Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассисони футбол: Ҳунари бозигарони тоҷик ҳамин қадар аст. ВИДЕО, CАДО


Бохти тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё ба дастаи Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрумият аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқот миёни мутахассисони футболи тоҷик вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Аксари онҳо бо ишора ба зарфияти бозигарони тими миллӣ чунин нокомии футболбозони тоҷикро пешгӯишаванда унвон карданд.​

Мутахассисони мо феълан омода нестанд. Бигзор касе ба “боғи ман санг андозад”, бо боварӣ мегӯям, ки мо омода нестем.

Боирҷон Эгамбердиев, мураббии варзидаи футбол, рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “фикр мекунам, Ҳаким Фузайлов, бозигарони беҳтаринеро дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо ҳаст. Ӯ гунаҳкор нест, ки сатҳи футболи мо феълан ҳамин қадар аст. Дуруст аст, ки ҳунарашон кофӣ набуд.”​

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мутахассисони футбол: "Ҳунари футболбозони тоҷик ҳамин қадар аст"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:00 0:00

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Бохт дар ин бозии ҳалкунанда тими миллии футболи Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ тақрибан барои ду сол маҳрум кард. Ва дар зимн бозигарон низ аз дарёфти таҷрибаи бештари сатҳи ҷаҳонӣ бенасиб хоҳанд монд. Дар ҳоле ки ҳайати асосии тими миллии футболи Тоҷикистон дар тӯли чанд соли охир тағйири ҷиддӣ нашудааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии собиқи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки ҳоло тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро машқ медиҳад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъди онки Муҳсин Муҳаммадиев аз дастаи мунтахаб рафт ва Мубин Эргашев омад, бовар доштам, ки бо омадани Фузайлов ҳайати дастаи мо ҳам як тағйир меёбад. Бо тағйир додани ҳайати даста бозии даста ҳам бояд як тағйир меёфт. Лекин ин тағйиротро мо надидем.”​

Гуфтугӯ бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:30 0:00

Мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон бохти ҳалкунандаи тими миллиро мояи таассуф медонанд ва бар инанд, ки ин бохт як паёми ҷиддие барои тағйири ҳайати асосии дастаи мунтахаб ва кашфи бозигарони моҳир аз шумори футболбозони наврасу ҷавон аст.

Анваршоҳ Мирзоев, корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Анваршоҳ Мирзоев, корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Анваршоҳ Мирзоев, корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба фикри ман, бисёриҳо бозии ҳалкунанда будани ин сабқатро амиқ дарк намекарданд. Моҳияти бозиро хуб намефаҳмиданд. Барои ҳамин, баъди задани гол онҳо фикр карданд, ки ғалаба ба даст оварданд ва баъдан он қадар хуб бозӣ накарданд.”​

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:12 0:00

Ислоҳи вазъи имрӯзаи футболи тоҷик ба андешаи мутахассисон ба чанд омиле иртибот дорад, роҳандозии он тақозои филфавр мешавад.

Боирҷон Эгамбердиев, мегӯяд, “системаи футболро иваз кардан зарур аст. Якум ин формулаи чемпионат аст. Дувум шумораи тимҳои футболи кишвар аст. Фикр мекунам, аз ҳамин ҷо бояд шуруъ кунем. Мо агар аз футболи кӯдаконаву наврасон оғоз кунем, ҳамон ҷо мемонем. Худатон нигоҳ кунед, футболи кӯдаконаву наврасони мо рушд кардааст. Майдонҳои футбол пайдо шуд, сабқатҳо баргузор мешаванд.”​

Боирҷон Эгамбердиев.
Боирҷон Эгамбердиев.

Мавзӯи дигари муҳим дар рушди футбол ва дарёфти мақоми беҳтар дар сатҳи байналмилалиро марбут ба мураббиёни ботаҷриба медонанд. “Мутахассисони мо феълан омода нестанд. Бигзор касе ба “боғи ман санг андозад” ҳам, аммо бо боварӣ мегӯям, ки мо омода нестем. Сатҳу сифат ва дониши онҳо дар дараҷаи тими миллӣ нест. Аз ин рӯ мехоҳам он мутахассисонеро бояд ба тими миллӣ даъват кард, ки донишу садоқати худ ва он чиро дошта бошад, ки барои як мураббӣ зарур аст”, - иброз дошт Боирҷон Эгамбердиев.

Гуфтугӯ бо Боирҷон Эгамбердиев.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:38 0:00

Тими миллии футболи Тоҷикистон баъди бохт дар бозии ҳалкунанда аз Филиппин барнагаштааст ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳунарнамоии футболбозони мунтахаб ва пазируфтан ё рад кардани истеъфои сармурраббии даста Ҳаким Фузайлов вокуниш нишон надодааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG