Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ҷашни алмосии Оғохон дар Душанбе. АКС


Исмоилиёни Тоҷикистон ҷашни алмосӣ ё 60-солагии ба тахти имомат нишастани Шоҳзода Карим Оғохони IV - чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии худро дар маркази исмоилияи Душанбе таҷлил карданд.

Имсол ҳам ин ҷашн бо барномаҳои фарҳангӣ маърифатӣ ва аёдати ниёзмандон таҷлил шуд.

Ҳидояту Самира ҳам ба ҷашн рафтанд

Ҳидоят Исматоваи 10-сола бо хонаводааш барои таҷлили ҷашни алмосӣ ба Маркази исмоилияи Душанбе рафта буд. Ӯ бо он, ки даҳ сол

Ман медонам, ки имсол ҷашни асосӣ ва маросими дидор бо Имоми Замон дар Португалия баргузор шуд

дорад, аҳамияти ин ҷашнро барои худ муҳим медонад. "Ҷашни алмосӣ ин рӯзи ба тахти имомат нишастани Ҳозиримом аст. Ин чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии исмоилиҳои ҷаҳон аст",- мегӯяд ин духтари ноболиғ.

Ҳидоят аз дарсҳои маърифату ахлоқ, ки дар хона мегирад, дар бораи раҳбари мазҳабии худ маълумоти кофӣ дорад. Ҳидоят танҳо наврасе нест, ки хуб медонад ба кадом хотир ба ин ҷашн омадааст. Аксари кӯдакони хонаводаҳое, ки пайрави мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистонанд, дар бораи пешвои ин мазҳаб ва нақши ӯ аз хурдӣ дар хона маълумот мегиранд.

Самира Илчибекова, навраси дигар хонандаи синфи ҳафтуми мактаби миёна аст. Ӯ ҳамроҳ бо дӯстонаш дар ҷашни алмосӣ хушҳолӣ мекард. Мегӯяд, бо ширкат дар лагерҳои бунёди Оғохон барои кӯдакон дар бораи Ҳозиримом маълумоти зиёд пайдо кардааст. Вай гуфт: "Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV пешвои исмоилиҳои ҷаҳон аст. Ӯ дар Париж зиндагӣ мекунад. Ман медонам, ки имсол ҷашни асосӣ ва маросими дидор бо Имоми Замон дар Португалия баргузор шуд».

Дарси ахлоқу маърифат дар хона

Волидоне, ҳам ки ба ин ҷашн бо кӯдакони худ омада буданд, гуфтанд дар бораи мазҳаби исмоилия ба фарзандонашон бештар худашон маълумот медиҳанд. Дар гузашта насли калонтари исмоилиҳо дар мактаб ва бар асоси китобҳои махсуси "ахлоқ ва маърифат" дар бораи ин мазҳаб меомӯхтанд.

Лола Сафарбекова, як сокини Бадахшон, ки барои таҷлили ҷашни алмосӣ ба Душанбе омадааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша дар бораи Имоми Замон ва арзишҳои мазҳаби исмоилия ба набераҳояш қисса мекунад. Вай мегӯяд, дар ин бора ӯ низ аз гузаштаҳои худ омӯхтааст. «Чизеро ки худам медонам, дар бораи Ҳозиримом ба бачаҳову набераам мегӯям. Доштани маълумот дар бораи мазҳаби исмоилия ва ҳам пешвои рӯҳонӣ хуб аст. Чун дар ҳама мазҳаб пайравони он ба наслҳои худ онро меомӯзанд".

Аксар волидон талош мекунанд, ба кӯдакони худ, ки дар шаҳрҳои дигар бузург мешаванд, дар баробари забон аз мазҳабу фарҳанги худ дур нашаванд. Ҳоло беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон ва Душанбеву баъзе навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ба сар мебаранд.

Имом дар мазҳаби исмоилия, ки пайравони он асосан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, раҳнамои динист. Исмоилиҳо мегӯянд, имом аз авлодҳои пайғамбари ислом Муҳаммад мебошад.

Зиёфати Маликаи Бритониё Елизавета ба истиқболи раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳкарим Оғохони Чаҳорум дар қасри Виндзор. 8 марти соли ҷорӣ
Зиёфати Маликаи Бритониё Елизавета ба истиқболи раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳкарим Оғохони Чаҳорум дар қасри Виндзор. 8 марти соли ҷорӣ

Пайрави исмоилияҳо мегӯянд, ҳарфи Имоми Замон барояшон ниҳоист ва танҳо ӯ хатти машши мазҳабро муқаррар мекунад.

Тибқи иттилои Бунёди Оғохон ҷашни алмосӣ, ки аз 11-уми июли соли гузашта оғоз гардида буд, дар шаҳри Лиссабон бо иштироки худи Шоҳзода Карим Оғохони IV ва даҳҳо ҳазор пайравонаш ҷамъбаст шуд. Дар доираи маросими ҷамъбастии ҷашни алмосӣ, Оғохони IV рӯзи 10-уми июл бо ироаи паём ба парлумони Португалия аз гузашта, ҳозира ва ояндаи ҷамоати исмоилиён ва ҷаҳон суҳбат кард.

Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон борҳо ба Тоҷикистон ҳам ташриф овардааст
Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон борҳо ба Тоҷикистон ҳам ташриф овардааст

Оғохони IV Португалияро беҳтарин ҷой барои ҷамъбасти ҷашни алмосӣ хонда, иттилоъ додааст, ки барои таҷлили 61-солагии имоматаш беш аз 40 ҳазор исмоилӣ дар ин кишвар ҷамъ омадаанд.

Шоҳзода Карим Оғохон дар баробари ин, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медиҳанд.

Ӯ соли 1967 Бунёди Рушди Оғохонро таъсис дод, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд саҳмияи сад дар садии ширкати мобилии “Tcell”-ро низ дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе" низ ба он марбут дониста мешавад. Бунёди рушди Оғохон соли гузашта дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG