Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султони Ҳамадро дар оромгоҳи Сари Осиё дафн карданд. ВИДЕО


Султони Ҳамад, хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик, ки дар 68-солагӣ даргузашт, рӯзи 7-уми июн дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе ба хок супурда шуд. Ӯ дар замони шӯравӣ ба воя расида, шоҳиди ҷанги хонагии тоҷикон ва хидматгузори фарҳангу ҳунар буд.

Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Султони Ҳамад шоми 6-уми июн дар хона ва дар миёни фарзандону наздиконаш ҷон додааст. Фарзандаш Аҳмад гуфт, Султони Ҳамад гирифтори саратони меъда буд ва тайи 8 моҳи ахир аз ин беморӣ ранҷ кашидааст.

Хабарнигори шинохтаи тоҷик дар охири солҳои 90-ум сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, як ниҳоде буд, ки тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва роҳҳои хотима додан ба ҷанг ва ба кишвар баргардонидани паноҳҷӯёни тоҷик аз хориҷро баррасӣ мекард.

Нуруллои Абдулло, ҳунарпешаи тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Даргузашти Султони Ҳамад зарбае ба фарҳанг дар Тоҷикистон аст. Ӯ аз зумраи афроде буд, ки рафтораш намунаи ибрат барои ҳазорон нафар аст."

Мухтор Боқизода, хабарнигори тоҷик, аз Султони Ҳамад ба ҳайси фарде ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ: "Дар зинда нигаҳ доштани номи шахсиятҳои нотакрори тоҷик корҳои арзандае анҷом додааст."

Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори дигари тоҷик гуфт, орзуи Султони Ҳамад ин будааст, ки навиштану таҳқиқро идома бидиҳад, вале марг ба ӯ имкон надод.

Султони Ҳамадро дар оромгоҳи Сари Осиё дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Султони Ҳамад, ки солҳои 1992 то 1997 ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷик дар Афғонистон зистааст, соли 2004 ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин кишвар сафар кард ва наздик ба як сол аз он ҷо гузориш медод.

Султони Ҳамад
Султони Ҳамад

Ӯ бо бисёре аз раҳбарону сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла президент Бурҳонуддини Раббонӣ, Қаҳрамони Миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳамсангарони ӯ Муаҳммадфаҳими Қасим, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигарон аз наздик ошно буд.

Моҳи феврали соли 2005 ӯ дар раҳоии ду афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки аз тарафи қочоқбарон рабуда шуданд, саҳм гирифт. Вай ҳамчунин дар моҳи апрели ҳамон сол сафари расмии серӯзаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Афғонистон ба гунаи муваффақ бозтоб дод.

Султони Ҳамад дар маросиме ҳузур пайдо кард, ки дар он шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон нишонаи "Аҳмадшоҳи Масъуд"-ро ҳамчун рамзи сипос аз мардуми Афғонистон тақдим намуд.

Пас аз поёни давраи корияш дар Афғонистон Султони Ҳамад ба Душанбе бозгашт ва муддате шореҳу коршиноси Радиои Озодӣ буда, дертар торнамои иттилоотию фарҳангии “Рӯзгор”-ро бунёд гузошт ва ҳам машғули корҳои фарҳангӣ шуд.

Нахустин корҳои фарҳангияш низ дар Радиои Озодӣ пахш шуда, ӯ беш аз ҳама ба таҳқиқи осори ҳунарии Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи Шарқ машғул гашт. Натиҷаи ин ҷустуҷӯҳо силсилае шуд дар бораи зиндагӣ, ҳунар ва мероси Аҳмад Зоҳир, ки аз соли 2005 ба ин сӯ зери унвони "Султони қалбҳо", "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" ва "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" мунташир гашт.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG