Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори вакилони мардум дар аҳди коронавирус дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Бо иҷозаи шумо имрӯз фақат дар бораи кори вакилони мардумии Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки чанде пеш ба таътили тобистона рафтанд.

Ҳангоми ҷаласаи пеш аз рухсатӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, дар замони сахти пандемияи коронавирус, вакилон дар канори мардум буданду, кори зиёдеро ба сомон расонданд. Воқеан баъзеҳо бар ин ақида ҳастанд, ки вакилон дар хидмати мардуманд ва барои пешрафти Тоҷикистон кори зиёде мекунанд.

Як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи кори чаҳормоҳаи порлумон баҳси зиёдеро дар миёни корбарони вебсайти мо барангехт. Баъзеҳо гуфтаанд, ки баръакси баёнияҳои раиси Маҷлиси намояндагон, вакилон кори намоёне накардаанд ва дар рӯзҳои пандемия дар канори мардум набуданд.

Корбаре, ки худро Мирзоакрамбой муаррифӣ кардааст, дар вебсайти мо чунин навиштааст: "Чӣ гуна бӯи дурӯғ ба машомам омад. Вакилон дар куҷо дар паҳлӯи мардум буданд? Магар ба ягон кас ёрдам доданд? Муҳоҷирони бечора ҳар рӯз зориву тавалло мекарданд ки онҳоро ба ватан баргардонанд, аммо шумо ягон коре кардед? Аллбата не. Барои ҳамин чӣ даркор дурӯғ гуфтан?

Корбари дигаре, ки зоҳиран нахостааст, номашро бигуяд ва худро "Ростиро завол нест" муаррифӣ кардааст, айни ақидаро дорад ва гуфтаи Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагонро зери суол бурда ва пурсидааст:

"Мӯҳтарам вакилон шумо чӣ гуна дар паҳлӯи мардум будед? Шумо мардум гуфта, киро дар назар доред. Раиси порлумон ба думболи табобат буданд. Шумо ақалан дидед, ки раисро чӣ гуна ва мардуми бечораро чӣ гуна табобат мекунанд? Шумо бо мардум набудед, шумо аз мардум талхакафед".

Вакилон дар канори мардум буданд, ё набуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00


Корбаре, ки худро "Бениқоб" муаррифӣ кардааст, Маҷлиси намояндагонро сахт танқид карда ва гуфтааст, ки вакилони он намояндагони воқеии мардум нестанд. Ӯ дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст:

"Вакилони ба ном мардумӣ аслан аз байни халқ интихоб нашудаанд ва халқ баъзеи онҳоро намедонад ва донистан ҳам намехоҳад. Қонунҳои қабул кардаи онҳо ҳамааш аз қонунҳои кишварҳои дигар нусхабардорӣ шудаанд.”

Корбаре, ки худро Муаллим муаррифӣ кардааст, ба вакилони тоҷик тавсия додааст, ки агар мехоҳанд, собит кунанд, ки дар хидмати мардум ҳастанд, пас бояд бо зиндагии онҳо аз наздик ошно шаванд. Ӯ менависад:

“Депутатҳои муҳтарам, агар хоҳед, ки бо мардум бошед, рӯзҳои истироҳат ва ё ҳангоми рухсатӣ дар кӯчаҳои шаҳр, дар бозорҳо ва боғҳои зебои шаҳрамон гашту гузор намоед, бо мардум сӯҳбат кунед, нақлиёти шаҳрро истифода баред. Баъд бигӯед, ки мо дар байни мардум будем".

Ҳайати нави порлумони Тоҷикистон моҳи март ба кор оғоз кард ва агар шумо ҳам мехоҳед, назаратонро дар бораи кори вакилон бигӯед, пас видео бигиреду бифристед. Ба ин шумора (+420) 608 900 808, ки Телеграм, Вотсапп ва Вайберу Имо дорад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG