Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангаку Файзалӣ ва Лангарӣ "ёдгории таърихӣ" шуданд. АКС


Пайкараҳоро чанде пеш таъмир карданд.

Мақомоти Хатлон бо як қарори баҳсбарангез нимпайкараҳои зарҳалии се фармондеҳи замони ҷанги дохилиро ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ин вилоят ворид кардаанд.

Дар феҳрасти 1000 ёдгории меъморӣ ва таърихии вилояти Хатлон, ки ба тозагӣ таҳия шудааст, нимпайкараҳои фармондеҳони "Фронти Халқӣ" - Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев - ҳастанд. Нимпайкараҳои зарҳалии онҳо дар “Майдони Шаҳидон” дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин), маркази маъмурии вилояти Хатлон гузошта шудаанд.

Савсан Шарифзода, муовини сардори раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми таҳияи феҳраст, ба ин хулоса расиданд, ки нимпайкараҳои фармондеҳон бояд бошанд, "то аз байн нараванд".

Ӯ афзуд, "ёдгориҳои таърихии меъмориро дар се моҳи аввали имсол таҳия кардем ва ин се нимпайкара низ дар онҷо шомил аст."

Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев аз фармондеҳони "Фронти Халқӣ" буданд, ки дар замони ҷанги дохилӣ бо нерӯҳои мухолифони собиқ меҷангиданд ва дар расидани ҳукумати феълӣ ба қудрат саҳм доранд.

​Айни замон онҳоро ба қатлу ғорат муттаҳам мекунанд. Дар Тоҷикистон то кунун нақлҳои тарснокеро дар бораи амалкардҳои Файзалӣ Саидов дар замони ҷанг мешунавед. Дар ноҳияи Вахш сокинон ба шумо гӯрҳои дастаҷамъиро нишон медиҳанд ва мегӯянд, баъзе аз қурбониёни онро худи Файзалӣ Саидов қатл кардааст.

Ба феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ шомил кардани нимпайкараҳо баъд аз он сурат мегирад, ки дар матбуот масъалаи бардоштани нимпайкараҳо аз маркази шаҳр матраҳ шуд.

Баъзеҳо мегуфтанд, азбаски ин нимпайкараҳо "қимати бадеию фарҳангӣ" надоранд ва ваҳшатҳои ҷанги хунинро ба ёд меоранд, бояд аз маркази Хатлон бардошта шаванд.

Алишер, сокини 35-солаи шаҳри Бохтар, ки дар назди “Майдони Шаҳидон”-и Бохтар бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, "зарурати будани нимпайкараҳои фармондеҳон нест."

Сангак Сафаров, ки аз фармондеҳони аслии “Фронти Халқӣ” буд, 23 соли умрашро барои ҷиноятҳои гуногун паси панҷара сипарӣ кардааст. Ӯ ва Файзалӣ Саидов дар як муноқишаи байниҳамдигарӣ кушта шуданд. Лангарӣ Лангариев пеш аз онҳо дар солҳои аввали ҷанг кушта шуд.

Бо назардошти чунин “собиқа” баъзе аз сокинони шаҳр мегӯянд, метарсанд, ки рӯзе фарзандашон аз онҳо бипурсад, ин се нафар кӣ ҳастанд ва чӣ коре кардаанд, ҷавоби хубе нахоҳанд ёфт

Рустами Сафар, сокини Бохтар гуфт, “зиндагияшон барои бачаҳо намуна нест. Наметавонам даҳшати ҷангро ҳам ба онҳо бигӯям.”

Онҳое, ки шоҳиди ҷанги панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон будаанд, мегӯянд, ҳар вақте аз майдон мегузаранд ва нимпайкараҳоро мебинанд, ваҳшати он замон, қатлу куштор, ғорату бераҳмӣ дигарбора пеши чашмашон меояд.

Манучеҳр Мирзоев, сокини дигари Бохтар мегӯяд, будан ё набудани нимпайкараҳои фармондеҳони “Фронти Халқӣ” дар майдон аҳамият надорад, чун нимпайкараҳои афроде ҳастанд, ки ба қавли ӯ “ошӯберо замоне маҳв карда ва ҳарчанд қаҳрамон нестанд, вале як муддат барои мардум муҳим буданд.”

Аз идораи фарҳанги вилоят гуфтанд, ки ҳеҷ шикоятеро дар бораи будану набудани нимпайкараҳои Сангаку Лангарӣ ва Файзалӣ ва ё бардоштани онҳо аз маркази шаҳр нагирифтаанд.

Маҳмадрасул Раҷабзода, сардори идораи шаҳрсозӣ ва меъморӣ гуфт, онҳо бояд ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз шаванд. Абдуалим Исмоилов, раиси шаҳри Бохтар, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски шикояте нагирифтаанд, тасмим гирифта шуд, пайкараҳо монанд.

Ӯ афзуд: "Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Лангарӣ Лангариев қаҳрамон нестанд. Ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад, вале касе дар бораи барчидани онҳо ва аз он маҳалла бурданашон чизе нагуфтааст. Шикояте нашунидем. Ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад, ин чизи бебаҳс аст, вале чун замони ҷанги шаҳрвандӣ қадрашон кардаанд, мо ҳифзашон мекунем.”

Мақомоти Бохтар чанд вақт пеш “Майдони шаҳидон”-ро таъмиру тармим карданд ва нимпайкараҳои тираву офтобхӯрдаи се фармондеҳро ҳам зарҳалӣ карданд. Чунин иқдоми мақомот баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва қисме аз мардум онро беэҳтиромӣ ба қурбониёни ҷанги дохилӣ номиданд.

Ҷанги дохилии Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 1997 идома карда ва 150 ҳазор нафарро бахусус кушт. Садҳо ҳазор нафар ҳам дар ин қисмати кишвар бехонумон шуданд.

Баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва хатми хунрезиҳо гузоштани нимпайкараву, номгузорӣ кӯчаҳо ба номи фармондеҳони замони ҷанг роиҷ шуд, ҳарчанд ҳукумат дар солҳои ахир бисёре аз онҳоро тағйир дод.

Дар бораи онҳо китоб ҳам навиштаанд ва ”Тӯфони Сангаки Сафар ва Файзалӣ Саид”, “Марди майдон” ва “Номус” китобҳое ҳастанд, ки ба ин фармондеҳон бахшида шудаанд ва онҳоро ҳамчун “қаҳрамон” тасвир кардаанд.

Солҳои ахир бо гузашти 22 сол аз хатми ҷанг даъватҳо барои аз байн бурдани нишону нимпайкараҳои онҳое, ки дар як тарафи ҷабҳа буданд, зиёдтар мешавад. Қарори мақомоти вилояти Хатлон барои нигаҳ доштани се нимпайкара зоҳиран ин даъватҳоро бештар хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG