Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон маълум шуданд


Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 муайян гаштанд.

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “С”, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд баргузор мешавад, маълум шуданд.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 2 декабр дар пойтахти Узбакистон доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Натоиҷи қуръакашии чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, натоиҷи қуръакаширо ба Радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Ба мо гурӯҳи хеле аҷиб даст дод. Фикр мекунам, ки мунтахаби Тайланд на танҳо дар гурӯҳи мо, инчунин дар чемпионати Осиё-2016 дар Узбакистон довталаби аслии унвони қаҳрамонист. Се дастаи боқимонда – Тоҷикистон, Ветнам ва Тайван - барои гирифтани ҷойи дувум дар гурӯҳ шонси баробар доранд. Бо мунтахаби Ветнам мо дар чемпионати охирини Осиё вохӯрдаем. Ин рақиби хеле пурқувват аст ва ягона дастаест, ки соли 2014 тавонист ба дарвозаи мунтахаби пурзӯри Эрон чаҳор голи беҷавоб бизанад. Бо мунтахаби Тайван мо соли 2012 дар чемпионати Осиё дар Дубай рақобат карда, бо ҳисоби 6:4 ғолиб шуда будем. Бояд гуфт, ки ин рақиби саркаш аст. Чунин меҳисобам, ки мунтахаби мо барои баромадан аз гурӯҳ шонс дорад ва ҳатто дар мавриди барор гирифтани кор метавонад ба чемпионати ҷаҳон-2016, ки дар Колумбия баргузор мешавад, роҳ ёбад.»

XS
SM
MD
LG