Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғамзаи уштурҳо дар вилояти Хатлон


Раҳбарони як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷануби Тоҷикистон уштурпарвариро ба роҳ мондаанд ва мегӯянд, мумкин аст дар оянда гӯшти уштур дар кишвар фаровон шавад.

Уштурро дар Тоҷикистон қаблан танҳо дар боғи ҳайвонот дидан мумкин буд, аммо ҳоло дар яке аз ноҳияҳои ҷанубии кишвар, дар вилояти Хатлон як хоҷагии деҳқонӣ талош дорад, уштупарвариро ба роҳ монад ва аз ин ҳисоб тавлиди гӯштро дар Тоҷикистон зиёд кунад.

Хоҷагии деҳқонии "Соҳибхон" дар ноҳияи Вахш корро аз парвариши чанд шутур оғоз кардааст ва соҳибони ин хоҷагӣ умедворанд, дар оянда харидорони уштур ва ё гушти уштур аз саросари кишвар маҳз ба онҳо муроҷиат кунанд. Баҳром Саидов, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Соҳибхон" рӯзи 28 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки уштурҳоро дона-дона аз ноҳияҳои кишвар аз мардум харидаанд. Ӯ мегӯяд, иқлими гарми водии Вахш барои парвариши уштур муносиб ва алафу ғизое, ки уштур мехурад инҷо зиёд аст, вале дар фасли сармо онҳоро бояд дар ҷойи гарм нигаҳ дошт.

Саидов мегӯяд, ки гушт дар бозор нархи гарон дорад ва агар теъдоди уштурҳо зиёд шавад нарх ҳам поён меравад. Ӯ мегӯяд, ки гушти уштур хусусияти "доругӣ" дорад ва мардум онро зиёд суроғ мекунанд.

Дар Тоҷикистон гӯшти уштур фаровон мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯяд, ки маъмулан соҳибкорон уштурҳоро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон меоварданд ва теъдодашон низ маълум нест. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки баъди таъсиси хоҷагии шутурпарварӣ дар вилоят мумкин аст, шумораи ин навъи чорво расман ҳисобӣ карда шавад. Ботир Ботиров, дар хоҷагии деҳқонии "Соҳибхон" уштурпарварӣ мекунад ва мегӯяд, аввалҳо аз уштур метарсид, вале ҳоло уштурсаворӣ мекунад. Ботир гуфт, уштурҳоро моҳи марти имсол овардаанд ва ҳоло панҷ сари онҳо бояд бача таваллуд кунад. "Худо хоҳад баъди як моҳ уштурбачаҳои дигар таваллуд мешаванд шумо уштурҳо ба 13 мерасонанд"- мегӯяд Ботир.

Уштурҳо дар бозорҳои чорвофурӯшии вилояти Хатлон танҳо дар моҳи март- оғози мусобиқаҳои гӯштин ва бузкашӣ пайдо мешаванд. Ин ҳайвонро дар мусобиқаҳо ба унвони ҷоизаи аз ҳама баланд ба ғолибони бузкашӣ ва ё гуштин тақдим мекунанд. Акбар Тураев, як масъули хоҷагии деҳқонии "Соҳибхон" гуфт, соҳибкороне, ки мусобиқаҳои гӯштин ва бузкаширо дар ҷараёни таҷлили Нарӯз ташкил мекунанд, уштурҳоро аз Қазоқистон бо нархи гарон ба Тоҷикистон меоранд. Ба гуфтаи ӯ мумкин аст, қимати як уштур вобаста ба вазнаш то 10 ҳазор сомонӣ ва ё бештар аз 1000 доллар бирасад. Як уштур аз 100 то 300 кило гӯшт доштааст. Уштурҳои хоҷагии “Соҳибхон” ба истилоҳ толеъи баланд доранд, чун дар ферма нигаҳдорӣ мешаванд. Чанде пеш дар ноҳияи Данғара ду уштури маъруфро, ки сари роҳ мечариданду аз дасти мардум об ё кока кола менӯшиданд, афроди роҳгузар арақ дода ва сабаби марги онҳо шуданд. Аз ин пештар аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон барои парвариш наздики 20 сар қутосро ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг оварданд, вале ин ҷонварони сардидустдор ба муҳити гарми Хатлон тоб наоварда талаф шуданд. Вале уштурпарварони тозакори Хатлон мегуянд, шароити вилоят барои парвариши шутурҳои яккӯҳона муносиб аст ва бовар доранд, ки онҳо ба сарнавишти ғамангези қутосҳо дучор намешаванд.

XS
SM
MD
LG