Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паҳлавони тоҷик дар майдонҳои набарди Амрико


Некрӯз Мирхоҷаев
Некрӯз Мирхоҷаев

Ду ҷавони тоҷик моҳи оянда дар як мусобиқаи муҳорибаи омехта дар Амрико бо рақибони пурқувваташон аз ин кишвар нерӯ меозмоянд.

Некрӯз Мирхоҷаев ва Сӯҳроб Айдарбеков, ки соли 2015 ба иёлати Ню-Йорк рафтаанд, дар муддати кӯтоҳ тавонистанд, ба майдони варзишгарони касбӣ роҳ ёбанд. Некрӯз рӯзи 23 сентябр дар мусобиқаи “Ring OF combat 56” ва ё майдони набард, бо Франк Буенафунте қувва меозмояд ва набарди асосӣ байни ҳамин ду варзишгар аст. Дар ин бора Далер Амирхудоев, яке аз дӯстони варзишгарон ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Некрӯз, ки 23 сол дорад, аз 8-солагӣ ба варзиш машғул аст ва чаҳор дафъа дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон ва дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Русия пирӯз шудааст.

Худаш ба Радиои Озодӣ навишт, ки соли 2015 барои якрӯза тамрин ба шаҳри Бруклин омад ва ба муррабии ҳозирааш хуш омад, ки пешниҳод кард дар мусобиқаи бонуфузи "Ring OF combat 56" иштирок кунад.

Сӯҳроб Айдарбеков
Сӯҳроб Айдарбеков

Сӯҳроб Айдарбекови 26-сола дар Душанбе таввалуд шудааст ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва қаҳрамони Тоҷикистон оид ба таэквондо ва кикбоксинг аст ва аз шогирдони Мирсаид Яҳёев мураббии шинохта ба ҳисоб меравад.

Ҳарду паҳлавони тоҷик умедворанд, ки дар мусобиқаи “Ring OF combat 56” пирӯз мешаванд.

XS
SM
MD
LG