Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Формулаи "инқилобҳои ранга" аз нигоҳи вазири амнияти Тоҷикистон


Саймӯмин Ятимов

Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар матлабе таҳти унвони "Идеология ва манфиати миллӣ", ки рӯзи 26 апрел дар сомонаи «Ҷумҳурият» - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд, аз паёмадҳои «ногувор»-и «инқилобҳои ранга» ҳушдор додааст.

Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар матлаби "Идеология ва манфиати миллӣ" дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» бидуни овардани мисолҳои мушаххас навиштааст, таъқиби манфиатҳо дар ин ё он кишвар «аз ҷониби бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ аз тирандозии «тӯби идеологӣ» дар самтҳои зарурӣ оғоз гардида, то расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ва пурра аз байн бурдани таваҷҷуҳ нисбати ҳамон ҳадаф идома меёбад.»

Муаллиф саҳнаи бозиҳои геополитикии дунёро ба «тахтаи бузурги шоҳмот» ташбеҳ дода, менависад, «чемпионҳо»-и ин майдон «аз лиҳози стратегӣ пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Дар бораи онҳо ҳама чӣ, ҳатто то тамоюли генетикӣ, этикӣ, нажодӣ ва дигар имкониятҳо, тавони ақлонию дурнамои ҳар миллатро аз нигоҳи захираҳои нерумандии инкишофёбиаш донанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатеро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ аз бар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан онро идора кунанд. Онҳо қаноатманд мешаванд, замоне, ки бо халқҳои «каммаърифат» ба ибораи дигар «содалавҳ» дучор меоянд, зеро «вақте ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст.»

Формулаи "инқилоби ранга"

ЯТИМОВ Саймумин Сатторович

АЗ сомонаи расмии президенти Тоҷикистон: ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои Европоӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Саймӯмин Ятимов меафзояд, як системаи мукаммали илмии роҳҳои ошкору пинҳони таъсиррасонии идеологӣ ба миллатҳо алакай мавҷуд аст ва «таҷрибаи инқилобҳои ранга, механизмҳои роҳандозӣ ба кор даровардан, инкишоф ва анҷоми мантиқии онҳо, ин ақидаро тақвият мебахшад. Зимни банақшагирӣ, идеологҳо ҳар як амалро, новобаста аз таъсири фоҷиабори он, ба тақдири миллати ба ҳайси ҳадаф интихобшуда, мӯшикофона коркард мекунанд.»

Муаллиф менависад, ин система ҳама тавсияҳои лозим барои анҷоми инқилобҳои рангаро аз нуқтаи аввал то хатти марра дорад, ки «киҳо бояд «муборизи озодӣ ва адолат», «рӯҳонии маъруфу арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ» ва «ватанпарасти дурӯғин» муаррифӣ гарданд, кӣ дар кадом ниқоб ҷой дода шавад, роҳҳои тафсири рӯйдодҳо ҷиҳати бештар намудани ҷаззобияти онҳо, нишон дода мешавад. Барои мисол, рӯйдодҳои дар нуқоти маълуми ҷуғрофӣ бавуқӯъпайваста, ки паёмадҳои ногувор доштанд, бо ибораҳои ҷаззоб аз қабили «баҳори араб», «инқилоби садбаргҳо», «инқилоби лолаҳо» ва ғайра ёд мешаванд. Барои дарёфти чунин номҳо маъмулан зеҳни мардуми одӣ, бекор ва заҳматкашони муқаррарӣ кифоят намекунад. Дар захираи луғавии онҳо чунин истилоҳоти дендрологӣ, ки имкони мушобеҳ карданашон ба мафҳумҳои идеологӣ мумкин бошад, вуҷуд надорад.»

Вазири амнияти Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар сурати ба ҳам омадани манфиати бозигарони беруна бо “мақсадҳои ғаразнок”-и афроду гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар дохили кишвар, ё ба таъбири оқои Ятимов, «материали инсонии камхарҷи маҳаллӣ» таҳаввули ҳодисот метавонад “ҳолати фоҷиабор” бигирад. Ин гурӯҳҳои дохилӣ, ба назари муаллиф, асосан аз хориҷ ҳидоят ва таъмини молӣ шуда, “мекӯшанд манфиатҳои нопок ва худхоҳонаашонро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд созанд. Чунин зуҳуроти шаклан идеологӣ, вале моҳиятан сиёсӣ ва деструктивӣ, ногузир ба бесарусомонӣ ва бетартибиҳо оварда, ба таври воқеӣ ба пойдории давлати миллӣ таҳдид мекунанд.” Саймӯмин Ятимов мушаххасан аз ягон минтақа ё кишваре ном намебарад, вале мегӯяд, “феълан дар нуқтаҳои доғи сайёра ҳолатҳои ба ҳамин монанд мушоҳида мешавад.”

Дин - бозичаи дасти қудратҳо?

Ба навиштаи муаллиф, сиёсӣ кардании аҳкоми динӣ низ ба як олати дигари таҳмили хостҳои бозигарони геополитикӣ табдил ёфтааст. Саймӯмин Ятимов мегӯядл, бо онки дар Ғарб ҳанӯз 300 сол қабл аз низоми давлатҳои динӣ ба фоидаи давлатҳои дунявӣ даст кашиданд ва”Ғарб аз ин пушаймон нашуд”, вале “ҳамзамон, ҳамин қадар сол бозигарони геополитикӣ талош меварзанд, ки теъдоди ками кишварҳо аз шакли давлатдории клерикалӣ дур шаванд, бахусус дар нимкурраи шарқӣ – мамлакатҳои мусулмоннишин. Барои нигоҳ доштани сатҳи баланди диндорӣ дар кишварҳои мавриди назар дастурҳои махсуси сиёсати хориҷӣ ҷой доранд.”

Вазири амнияти Тоҷикистон менависад, мазҳабишавии ҷомиаҳо дар кишварҳои мусалмонӣ махсус аз хориҷ таҳрику ташвиқ мешавад. Ӯ боз ҳам бидуни бурдани ягон ном даъватҳои мукаррари рӯҳониён аз кишварҳои мусалмонӣ ба кишварҳои Ғарбро як намунаи вуҷуди чунин дастурҳо меномад ва менависад: “Бо мақсади арзишнок нишон додани ин сиёсат, ходимони ҷудогона барои хондани лексияҳо ба донишгоҳҳои маъруфи Ғарб даъват мешаванд, ҳол он ки дар ватанашон онҳоро барои дар суханрониҳояшон набудани маънӣ ва мантиқи дурусти баён ҳатто ҳампешагонашон гӯш намекунанд.”
Муаллифи "Идеология ва манфиати миллӣ" аз ягон кишвари “бозигар” ҳам мушаххасан ном намебарад, вале ба ақидаи ӯ, ҳадаф ин аст, ки ба кишварҳои мусалмонӣ имкони расидан ба сулҳу суботи қоиму доим ва пешрафтҳои илмиву иқтисодӣ дода нашавад: “Бояд тавре амал кард, ки онҳо, бахусус мусулмонҳо, як умр саргарми худ ва мушкилоти дохилии хеш бошанд.”

Саймӯмин Ятимов аз ҷумла аз ҳодисоти ахири Ховари Миёна ёд мекунад ва онро натиҷаи “клерикалишавӣ (зиёд шудани таъсири ташкилотҳои динӣ)-и муносибатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ" меномад: “Бисёр идеологияҳо ихтироъ гардидаанд. Ба монанди ваҳҳобизм, салафизм, таҳриризм, толибизм ба бисёр «изм»-ҳои дигар, ки дар берун сохта шуда, дар миёни мусулмонон ворид карда шудаанд ва ба манфиати муаллифонашон – бадномсозони ислом ва халқҳои пайравони ин дини муқаддас хизмат карда истодаанд.”

Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?

Муаллиф инсонро мавҷуде таъриф мекунад, ки ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи шароити беҳтари зиндагист, вале ба бовари ӯ, бозигарони беруна аз ин иштиёқи инсонҳо низ сӯъиистифода бурда, мардумро ба кӯи гумроҳӣ меандозанд. Саймӯмин Ятимов менависад, бояд дар муқобили ин андешаи миллии бақуввате бошад, ки мардумро ба роҳи рост баргардонад. Ӯ ҳамин тавр, таҳияи шароити хуби иҷтимоиву иқтисодӣ, рушди иқтисодии кишвар ва боло бурдани сатҳи савод ва маърифати мардумро аз дигар дармонҳои зидди ҳар навъ майли ҷомиа ба “инқилобҳои ранга” мешуморад.

Аммо вазири амнияти Тоҷикистон боз ҳам ҷанбаи идеологиро дар ин “бозиҳои идеологӣ” муҳимтар дониста, ба нақши вижаи зиёиён дар амри таблиғи идеологияи миллӣ ва муқобила ба “паҳн шудани идея ва дидгоҳҳои аз берун таҳмил ва маблағгузоришаванда, ки ба инкишофу таҳкими давлатдории тоҷикон мусоидат намекунанд,” таъкид кардааст.
Аммо Саймӯмин Ятимов дар хулосаи мақолаи "Идеология ва манфиати миллӣ" амнияти идеологии давлатро дар ин муборизаҳо дар ҷои аввал гузошта менависад, “илми ватанӣ ва миллӣ бояд ҳатман дар роҳи шинохт ва фошсозии кӯшишҳои мифологӣ, догматикӣ ва экстремистӣ аз ҷониби неруҳои манфиатхоҳ, ки мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки хешро «аз ҳисоби рӯзи фардо» ва дигар шиорҳои авомфиребона амалӣ созанд, фаъолият барад.” Вагарна, менависад раиси КДАМ, «зиштрӯй ҳам метавонад дар оинаи каҷнамо дилписанд намояд». Амалияи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ин мисол шуда метавонад.

Аммо ин мансабдори баландпояи тоҷик дар ин матлаб асосан дар бораи омилҳои хориҷии "инқилобҳои ранга" сӯҳбат карда, аз омилҳои дохилие, ки заминаро барои норозигии ҷомиа аз ҳокимон фароҳам мекунанд, тақрибан ҳарфе нагуфтааст. Ин дар ҳолест ки як бахши аъзами таҳлилгарон нақши омили джохилиро назар ба унсури хориҷӣ дар чунин рӯйдодҳо боритар мешуморанд.

Шарҳҳоро бинед (80)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG