари ифротгароӣ ва ҳамингуна ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ будааст. Дар Тоҷикистон солҳои ахир садҳо нафарро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ба зиндон андохтаанд.

Бештар аз 1000 нафар аз сокинони Тоҷикистон низ ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG