Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозимҷон бо "пул" ҷопониҳоро тасхир кард


Nozimjon Madiboev
Nozimjon Madiboev

Ширкат дар як озмун баъди 4 соли омӯзиши забони ҷопонӣ, Нозимҷон Мадибоев як ҷавони тоҷикро ба орзуи деринааш, яъне сафар ба Ҷопон наздик кард.

Нозимҷон Мадибоев, донишҷӯи соли 4 - уми Донишкадаи забонҳо моҳи октябр дар Маскав дар озмуни беҳтарин наттоқӣ забони ҷопонӣ пирӯз шуд ва акнун қарор аст, ба Ҷопон биравад. Аз миёни 19 донишҷӯ аз 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доварон Нозимҷонро беҳтарин донистанд.

Озмун 28- уми октябр дар Маскав баргузор шуд. Нозимҷон, донишҷӯйи факултаи тарҷумони забони ҷопонӣ мегӯяд, шарти аслии ширкат дар озмун, иншо дар мавзӯи озод бо забони ҷопонӣ ва санъати наттоқӣ буд.

Барои мақолаам мавзӯи муҳим интихоб кардам. Номи мавзӯям ин буд, “Ба пораи қоғаз имкон надиҳед шуморо идора кунад.

“Барои мақолаам мавзӯи муҳим интихоб кардам. Номи мавзӯям ин буд, “Ба пораи қоғаз имкон надиҳед шуморо идора кунад”. Дар озмун ба тарзи баёни мо таваҷҷӯҳ мешуд ва ҳамчунин суолу ҷавоб бо забони ҷопонӣ” – гуфт, Нозимҷон ба Радиои Озодӣ

Дар матлаби худ бо забони ҷопонӣ, Нозимҷон роҳҳои беҳтар ва дурусти истифодаи пулро пешниҳод кардааст ва тавсия додааст, ки набояд пул инсонҳоро, балки инсон пулро идора кунанд.

Бо ба даст овардани ғолибият Нозимҷон акнун ба орзи деринаи худ мерасад. Ӯ имкони сафари дуҳафтаина ба Ҷопонро ба даст овард. Нозимҷон мегӯяд, сафар ба ин кишвар махсусан барои як донишҷӯ хеле мушкил аст, ва ӯ ҳамеша орзу мекард барои шиносоии бештар бо кишваре, ки забонашро омӯхтааст, ба Ҷопон сафар кунад.

Донишҷӯйи тоҷик мегӯяд, медонад, ки баъди хатми таҳсил дар дарёфти ҷойи кор аз рӯйи тахассус дар Тоҷикистон мисли аксар дигар донандагони ин забон мушкил хоҳад кашид.

Забони сахт ва ҷойи кори кам

“Истифода бурдани забони ҷопонӣ дар Тоҷикистон мушкил аст. Аниқатараш кор кам аст. Метавонем албатта ба Ҷопон рафта ҷойи кори хуб пайдо кунем, аммо сафар барои кору таҳсил ба ин кишвар осон нест. Ман ҳам имсол донишгоҳро хатм мекунам ва дар фикри ҷойи кору оянда ҳастам. Мехоҳам талош кунам ин ҷо дар ягон ширкат аз рӯйи ихтисос, яъне тарҷумони забони ҷопонӣ кор кунам”- мегӯяд, Нозимҷон.

Nozimjon Madiboev
Nozimjon Madiboev

Ба гуфтаи устдони Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ин аввалин бор аст, ки як донишҷӯйи тоҷик дар озмуни ҷаҳонии забони ҷопонӣ дар Маскав пирӯзӣ ба даст орад. Ҷаҳонгир Шарипов, омӯзгори Донишкадаи забонҳо, ки Нозимҷонро дар сафар ба озмун ҳамроҳӣ мекард дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 5-ум аст, ки донишҷӯёни тоҷик дар ин озмун ширкат мекарданд, аммо муваффақ намешуданд.

Ҷаҳонгир мегӯяд, омӯхтани забони ҷопонӣ душвор аст, вале мавзӯи матлаби Нозимҷон ва тарзи баёни ӯ бо забони ҷопонӣ ӯро дар ин озмун муваффақ кард.

Пирӯзии донишҷӯйи тоҷик дар озмуни забони ҷопонӣ байни 10 кишвар дар Маскав ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи устоди забони ҷопонӣ, донандагони ин забон дар Тоҷикистон каманд ва на ҳама донишҷӯёне ҳам, ки бахши тарҷумонии забони ҷопониро дар Донишкадаи забонҳо мехонанд, ба далели камбуди ҷойи кор то охир таҳсилро идома медиҳанд. Бо ин вуҷуд ба гуфтаи Ҷаҳонгир, устоди забони ҷопонӣ, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин забон ба оҳистагӣ меафзояд.

40 донандаи забони ҷопонӣ дар Тоҷикистон

“Муттахасисони ин забон ба осонӣ дар Тоҷикистон кор намеёбанд. Дар ин ҷо ҳамагӣ 30-40 ҷопонидон ҳаст. Бо вуҷуди норасоии муттахассису китоб ҳоло зиёданд, ҷавононе, ки ин забонро аз худ кардан мехоҳанд ва талош доранд, таҳсилро дар Ҷопон идома диҳанд. Мо ҷопонидонҳо мехоҳем, робитаи кишвари мо бо Ҷопон беҳтар шавад ва ширкатҳои Ҷопонӣ дар кишвари мо бештар шавад”мегӯяд, Ҷаҳонгир Шодиев, устоди забони ҷопонӣ дар Донишкадаи забонҳо.

Бахши забони ҷопонӣ дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон соли 2002 таъсис ёфтааст ва дар ҳар гурӯҳ аз 12 то 24 нафар таҳсил мекунанд. Устодон мегӯянд, ба фарқ аз забонҳои дигари хориҷӣ ҳоло ба далели мушкил дар пайдо кардани ҷойи кор довталабони забони ҷопонӣ камтаранд.

Дар Тоҷикистон феълан таваҷҷӯҳи ҷавонон ба забони англисӣ ва чиниву олмонӣ зиёд аст. Аксари ҷавонон талош мекунанд дар баробари таҳсил дар мактабу донишгоҳ ин забонҳоро дар курсҳои иловагӣ аз худ кунанд. Сафару таҳсил ба Ҷопонро ҳам аксар ҷавонон орзу мекунанд, аммо ба далели мушкил будани сафару таҳсил дар ин кишвар, на ҳама ба ин орзуи худ дастёб мешавад.

XS
SM
MD
LG