Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1-ум то 12-уми октябри имсол дар шаҳри Даккаи Бангладеш баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд.
Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.
Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳалаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.
Бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка ва варзишгоҳи «Силхет Дистрикт» дар Силхет - баргузор мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш
Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.
Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.
Ёдовар мешавем, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол баъди бохт дар шаҳри Манила дар бозии даври охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби
1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа аз мухлисони даста узрхоҳӣ намуда, аз вазифааш истеъфо дод.
Вале Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳоло сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар, инчунин ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар шаҳри Даккаи Бангладеш эълон накардааст.
Озоди, не тяните сову на глобус! Фаромуш накунед ки элитаи сиесии Точикистон дар асри 18 зиндаги дорад. Их менталитет - это нечто между рабовладельческим и феодальным. Кадом одами боакл худро ба куштан медиа.
Э руи созмонхоам сиях, главни то Точикистона меоян мерасан ташкилира мезанан мераван ай паси зиндагии хдшон, ба хамин тамом
Кулоби мебуд, мемондаш, ин корхо барои одамони сорти 2 дувуми дигар вилоятхо. инхо хеч сер намешаванд, на аз пули нохак, на аз хун.
Зинда бод Пешвои Миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!!!! Маҳз бо иқдомҳои сулҳпарварона ва ҷасуронаи Пешвои Миллат ин унсурҳои ба миллати тоҷик бегона ва душман, ифротгароёни исломӣ ва террористон то нафари охирин несту нобуд хоҳанд шуд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!