Пайвандҳои дастрасӣ

Сталин онҳоро ба Тоҷикистон ронд ва танҳо гузошт. ВИДЕО


Анна Сенер

Волидони Бемм Неллӣ, зани 53-солаи олмонитаборро маҳз бо фармони Сталин соли 1941 маҷбуран аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҳукумати шӯравӣ ҳарос дошт, ки шояд волидони Бемм бо нерӯҳои Олмони фашистӣ, ки дар ҳамон сол ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карданд, ҳамкорӣ кунанд.

Бемм Неллӣ аз зумраи фарзандони олмонитаборонест, ки дар он солҳо ба Тоҷикистон фиристода шуданд ва ба тақдир тан додаву инҷо мондаанд. Хонум Неллӣ бо ҳамтаборони дигараш дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) дар 220 километрии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

Бем Неллӣ хонаи фақиронае дорад.
Бем Неллӣ хонаи фақиронае дорад.

Ӯ мехоҳад, ба ватани аҷдодонаш Олмон биравад ва ё мисли ду хоҳараш ба Русия муҳоҷират кунаду онҷо зиндагиро идома бидиҳад, вале шавҳараш мухолиф аст. Ин зани олмонӣ дар шаҳраки шашуми ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст, зодгоҳаш ҳамин ҷост, аммо ҳоло аз ҳамтаборонаш, ки аз замони Шӯравӣ дар ин ҷо ба сар мебаранд, танҳо ҳудуди 10 нафар боқӣ мондааст.

Аз хешу табори Бемм касе дар Тоҷикистон намондаанд, чун ҳамаашон баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ё ба Олмон рафтаанд, ё ба Русия.

"Падару модарам дар колхоз кор мекарданд. Зиндагӣ хуб буд, ба ҳеҷ чиз ниёз надоштем, вале ҳама рафтанд. Ман ҳам мехоҳам, ки равам, вале ба куҷо рафтанамро намедонам. Аз ҳеҷ куҷо кӯмак нест ва зиндагии фақиронае дорем"- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Бо Света, як хоҳараш, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, ҳафтае як бор телефонӣ сӯҳбат мекунад, вале дилаш барои ӯ танг шудааст, чун вақти сӯҳбат дар бораи хоҳар ашк рехт.

Ҳоло зиндагӣ барои ҳама душвор аст, ҳамсояҳо гоҳо як пораи нон кӯмак мекунад, тоҷикҳо муносибати хубе доранд.

Бем Нелли фарзанд надорад, вале 10 сол пеш як кӯдакро ба фарзандхонӣ гирифт ва ӯро парасторӣ мекунад. Шавҳараш дар сохтмон кор мекунад ва худаш банди покизагии боғи марказии ноҳияи Ҷайҳун аст. Даромади ҳарду дар як моҳ 500 сомониро ташкил медиҳад.

Бем Нелли дар солҳои ҷанги дохилӣ, ки аз соли 1992 – 1997 дар Украина зиндагӣ кард ва баъди хатми ҷанг бо хости шавҳар ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар он солҳо ҳар чӣ доштанд, аз даст доданд ва ҳоло зиндагии фақиронаеро дар хонаҳои пасту ва танг пушти сар мекунанд.

“Аққалан мехоҳам, ба Украина равам. Падару модарам ва бародарам онҷо фавтидаанд, мазорашонро дидан мехоҳам. Ҳоло зиндагӣ барои ҳама душвор аст, ҳамсояҳо гоҳо як пораи нон кӯмак мекунад, тоҷикҳо муносибати хубе доранд” – мегӯяд, ӯ.

Шавҳари Бемм, Александр Азизов, мегӯяд азбаски зиндагии хубе бо ҳамсараш дар Ҷайҳун гузаронидааст ва хотираҳои ҷолибе дар инҷо дорад, намехоҳад, ноҳияро тарк кунанд. Аз ин зану шавҳари масеҳӣ ҳамсояҳо низ розианд ва мегӯянд, аз онҳо фақат некӣ дидаанд.

Шодӣ Назаров, 15 сол боз ҳамсояи Бемм Неллӣ аст. Вай мегӯяд хуб дар ёд дорад, ки дар замони Шӯравӣ, олмониҳо дар ноҳия зиёд будаанд ва зиндагии мутафовите доштанд, вале ҳоло айни зиндагии тоҷиконро доранд; "Ҳамсояи хубе дорам, кори бадашро надидем, ба урфу одатамон унс гирифтаанд, шавҳараш зиндагии хуб дорад.

Соли 1941 баъди ҳамлаи Олмони фашистӣ, ҳукумати шӯравӣ бештар аз 45 ҳазор нафарро аз Русия ва нимҷазираи Қрим ба Тоҷикистон зӯран интиқол дод ва тақрибан 30 ҳазор нафари онҳоро олмониҳо ташкил медоданд.

Аксариятро ба минтақаҳои гуногун фиристоданд, то маҳаллаҳои бузург ташкил надиҳанд. Мардуми олмонитабор иҷоза надоштанд, ки мустақилона ба маҳаллаи дигар кӯча банданд ва ё корашонро дигар кунанд.

Айни рафтор бо волидони Анна Сеннер низ шудааст. Ӯ аз маркази ноҳияи Ҷайҳун дур зиндагӣ мекунад ва 30 сол боз дар ҷамоати "Истиқлол"-и ноҳия китобдор аст. Ҷойи зисташ низ китобхона аст.

Баръакси Бемм, хонум Анна Сеннер намехоҳад, деҳаашро тарк кунад ва даъватҳои батакрори наздиконаш барои муҳоҷират ба Олмонро рад кардааст: ​

"Наздиконам даъват мекунанд, ки биё ба наздамон, вале ман намехоҳам. Чун дар ҳаминҷо таваллуд шудаам ва дӯсташ медорам. Ба Олмон ба хабаргирии наздиконам рафта будам, зиндагияшон хуб аст. Ду хоҳар ва бародарам онҷо дар Олмон зиндагӣ мекунанд. Инҷо таваллуд шудаанд, вале рафтанд. Аммо инҷо мардум бо ман муносибати хуб доранд, бачагиям низ инҷо сипарӣ шудааст. Ин хотираҳо намегузоранд, Тоҷикистонро тарк кунам”- қисса мекунад ӯ.

Аз ҳамсояҳои тоҷикаш изҳори сипос мекунад, ки муносибати хуб доранд. Вақте модарашро дар танҳоӣ ба хок супурд, ҳамсояҳо буданд, ки кӯмакаш карданд.

Анна Сеннер ду фарзанд дорад, духтараш 14-сола аст ва дар синфи 7-уми мехонад. Ноновари хонаи писари 25-солааш аст. Худаш 400 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва мегӯяд, зиндагии осудае дорад.

Анна чормағзу караму сабзавот, ангуру дигар ҳосили заминро ҷамъоварӣ кардааст ва барои замистон омодагӣ мегирад.Шаробаш ҳам зимистон омода мешавад.

Мардум бо онҳо меҳрубонанд.
Мардум бо онҳо меҳрубонанд.

Олимбек Асоев, масъули ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун мегӯяд, ки дар шӯравӣ олмониҳо дар корҳои ҷаъмиятӣ нақши муҳиме доштанд ва барои пешрафти хоҷагии халқ кӯмак мекарданд.

"Дар ҷамоати Куйбишев ва маркази ноҳия ниҳоят зиёд буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро аз инҷо бурд. Ҳоло дар маркази ноҳия ду нафар олмонӣ ҳаст. Дар дигар ҷамоатҳо ҳастанд, ки ҳамагӣ 6 нафар боқӣ мондааст. Олмониҳое, ки бо тоҷику русҳо зиндагӣ мекунанд ва аъзои хонавода ва наздиконашон аз инҷо рафтаанд" – гуфт, ӯ.

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар даврони шӯравӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аққалиятҳои миллӣ зиёд зиндагӣ мекардаанд, аксар кӯчаву хиёбонҳо номи “Дӯстӣ” - ро гирифта буд.

Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун ҳудуди 200 хонаводаи олмонӣ зиндагӣ мекардаанд ва ҳоло дар тамоми вилояти Хатлон тақрибан 20 оилаи олмонитаборон мондаанд, ки ё бо тоҷик издивоҷ кардаанд ва ё бо русҳо. Оилаҳое, ки сол ба сол камтару камтар мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG