Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Маҳмадалиев: "Ҳарими ҳавоии Узбакистонро убур накардаем"


Мақомоти тоҷик хабари ғайриқонунӣ убур кардани чархболҳои қушунҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Узбакистонро, радд мекунанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки изҳороти мақомоти Узбакистон дар бораи он, ки гӯё чархболҳои вазорати дифои Тоҷикистон то ба наздикии Тошканд ғайриқонунӣ парвоз кардаву то ба 1 соат дар фазои он гаштаанд, асосе надорад.

Ба гуфтаи оқои Маҳмадалиев, рӯзи гузашта танҳо парвозҳои таълимӣ гузаронда шудааст, ки аз марзи Тоҷикистон берун нарафтаанд. Вай гуфт, «ин танҳо парвозҳои таълимии маъмулӣ буданд.»

Ба навиштаи портали хабаргузории 12uz.com-и Узбакистон, рӯзи 27-уми ноябр 3 чархболи қушунҳои ҳарбии ҳавоииТоҷикистон марзи ҳавоии Узбакистонро дар ноҳияҳои аҳолинишини Қизилмазор, вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияиҳои вилояти Сирдарё убур кардааст.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз манобеи худ аз мақомоти қудратии Узбакистон гуфтааст, парвози ин чархболҳо ҳамчунин дар ноҳияи Бекободи вилояти Тошкент мушоҳида шудааст ва ҳудуди 1 соат дар ҳарими ҳавоии Узбакситон парвоз кардаанд.

Аммо масъулони Вазорати дифоъ мегӯянд дар минтақаи вилояти Суғд қушунҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ чун ҳарвақта парвозҳои таълимӣ гузарондаанд ва ғайриқонунӣ марзи ҳавоии Узбакистонро убур накардаанд.
XS
SM
MD
LG