Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳукми аъзои Бародарони мусалмон як рӯз кам намешавад"


Мақомоти додгоҳи Конибодом гуфтанд, ки панҷ имом-хатиби маҳкумшуда ба ҷурми узвият дар созмони мамнӯи "Ихвонулмуслимин" афв нахоҳанд шуд. Ин гуруҳи панҷнафарии имом-хатибон баҳори имсол боздошт ва баъдан бо қарори додгоҳ ба шашсолӣ маҳкум шуданд.

Ба қавли муовини раиси додгоҳ, гурӯҳи имом-хатибон аз болои ҳукми худ шикояти кассатсионӣ набурдаанд ва ҳукм ба ҳолати иҷро даромадааст.​

Шӯҳрат Аҳрорзода, муовини раиси додгоҳи Конибодом ва масъули баррасии парвандаи имом-хатибҳо, 12 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин панҷ нафар бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти созмони мамнӯи "Ихвонулмуслимин" гунаҳкор дониста шудаанд ва қонуни афв нисбат ба онҳо татбиқ намегардад. "Аз ҳукми онҳо ягон рӯз кам карда нахоҳад шуд", - таъкид дошт ӯ.

Муовини раиси додгоҳи Конибодом гуфт, "инҳо аз соли 2000 то 2010 дар Донишгоҳи "Ал Азҳар"-и Қоҳира таҳсил карда, ба созмони “Бародарони мусалмон” шомил гаштаанд. Мақсади ин созмони экстремистӣ тағйир додани сохтори давлати демократии Тоҷикистон, барпо намудани хилофати исломӣ, аввал бо роҳи даъват, сипас бо зӯрӣ ба итоат даровардани давлатҳои дунё мебошад."

Ба қавли Шӯҳрат Аҳрорзода, гурӯҳи имом-хатибон аз болои ҳукми худ шикояти кассатсионӣ набурдаанд ва ҳукми додгоҳ ҳамакнун ба ҳолати иҷро даромадааст.​ Алишер Алимов - сархатиби масҷиди маркази Конибодом, Қобил Сангинов - имомхатиби масҷиди "Зардбед", Ғуфрон Анваров - ноиби имомхатиби ҳамин масҷид, Хуршед Бофаров - имомхатиби масҷиди ҷомеи "Нури ислом" ва Довуд Охунов - имомхатиби масҷиди ҷомеи "Деҳқонобод" чанде қабл бо ҳукми додгоҳи Конибодом барои фаъолият дар гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” ё “Бародарони мусалмон” ба 6 соли ҳабс маҳкум шуда буданд.

Ба иттилои додгоҳи Конибодом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин 5 имом-хатибро баҳори соли равон баъди ошкор намудани иртиботи як гурӯҳи 7-нафарии имомони масоҷиди маркази шаҳру ноҳияҳои Суғд, ба шумули Мақсуд Урунов – имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом ба созмони мамнӯи “Ихвонулмуслимин” дастгир карданд. Замони бозбинии парванда аъзои ҳар ду гурӯҳи ходимони расмии масоҷид, 12 нафар дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуданд.

Файзиниссо Воҳидова.
Файзиниссо Воҳидова.

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Мақсуд Урунов, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом мегӯяд, дар ҷараёни тафтиш имом-хатибони боздоштшуда мансубияти худ ба созмони “Ихвонулмуслимин”-ро эътироф карданд, вале мақсади тағйир додани сохтори конститутсионии давлати Тоҷикистон ва ташвиқи ҷавонон барои иштирок дар ҷанги Сурияро рад намуданд. “Намозгузориву ақидаашон пурра аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ будааст. Фақат мақсад гузошта будаанд, ки бо роҳи даъвати осоишта шумораи пайравон ва намозгузорони исломиро дар кишвари худ зиёд гардонанд", – афзуд вай.

"Ихвонулмуслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияти онро дар бисёре аз кишварҳои арабӣ низ мамнӯъ кардаанд. Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо, манъ гардид.

Аммо ин созмон ҳатто дар даврае, ки Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари “Ихвонулмуслимин” дар Миср ба сари қудрат омад, дар Тоҷикистон мамнӯъ буд. Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистону Миср бо ҳам робитаи дипломатӣ доштанд ва теъдоде аз ҷавонҳои тоҷик дар он кишвар таҳсил мекарданд, вале Душанбеи расмӣ ин созмонро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ берун накард.

Мақомот дар бораи фаъолияти аъзои ин созмон ва теъдоди аъзояш дар Тоҷикистон иттилои кофӣ надодаанд. То соли равон теъдоде каме аз аъзои созмони “Ихвонулмуслимин” дар кишвар дастгир шуда буданд. Вале танҳо соли равон ҳудуди 20 масъулони масоҷиди шаҳру ноҳияҳои Суғд бо иттиҳоми мансубият ба ин созмони мамнуъ боздошт шуданд ва то кунун мақомот зиндонӣ шудани 14 нафари онҳоро хабар доданд.

XS
SM
MD
LG