Кӯшиши дастаҷамъона барои покиза кардани оромгоҳи деҳа дар рӯзи 8-уми август, натиҷаи баръакс дод, чун қисме аз оромгоҳ ба сабаби беэҳтиётӣ оташ гирифт ва сӯхт. Як корбари вебсайти Радиои Озодӣ, видеоеро аз ин оромгоҳ фиристод, ки нишон медиҳад, алафзори хушки гӯристон оташ гирифтааст ва ҷавонон саъй мекунанд, бо шохаҳои дарахт оташро фурӯ нишонанд.
Дар видео дида мешавад, ки атрофи баъзе аз гӯрҳо сухтаанд ва оташ дар як қисмат ба ҳадде аланга мезанад, ки мардуми ба таҳлука афтода ба он наздик шуда наметавонанд. Корбаре, ки видеоро ба Радиои Озодӣ тавассути Вайбер фиристод, ба мо навишт: “Баъд аз намози чумъа мардумони деҳаи Ёвони ноҳияи Айни хостанд, гӯристонро тоза карда, арвоҳи гузаштагонашонро шод гардонанду дуову фотеҳа кунанд, аммо дар байни ҳашарчиҳо кадоме алафҳои хушкшударо оташ заду ҳамаро сӯзонд.”
Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Қурбон ва Рамазон пок кардани гӯрҳои гузаштагон як расм аст. Азбаски пок кардани атрофи гӯрҳо аз алафу гиёҳҳои худрӯй, зиёд роиҷ нест, баъзе аз оромгоҳҳоро алафи анбӯҳ зер мекунад ва тобистон хатари оташ гирифтани он зиёд мешавад.
Иди Қурбон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми август таҷлил мешавад.