Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 ҳукми сафед дар як сол. Кам аст ё зиёд?


Муҷассамаи Фемида - рамзи адолати додгоҳӣ
Муҷассамаи Фемида - рамзи адолати додгоҳӣ

Шӯрои адлия сафед шудани 21 муттаҳам дар соли 2014-ро далели мустақилияти низоми додгоҳии Тоҷикистон меномад. Вале ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, барои ин бояд ҳадди ақал сеяки парвандаҳо бо ҳукми сафед анҷом шаванд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2014 дар 21 маврид афроди муттаҳам ба ҷиноятро сафед ва аз толори додгоҳ озод карданд. Зафар Азиззода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон рӯзи 5 январ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин 21 парванда 16 нафар пурра бегуноҳ эълон шуда ва 5 муттаҳами дигар қисман сафед шуданд. “Ин ба маъноест, ки айби эълонкардаи мақомоти тафтишотӣ дар рафти тафтишоти судӣ тасдиқи худро наёфт ва суд хулоса кард, ки шахс дар ҳамон маврид сафед карда шавад,”- гуфт раиси Шӯрои адлия.

Ҷаноби Азиззода афзуд, дар соли 2014 додгоҳҳои Тоҷикистон ба панҷ нафар, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, ҳукми абад додаанд.

Ин дар ҳолест ки вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносон мегӯянд, низоми додгоҳии Тоҷикистон мустақил нест, ва аксари тасмимҳои додгоҳӣ бо дастури мансабдорон гирифта мешаванд.

Бузургмеҳр Ёров, роҳбари коллегияи адвакатҳои Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни як сол “сафед” шудани танҳо 21 парванда хеле кам аст. “Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кишваре, ки дар он аз 30 то 35 дарсади парвандаҳо аз ҷониби судҳо сафед карда мешаванд, системаи судии он одилона шумурда мешавад. Агар парвандаҳои “сафедкардашуда” аз 30 дарсад кам бошад, ин маънои онро дорад, ки дар он давлат адолати судӣ вуҷуд надорад ва ё он комил нест. Ин 21 парвандаи “сафедшуда” ҳатто як дарсадро ҳам ташкил намекунад. Аз ин ҳамин омор мешавад дар мавриди системаи судии кишвар хуллоса баровард,”- мегӯяд ин вакили мудофеъ.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони тоҷик, ҳарҷанд Қонуни асосии кишвар ҳокимияти судиро шохаи мустақил эълон кардааст, вале дар асл системаи додгоҳӣ дар Тоҷикистон мустақил нест ва додгустарҳо на интихоб, балки аз ҷониби раиси ҷумҳур таъин мешаванд.

Зариф Азиззода
Зариф Азиззода

Зимни ин нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз як додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ёдовар шуданд, ки пас аз сафед кардани як нафар мавриди фишори мақомоти тафтишоти пешакӣ қарор гирифтааст. Зафар Азиззода дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё Шӯрои адлия мавридҳои таҳдиду фишор ба додрасҳоро сабт кардааст ва ё на?, ҷавоби рад дод.

Аммо Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки усули кори “Фемида” дар Тоҷикистон тавре аст, ки дар сурати сафед шудани айбдоршаванда аз сӯи додрас, мақомоти тафтишотӣ зидди ӯ бармехезанд: “Чунки агар парвандаи ба суд ирсолкардаи муфаттишони вазорати корҳои дохилӣ, ва ё прокуратура сафед шавад, он гоҳ ин муфаттиш дар ҷои кори худаш муҳокима мешавад, ки чӣ гуна парвандаи беасосро нисбати шахси бегуноҳ ба додгоҳ фиристодааст? Дар ин ҷо системаи “як кас барои ҳама” амал мекунад ва аз болои ҳукми ин додрас ба зинаи болоӣ шикоят мебарад.”

Бино ба иттилои Шӯрои адлия, додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2014 беш аз 70 000 парвандаро баррасӣ кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ ҳудуди чаҳор ҳазор бештар аст. Аз ин шумора 12 ҳазор парвандаҳои гражданӣ, 9 160 парвандаи ҷиноятӣ ва 49 600 қазия парвандаҳои қонунвайронкуниҳои маъмурӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG