Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯғлисарои маъруфи тоҷик аз "сухан мондааст" ВИДЕО


Қурбон Раҷаб, яке аз гуруғлисароёни ангуштшумори Тоҷикистон аст.
Қурбон Раҷаб, яке аз гуруғлисароёни ангуштшумори Тоҷикистон аст.

Фарзандонаш мегӯянд, вазъи сиҳатии Қурбоналӣ Раҷабов, яке аз охирин гурӯғлисароён ва шоири мардумии Тоҷикистон бисёр бад шудааст ва ӯ дигар аз сухан гуфтан мондааст.

Паригул Раҷабова, духтари Қурбоналӣ Раҷабов рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ пеш аҳволи падари 93-солааш бад шуд ва ӯро барои нигоҳубин аз шаҳри Душанбе ба Кӯлоб оварданд.

Айни замон ӯ дар назди фарзандонаш дар ин шаҳр аст ва ба гуфтаи Паригул Раҷабова, “дигар на сухан гуфта метавонад ва на ҳаракат мекунад.” Паригул Раҷабова шикоят кард, ки бо вуҷуди хидматҳои падараш барои Тоҷикистон то кунун касе ба дидори падараш ва ё дилбардории ӯ наёмадааст.

Гурӯғлӣ, ки аз ҳунарҳои қадимии мардуми Осиёи марказӣ аст, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон шунавандаи зиёд дошт. Гурӯғлихонҳо даҳҳо ҳазор байти достонеро аз ёд медонанд ва метавонанд, муддати тулонӣ ва беист овозхонӣ кунанд.

Аммо солҳои ахир гурӯғлисароӣ дар Тоҷикистон тақрибан дида намешавад ва Қурбоналӣ Раҷаб ҳам яке аз он гуруғлисароёни ангуштшумор аст, ки аз сухан мондааст.

Қурбоналӣ Раҷаб рӯзи 1-уми марти соли 1925 дар деҳаи Порвори ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст ва баъди захмӣ шуданаш, ба Тоҷикистон баргаштааст.

Адиби мардумӣ аз соли 1956 ба шеъргӯйӣ оғоз кардааст ва солҳои 1962-1963 дар асоси ривоятҳои ӯ ду ҷилди ҳамосаи мардумии «Гурӯғлӣ» сабту чоп шудааст. Сабки шеъраш сабки шеъри шифоҳии мардум аст. «Таронаи дил» «Суруди замин» «Ҳафтранг» «Фурӯғи пирӣ» аз ҷумлаи китобҳои ӯст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ 9 сол пеш ба суроғи Қурбоналӣ Раҷаб рафт ва видеои сӯҳбат бо ӯро инҷо бубинед.

Гурӯғлисаро
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

XS
SM
MD
LG