Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Абдуллоҳ Бобозода ба сафорати Бразилия санг андохт?


Бинои сафорати Бразилия дар Маскав.
Бинои сафорати Бразилия дар Маскав.

Сафорати Бразилия аз гуноҳи шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҳ Бобозода гузаштааст, аммо парванда дар ҳоле ба додгоҳ фиристода шуд, ки шоҳидон мегӯянд, Бобозода бемори равонист.

Назира Бобоева, модари Абдуллоҳ Бобозода мегӯяд, ҳафт рӯз ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи фарзандаш буд ва аз он ки рӯзи 22-юми май ӯро пайдо кард, беандоза шод гашт, аммо чун шунид, ки Абдуллоҳ дар маҳбас аст, аз ҳуш рафт. Модар аз 15-уми май ба ин сӯ ҳар рӯз ба вокзали Ярослави Маскав мерафт ва интизори қаторҳое мешуд, ки аз Архангелск меомаданд. Ба полиси роҳи оҳан ариза навишта буд, ки писараш гум шудааст. Танҳо вақте ки рӯзи 22-юми май, ӯ ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кард, маълум шуд, ки қазияи писараш кайҳо расонаӣ шудааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00
Линки мустақим



Рӯзи 18-уми май, пас аз шикояти кормандони сафорати Бразилия, ки ҷавоне бо санги роҳрав шишаи дари сафоратро шикастааст, полис шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҳ Бобозодаро боздошт кардааст. Ӯ дар бозпурсӣ, гуфтааст, аз он норозист, ки Бразилия партовҳои ҳастаиро ба замин гӯр мекунад ва бо ин роҳ ба табиат осеб мерасонад.

Бино бар маълумоте, ки намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия, Муҳаммади Эгамзод, дар ихтиёри расонаҳои ахбори ом гузошт, рафтори донишҷӯи 22-солаи Донишгоҳи Шимолию Арктикии ба номи Ломоносови шаҳри Архангелск Абдуллоҳ Бобозода, ангезаи сиёсӣ надошта, дар заминаи ҳолати равонии ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Ин нуктаро модари Абуллоҳ – Назира Бобоева ва шарикдарсонаш Бахтиёр Абдураҳимову Рустам Нӯъмонов низ тасдиқ мекунанд.

Мақомоти донишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, воқеаи ахирро шарҳ дода наметавонанд, аммо дар торнамои ин донишгоҳ то ҳол эълоне дида мешавад, ки донишҷӯ Бобозода рӯзи 28-уми ноябри соли 2011 дар садамае дар наздикии таълимгоҳ шадидан осеб дидааст. Дар ин эълон аз донишҷӯёну омӯзгорон хоста шудааст, барои табобати Абдуллоҳ Бобозода ба расмулҳисобе дар бонк маблағи хайрия фиристанд.

Модар ва шарикдарсони Абдуллоҳ мегӯянд, баъд аз он ки ӯро мошин зада ва шадидан маҷрӯҳ кардааст, Абдуллоҳ ду ҳафта дар ҳолати беҳушӣ ё “кома” бар сар бурда, баъдан мағзи сараш се мартаба ҷарроҳӣ шудааст. Ҳарчанд аз он сонеҳа якуним сол гузашт, ба гуфтаи шоҳидон, вазъи Абдуллоҳ ба таври комил беҳ нашуд ва ӯ аҳёнан ба бӯҳрони равонӣ гирифтор мегашт.

Бахтиёр Абдураҳимов, донишҷӯи Донишгоҳи Шимолию Арктикии ба номи Ломоносови шаҳри Архангелск, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои пеш аз сафараш ба Маскав Абдуллоҳ Бобозода дар авҷи ин бӯҳрон қарор дошт ва мехост пойи пиёда ба Маскав ва аз он ҷо боз ҳам пиёда ба Тоҷикистон баргардад. Ба гуфтаи Бахтиёр, ки охирин бор Абдуллоҳ Бобозодаро дар вокзали роҳи оҳани Архангелск дида ва ӯро ба қатори самти Маскав “шинондааст”, ҳамдиёраш суханони беҷо мегуфт ва зиёда аз як шабонарӯзро дар вокзал ба сар бурда, ҳадафи бозпурсии полис низ қарор ёфтааст: “Ман аз ӯ батакрор хоҳиш кардам, шабро дар хобгоҳи мо ё назди бачаҳои дигар рӯз кунад, тан надод ва ҳарчанд чиптааш барои соати ҳашти шоми рӯзи дигар буд, бо вуҷуди сардии ҳаво дар вокзал монд.”

Рӯзи дигар, вақте ки баъд аз дарс Бахтиёр ба вокзал баргаштааст, Абдуллоҳро дар хиёбони назди вокзал дидааст, ки зери борони сахт тар шуда буд, аммо намехост, вориди бино шавад. Шубҳаи Бахтиёр ин аст, ки Абдуллоҳ аз хобидан метарсид, зеро дар хоб одамони гуногунро медид, ки бедораш мекунанд ва азияташ медиҳанд.

Роҳи Абдуллоҳ Бобозода аз Архангелск то Маскав ба ҷои 1 зиёда аз 3 шабонарӯз давом кардааст. Вай дар нимароҳ аз қатор поин шудааст. Модари Абдуллоҳ мегӯяд, Бахтиёр ба ӯ занг зада гуфтааст, ки писараш шоми 15-уми май ба вокзали Ярослави Маскав хоҳад расид. Вақте модар ба ин ҷо омад, писарашро пайдо накард. Мақомоти роҳи оҳан мегӯянд, Абдуллоҳ Бобозода шоми 16-уми май ба Маскав расидааст. Аз ин фурсат то боздошташ дар назди сафорати Бразилия дар рӯзи 18-уми май дар куҷо ба сар бурдани Абдуллоҳ маълум нест.

Рустам Нӯъмонов, ҳамҳуҷраи Абдуллоҳ дар хобгоҳ мегӯяд, ҳамдиёраш то садамаи соли 2011 яке аз беҳтарин донишҷӯён буд, аммо баъд аз он воқеа пешрафташ дар таҳсил бо мушкил рӯбарӯ гашт. Ба гуфтаи ӯ, Абдуллоҳ ба ягон созмони экологӣ ё сиёсӣ рабте надошт ва ҳаргиз дар бораи Бразилия ё ҳар кишваре дигаре ҳарфи баде нагуфтааст.

Донишҷӯи дигар, Бахтиёр Абдураҳимов меафзояд, як соли охир, Абдуллоҳ мазҳабӣ ва намозхон шуда буд, аммо ба кишвар ё миллате нигоҳи душманона надошт, русҳоро эҳтиром мекард ва аз ҷавонони тоҷик мехост, духтарони русро “фиреб” надиҳанд. “Худ ба як духтари рус ошиқ шуда буд, аммо он духтар Абдуллоҳро тарк кард ва бо ҷавони дигаре дӯст шуд ва Абдуллоҳ мегӯяд, ҳар шаб ин хоб медид, ки духтар он ҷавонро дӯст намедорад ва азми бозгашт дорад.”

Бахтиёр ҳамчунин афзуд, Абдуллоҳ аз он ки модараш дар Маскав кор мекунад, шадидан ношод буд ва мегуфт, агар ӯ пойи пиёда ба Тоҷикистон баргардад, модараш низ ба ватан хоҳад баргашт. Назира Бобоева ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро ба танҳоӣ бузург кардааст. Шавҳараш як вакили ҳуқуқии саршинос дар Тоҷикистон, пас аз якуним соли таваллуд шудани Абдуллоҳ оиларо тарк карда ва дар тарбияи писари худ саҳме надоштааст. Назира Бобоева, солҳои зиёд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон буда, ахиран ба Русия ҳиҷрат кардааст.

Дар ҳоле ки сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев ҷараёни қазияи Абдуллоҳ Бобозодаро зери назари худ гирифтааст, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия изҳори омодагӣ кард, ки вакили ҳуқуқии худро ба дифоъ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон сафарбар намояд.
XS
SM
MD
LG