Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар синни шумо андаке аз 30 гузашт… ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон агар синни духтар аз 30 гузашту шавҳар накард, ба найрангу фиреб рӯ ба рӯ мешавад, таҳқир мешунавад ва аз атрофиён дилсӯзӣ мебинад, ки мегӯянд, "бечора шавҳар наёфт".

  • Дар ҷомеаҳои суннатии шарқӣ духтарон то синну соли муайян арӯси хостанӣ ба ҳисоб мераванд. Дар Тоҷикистон ин ақида вуҷуд дорад, ки духтарони аз 29-сола боло шавҳар пайдо карда наметавонанд.
Мардум фикр мекунанд, ки дар ин синну сол агар шавҳар наёфтӣ, пас, мушкиле дорӣ. Яъне ноқис ҳастӣ.

"Бояд ё аз беақлии зиёд ё баъди ошиқи шайдо шудан издивоҷ кард. Баъд издивоҷ сол ба сол сахту сахттар мешавад", – мегӯянд бибиҳову холаҳои зиёде дар Тоҷикистон.

Махфӣ нест, ки дар Тоҷикистон издивоҷ дар 19-солагӣ дар муқоиса ба 29-солагӣ бисёр осон аст. Ва ин чанд сабаб дорад.

  • Сабаби аввал. Мухолифат накардану эрод нагирифтан ва мутеъ будан ба шавҳари оянда. Орзуи ҷашни арӯсӣ ва орзуи муносибати ошиқонаву зебо бо дӯстдошта.
  • Сабаби дуввум. Ҷаҳидан ба ҷарӣ бо такя ба ҷасорати ҷавонӣ ва бо бовари “зиндагӣ бо дӯстдошта дар хайма мисли зиндагӣ дар биҳишт аст.”
  • Сабаби саввум. Синну сол. Дар ҷомеаҳои суннатии осиёӣ ва шарқӣ духтари 19-сола, духтари омода ба зиндагӣ ва таваллуди кӯдак аст. Дар ҷомеаҳои дигар, духтари 19-сола, наврасест, ки гузариш ба давраи балоғатро тамом кардааст. Аз ин рӯ дар Осиё чунин мешуморанд, ки издивоҷ ҳар қадар зуд бошад, ҳамон қадар беҳтар аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Агар синни шумо андаке аз 30 гузашт…
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

"Ҳамин барои худат як кӯдак мекардӣ"

Духтарони бузургсолтар мегӯянд, ҳама чиз вақти мувофиқ дорад. Онҳое, ки ба 30 расидаанд, мегӯянд, таваққӯи онҳо аз ҳамсари оянда тамоман дигар аст. Баъзеи дигар мегӯянд, ҷомеа аслан ин ақидаро қабул надорад, ки шавҳар кардан мақсади ниҳоии зан нест.

"Ман мактабро зуд тамом кардам, ба донишгоҳ шомил шудам ва унвони магистр гирифтам. Ба зудӣ номзади илм мешавам, дарс медиҳам, тарҳҳои гуногунро иҷро мекунам ва ҷаҳонро гаштаам", - мегуяд, Мадина, сокини Душанбе.

Ба қавли Мадина, дили атрофиён ба ӯ месӯзад, ки ба 34 расида ва натавонистааст, ҷуфте барои худ пайдо кунад. "Онҳо намегӯянд, ки офарин, баръакс оҳ мекашанд, ки зиндагиам сомон наёфт. Ман дигар ба ҷашнҳои арӯсиву идҳо намеравам, чун хешовандон ҳамла мекунанд, ки як кӯдак медоштӣ, ё дигар фурсат аз даст рафт. Аз он нороҳат мешавам, ки маро бисёр пир мешуморанд", - мегӯяд, Мадина.

"Ман такягоҳ мехоҳам, на зургӯ"

Фарзона 29 сол дорад ва аз як маҳаллаи хурде аз шимоли Тоҷикистон аст. Соли 2007 ба донишгоҳ шомил шуд, мустақилона кор ёфт, ихтисоси дувуми олӣ гирифт ва ҳамчунон карйера месозад. Ӯ эътироф мекунад, ки сол ба сол пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ сахттар мешавад ва бахусус агар синни инсон аз 30 бигзарад.

"Мардум фикр мекунанд, ки дар ин синну сол агар шавҳар наёфтӣ, пас, мушкиле дорӣ. Яъне ноқис ҳастӣ. Дар ҳар ҳолат худат гунаҳкор ҳастӣ, ки 30-сола шудӣ ва шавҳар накардӣ", - мегӯяд Фарзона. Ин духтарон мегӯянд, ҷавонон бештар духтарони синну соли хурдтарро меписанданд, то дар зиндагии оилавӣ аз ӯ мухолифати камтар бубинанд.

Фарзона ҳам чунин мардеро намехоҳад ва ба касе бартарӣ медиҳад, ки таҳсилоти олӣ дошта бошад, зиндагиро омӯхтааст ва дар зиндагӣ такягоҳаш бошад.

Шарҳҳоро бинед (32)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG