Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орумбекзода: "Фурӯши китобҳои Хумайнӣ манъ нашудааст"


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки фурӯши китобҳои чопи Эрон, аз ҷумла китобҳои Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон манъ нашудааст.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Имом Хумайниро ба унвони як шахсияти таърихӣ ва донишманд эътироф мекунад ва ҳеҷ маҳдудияте дар фурӯши осори вай дар Тоҷикистон роҳандозӣ нашудааст.

Вазир афзуд, ки танҳо китобҳои дорои мӯҳтавои террористӣ ва ифротгароӣ аз сӯи комиссияи махсуси ин вазоратхона ташхис шуда ва фурӯшу мутолиаи онҳо манъ карда мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар бархе аз китобфурӯшиҳои Душанбе фурӯшандаҳо мегӯянд, ки фурӯши китобҳои Имом Хумайнӣ манъ шудааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар моҳи марти соли гузашта эълон карда буд, ки бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест. Дар пай Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошт ва мусодираи китобҳои як шаҳрванд бо ҳуруфи форсӣ, аз ҷумла “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, хабар дод.​

Зимнан дар Тоҷикистон боз ду ниҳоди дигар - Кумитаи дин ва Вазорати корҳои дохила рӯйхати китобҳои маъмнӯъро муайян мекунанд, ки ба ин руйхати сиёҳ аксаран адабиётҳои мазҳабӣ ва ё матнҳое, ки барои фолу ҷоду истифода мешаванд, ворид шудаанд.

Дар назди Кумитаи дин низ як шӯрои хосае амал, мекунад, ки китобҳои диниву мазҳабиро ташхис дода, баъдан бо иҷозаи он ворид намудани ин китобҳо ба кишвар ва ё нашри он дар дохил, иҷоза дода мешавад.

XS
SM
MD
LG