Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти дигарбораи Диловар Гулов. Ин бор барои сиёҳ кардани шишаи мошин


Диловар Гулов.

Диловар Гулов, писари 22-солаи Гул Шералӣ, собиқ вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон барои аз меъёри муқаррарӣ бештар сиёҳ кардани шишаи мошин ҷарима шудааст. Диловар Гулов ҳафтаи гузашта пас аз панҷ рӯз ҳабси маъмурӣ аз боздоштгоҳ озод шуда буд.

Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Диловар Гулов баъди озод шудан аз боздоштгоҳ, шишаҳои нақлиёташро аз меъёр зиёд сиёҳ кардааст. Худрави Диловар Гулов ба қавли манбаъ, нақлиёти тамғаи “Галендваген” будааст.

Давоми даҳ рӯзи ахир ин бори дуюм аст, ки мақомоти умури дохилӣ Дилова Гулов, писари Гул Шералиро ба қонуншиканӣ муттаҳам мекунанд.

Ба қавли манбаъ, Диловар Гулов рӯзи 15-уми март баъди адои мӯҳлати ҳабси маъмурӣ озод шуд, аммо ҳамагӣ баъди ду рӯз кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ӯро бо нақлиёташ боздошт карданд ва маълум шуд, ки шишаҳои худрави ӯ аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар сиёҳ карда шудаанд.

Ҳамсӯҳбати мо дар ВКД гуфт, мувофиқи қонун шишаи қисмати пеши мошин бояд танҳо 20 сантиметр сиёҳ карда шавад. Аммо шишаи пеши худрави Диловар Гулов, ки тамғаи “Галеваген” ба қавли манбаъ, пурра сиёҳ карда шуда буд.

Мақомот мегӯянд, нисбати Дилова Гулов бо моддаи 330-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санад тартиб додаанд. Моддаи 330 “идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлўӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост” ба андозаи 6250 сомонӣ ҷарима муқаррар кардааст.

Дар Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, худрави Диловар Гуловро ба боздоштшоҳи БДА интиқол додаанд ва танҳо баъди супоридани ҷарима ва тоза кардани шишаи пеш, нақлиёт ба соҳибаш баргардонда мешавад. Мақомот дар ҳоле Диловар Гуловро ба нақзи қонун муттаҳам мекунанд, ки наздикони ӯ мегӯянд дар ин бора хабар надоранд.

Гул Шералӣ
Гул Шералӣ

Гул Шералӣ, падари Диловар Гулов рӯзи 21-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҷарима шудани писараш изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт, аз ин рӯзҳо ҳазорҳо мошинро барои нақзи қоидаи сиёҳ кардани нақлиёт, ҷарима мекунанд. Талошҳои мо барои пайдо кардани худи Диловар бенатиҷа буд.

Давоми даҳ рӯзи ахир ин бори дуюм аст, ки мақомоти умури дохилӣ Дилова Гулов, писари Гул Шералиро ба қонуншиканӣ муттаҳам мекунанд. Ду ҳафта қабл мақомот Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода, писару домоди Гул Шералиро ба майдаавбошӣ айбдор карда, ба ҳабси маъмурӣ гирифта буданд.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Дилшод Нуруллозодаро ба майдаавбошӣ айбдор кард. Мақомот гуфтанд, онҳоро субҳи барвақти 10-уми март барои нақзи тартибот ва итоат накардан ба маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва ҳабс карданд.

Аммо Гул Шералӣ гуфт, писару домодашро беасос ба ҳабс гирифтанд. Ӯ гуфт, писару домодашро на дар тарабхона, балки баъди ҳозир шудани онҳо дар идораи пулис маҳкам кардаанд. Гул Шералӣ аз соли 2013 бознишаста аст ва дар як ширкати хусусӣ ба ҳайси мушовир кор мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG