Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистон 11 сол ҳукми М.Исмоиловро "бераҳмона" меноманд


Муҳаммадюсуф Исмоилов.
Муҳаммадюсуф Исмоилов.

Сарони созмонҳои журналистии Тоҷикистон 11 сол ҳукми зиндони хабарнигор Муҳаммадюсуф Исмоиловро "беш аз ҳад" хонда, маҳкум мекунанд.

Акбаралии Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон 11 сол ҳукми зиндони Муҳаммадюсуф Исмоиловро «ғайриодилона ва бераҳмона» арзёбӣ кард. Акбаралии Саттор гуфт, ки 11 соли маҳрумият аз озодӣ барои тамаъҷӯӣ бисёр ҳукми золимона аст ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳатман дар як ҳамоиш ин масъаларо баҳс хоҳанд кард. «Ман комилан норозиам ва мехоҳам ки ҳукм нисбат ба ин рӯзноманигор бозбинӣ шавад,» - афзуд Акбаралии Саттор.

Нуриддин Қаршибоев раҳбари НАНСМИТ, ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳукми додгоҳро қулф задан ба даҳони мардум ва фишор ба озодии баён номид. Оқои Қаршибоев гуфт, онҳо даъво надоранд, ки Исмоилов комилан бегуноҳ аст, вале бояд додгоҳ ӯро ба андозаи амалаш ҷазо медод. Раҳбари НАНСМИТ бо таассуф афзуд, «Муҳаммадюсуф пас аз раҳоияш аз боздошт дар соли 2011 ҳарфҳои моро гӯш надод ва онро ҳамчун қаҳрамонӣ сӯъиистифода кард.» Нуриддин Қаршибоев ҳам мегӯяд, созмонҳои журналистӣ ҳукми додгоҳро маҳкум мекунанд ва умедворанд, ки додгоҳи таҷдиди назар нисбат ба ин рӯзноманигор адолати бештар нишон хоҳад дод.

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябр дар ноҳияи Ашт рӯзноманигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Садриддин Саидов, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ҳатман ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд. Ҷаноби Саидов афзуд, ки додгоҳ ҳама далелҳои пешовардаи ҷониби ҳимояро ба назари эътибор нагирифт.

Ба қавли ҷаноби Саидов, рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов бар иловаи 11 соли маҳрумият аз озодӣ, барои 5 сол аз фаъолияти рузноманигорӣ маҳрум карда шуда ва барои кӯшишҳои тамаъҷӯияш 6 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Муҳаммадюсуф Исмоилов 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд. Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар додгоҳи ноҳияи Ашт шурӯъ шуда буд. Оқои Исмоилов ба «тамаъҷӯӣ» ва «қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ» муттаҳам дониста мешавад.

Додситонӣ моҳи сентябр ба дунболи анҷоми тафтиши аввалияи парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, алайҳи вай иттиҳоми нави “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” пешниҳод карда буд. Ин дар ҳолест, мақомот замони боздошти дубораи ин рӯзноманигор дар охири моҳи июни соли равон эълон дошта буданд, ки ин навбат дастгир шудани Исмоилов ба фаъолияти касбии вай рабте надорад. Вай бо арзи як хонум ва вақти бо таҳдиди чопи мақолаи бадномкунанда аз вай каме пул гирифтан дастгир шудааст.

Вакили дифои Исмоилов Фахридин Худойбердиев қаблан ба Озодӣ гуфта буд, додситонӣ зерҳимояашро баъд аз боздошт аввал танҳо бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ”, мутобиқи қисми 1-и моддаи 150–и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор кардааст. Сипас ба он иттиҳоми нави “қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” ва ҳамакнун қисми дигари ин модда - “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ”-ро низ илова кардааст. Ҳамин тавр, ба таври ғайримустақим ҳам бошад, билохира мақомоти тафтиш эътироф доранд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов то замони дастгир шуданаш ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буд.

Ба гуфтаи Худойбердиев, Исмоилов замони наздик ба боздошташ мақолаи “Ура! Президент ба Ашт меояд” ва ба гуфтаи як манбаи дигар, мақолаи дигари “Ашт Африка мешавад”-ро замони наздик ба боздошташ ба нашр расонидааст. Дар ин мақолаҳо, ки гуфта мешавад яке дар рӯзномаи "Имрӯзнюс" дигаре дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" нашр шуда буд, мақомоти пешинаи ноҳияи Ашт барои фаъолияти суст ва харобии роҳҳову муасссисаҳои иҷтимоии маҳал зери танқиди шадид гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG