Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз гӯшти кабк то шарбати "Президент". Зиёфати Э.Раҳмон ба раиси ҷумҳури Ҳинд. АКС


Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд, Душанбе, 8-уми октябри 2018
Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд, Душанбе, 8-уми октябри 2018

Санбӯса бо гӯшти гӯсфанд ва бо каду, кабоб аз гӯшти кабк, пешхӯрок бо қафаси синаи бедона ва шарбати “Президент”. Номгӯи баъзе аз ғизоҳоест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, меҳмони олирутбааш аз Ҳинд, раиси ҷумҳур Шри Рам Натҳ Ковинд ва ҳамроҳони ӯро зиёфат кард.

  • Дар феҳрасти ғизоҳои зиёфати расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки шоми 8-уми октябр дар Душанбе сурат гирифт, дар умум 16 навъи хӯрок ва ширинӣ зикр шудааст.
Дар зиёфати давлатӣ ба меҳмонон аз Ҳинд, баъд аз хӯроки асосӣ, тарбузу харбуза, анвои гуногуни мева пешниҳод кардаанд.

"Чакка бо пиёзи сурх"

Феҳрасти “банкети президент” ваё зиёфати давлатиро Ашок Малик, сухангӯи раиси ҷумҳури Ҳинд шоми 8-уми октябр дар дар саҳифаи хусусиаш дар Твиттер нашр кард. Бори аввал аст, ки номгӯи ғизоҳои мизи оростаи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро меҳмононаш нашр мекунанд.

Дар рӯёхат ва ё меню, ки бо забони англисӣ аст, ҳамчунин чакка бо пиёзи сурх, санбӯсаи кадугӣ, манту бо гӯшти гӯсфанд, қабурғаи гӯсфанд, палав бо равғани зайтун ва гӯшти гусфанд, шӯрбо бо гӯшти филмурғ, палав бо гӯшти мурғ ҳам зикр шудааст.

Саромади "самосаи ҳиндӣ"​

Ашок Малик, ҳамчунин акси санбӯсаеро дар табақи худаш нашр карда ва гуфтааст, “Санбӯса, саромади “самосаи ҳиндист, ки ғолибан дар ин минтақа офаридаанд”.

Акси дигаре, ки Ашок Малик дар саҳифааш дар Твиттер гузоштааст, акси ду мантуи ба қавли худи ӯ гӯшти гусфанд аст. Онҳое, ки навиштаҳои сухангӯи раиси ҷумҳури Ҳиндро хонда ва аксҳояшро дидаанд, гуфтаанд, ки “хушмазза ба назар мерасанд”.

Яке аз корбарони дигар навиштааст, “дар зоҳир самосаи мо (ҳиндӣ) зеботар ба назар мерасад, аммо шумо бояд таъмашро бигӯед”.

"Фарди камхӯр аст ва сабзиҷотро меписандад"

Сухангӯи раиси ҷумҳури Ҳинд нагуфтааст, ки Шри Рам Натҳ Ковинд, кадоме аз он ғизоҳоро интихоб кард, вале ба навиштаи расонаҳои Ҳинд ӯ як фарди камхӯр аст, ки сабзиҷотро меписандад ва баъди расидан ба мақоми раиси ҷумҳур ба ошпазҳояш гуфтааст, ғизоҳои содда ва бидуни адвиёти зиёд омода кунанд.

Нашрияи мӯътабари “Ҳиндустон Таймс” дар соли 2017 аз қавли як манбаъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ навиштааст, ки “раиси ҷумҳур нагуфтааст, ки кадом хӯрокеро меписандад. Сабзиҷоти гуногунро дӯст медорад. Аммо возеҳ аст, ки ба миқдори намак аҳамият медиҳад. Ва дастур ин аст, ки дар ғизоҳои ӯ ҳар қадар ки бошад, камтар намак бизананд.”

Шояд бо назардошти ин аст ё меъёри муқаррарӣ, ки дар воқеъ дар садри феҳрасти ғизоҳои зиёфат барои раиси ҷумҳури Ҳинд, “ассортии сабзиҷот”, сипас “чакка бо пиёзи сурх” ва нон пешниҳод кардаанд.

20 миллион доллар кумаки Ҳинд ба Тоҷикистон

Дар зиёфати давлатӣ ба меҳмонон аз Ҳинд, баъд аз хӯроки асосӣ, тарбузу харбуза, анвои гуногуни мева пешниҳод кардаанд. Азбаски дар Ҳинд гов ҳайвони муқаддас ба ҳисоб меравад, мақомоти Тоҷикистон бо риояти муқаррароти дипломатӣ, ба меҳмонон гӯшти гов пешниҳод накардаанд.

Дар феҳраст ҳамчунин шарбати "Президент" низ ҳаст ва як нафар аз сухангӯи раиси ҷумҳури Ҳинд хостааст, бигӯяд, ки шарбати "президентӣ" аз чӣ таркиб ёфтааст.

Шри Рам Натҳ Ковинд, раиси ҷумҳури Ҳинд рӯзи 7-уми октябр бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд ва рӯзи 8-уми октябр бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон доир ба ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард. Баъди ин мулоқот, мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Ҳинд ба Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ 20 миллион доллар кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG