Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабдолов: "Бо президент хусумати шахсӣ надорам"


Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин иддаоҳоро, ки гӯё муносибати мақомот бо ин ҳизб дар пайи бад шудани робитаи ӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон тағйир ёфтааст, рад кард.

Шодӣ Шабдолов рӯзи 2-юми июл дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунист бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, ки муносибати ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон бад нашудааст ва ӯ бо президент хусумати шахсӣ надорад ва раиси ҷумҳур ҳам ҳеҷ гоҳ ба таври оммавӣ аз ӯ интиқод накардааст.

Аммо ҷаноби Шабдолов афзуд, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон сиёсатҳои давлатро дар амри хусусигардонии корхонаҳои бузург ва колхозҳои пешқадам дастгирӣ намекард. Чункин пас аз хусуси шудани корхона ва колхозҳо, таҷҳизоти корхонаҳо ҳамчун оҳанпора фурӯхта шуд ва ҳазорон нафар бекор монданд. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба гострабайтери беҳуқуқ табдил ёфтанд.

Шабдолов гуфт, интиқод ҳамеша мисли дору талх аст ва албатта ин интиқодҳои ӯ ва Ҳизби коммунист ба афроди баландпоя дар ҳукумати Тоҷикистон ва аз ҷумла шояд ба раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон писанд наомада бошад.

Аммо Шабдолов дар суханронии худ ба таври муфассал аз чандин мавриди ҳимояти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз шахси раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои ҳассос ёдовар шуд. Вай гуфт, дар интихоботи нахустини президентӣ дар соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов аз Виктор Черномирдин пуштибонӣ дарёфт карда буд.

Аммо Шабдолов гуфт, ӯ тавассути Тихонов ба Черномирдин паём дод, ки Абдумалик Абдуллоҷонов дар муддати кӯтоҳи раҳбариаш дар ҷумҳурӣ чандин корхонаҳоро хусусӣ карда ва бо роҳҳои гуногун сармояи зиёде ба даст овардааст ва дар мақоми раёсати ҷумҳури номзади муносибе нест. Вай афзуд, ки дар он интихобот бо такяи ба ин, ки Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум баромадааст, аз ӯ пуштибонӣ карда буд.

Шабдолов пас аз анҷоми суханронӣ дар анҷуман, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номзадиашро бори дигар ба раисии ҳизб пешниҳод хоҳад кард. Дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон масъалаи интихоби раҳбар, баррасӣ мешавад. Дар кори Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон намояндагони дастгоҳи президент, вазорати адлия ва намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ширкат доранд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта ва соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд.

Аз соли 1991 то ба ҳол роҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти ин ташкилоти сиёсӣ мегӯянд, ки дар зарфи яку ним соли ахир аъзое, ки робитаашонро бо ҳизб карда ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз сафҳои ҳизб ихроҷ шуда ва ҳоло шумораи аъзои ҲКТ 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG