Ин бозии даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» байни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва«Ал Сувайқ», қаҳрамони секаратаи Умон, шаби сешанбеи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Seeb Sports Complex»-и шаҳри Мускат бо ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд. Ҳарорати ҳаво 23 дараҷа гарм буд.
Муҳаммад Солеҳ Ал Ғассонӣ, бозигари “Ал Сувайқ”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Дастаҳо бо ҳисоби 1-0 ба танаффус баромаданд. Голи дувуми “Сувайқ”-ро Абдулраҳмон Солеҳ дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд. Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро тағйир дод. Баъди ду дақиқа Сидоҳ Сирикӣ голи севумро ба дарвозаи меҳмонон зад.
Ҳайати дастаи “Равшан” дар ин бозӣ чунин буд: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов (капитан), Содиқ Мӯсо (Нуъмонҷон Ҳакимов, 46), Алексей Неъматов, Сайриддин Ғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Соломон Течи, Давронҷон Тухтасунов ( Муҳаммадҷони Ҳасан, 61), Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов (Комрон Саидзода, 86).
Огоҳонида шуданд: Содиқ Мӯсо 27, Соломон Течи, 30, Юсуф Абдулло Амир-Ас-Саъдӣ 83.
Менеҷери даста: Дилшод Шарифов.
Сармураббӣ: Ғайраталӣ Мираҳмадов.
Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳанад Қосим Саррой доварӣ карданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими «Сафо»-и Лубнон дар майдони худ бар дастаи «Зат Рас»-и Урдун бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Голро Ҳасан Нозимеҳ дар дақиқаи 79-ум ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 7-ум Алӣ Ал Саъдӣ, бозигари “Сафо”, корти сурх гирифт ва мизбонон то охири бозӣ дар майдон 10 нафар буданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
«Равшан» дар даври дувум рӯзи сешанбеи 11-уми март дар майдони худ бо тими «Сафо»-и Бейрути Лубнон бозӣ мекунад. Бозии дигар миёни дастаҳои «Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) баргузор мешавад.
Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0
Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон)
Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | « Ал Сувайқ» | 1 | 1 | 0 | 0 | 3-1 | 3 |
2 | «Сафо» | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
3 | «Зат Рас» | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
4 | «Равшан» | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-3 | 0 |