Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нопадидшавии се ҷавони тоҷик дар Қирғизистон


Бишкек

Беш аз як моҳ боз се шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бедарак ҳастанд. Инҳо – ҷавонони 24-сола аз Душанбеву Кӯлоб ва Муъминободанд, ки ба қавли бархе аз афроди наздик ба онҳо, аз манзили иҷораашон дар шаҳри Бишкек рӯзи 5 ё 8-уми ноябри имсол нопадид шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек аз мақомоти тафтишотии Қирғизистон хостааст, барои пайдо кардани се шаҳрванди кишвар мусоидат кунанд. Дар Додситонии кулли Қирғизистон мегӯянд, бар асоси ин муроҷиат ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд.

Ойаҳмадов Хисрав Муродалиевич (1995, Кӯлоб), Муродов Фирӯз Раҷабович (1995, Муъминобод, ҷамоати деҳоти Баланд, деҳаи Тутқавул) ва Ҷангиев Наврӯз Фарҳодович (1995, Душанбе) аз 8-уми ноябр ба ин сӯ беному нишон ҳастанд. Ба иттилои наздикон, ин ҷавонҳо дар Қирғизистон бо корҳои гуногун – яке атрфурӯшӣ, дигаре пухтани сихкабоб ва сеюмӣ ба кори сохтмон машғул буд. .

Дар бораи он ки моҳи ноябр се ҷавони тоҷик дар шароити мармуз аз хонаи иҷораашон дар Бишкек нопадид шуданд, ба Радиои Озодӣ шаҳрванди Тоҷикистон Абдураҳим Ниёзов хабар дод. Ин сокини вилояти Суғд, ки дар Бишкек кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 12-уми декабр дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нопадидшавии ногаҳонии ин се ҷавони тоҷик, ки бо онҳо ба унвони ҳамватан рафтуомад мекард, бисёр нигарон шуда, ба чанд ниҳод муроҷиат кард. Пурсуҷӯи ӯ ва ҳам суҳбат бо хешовандони ҷавонҳо нишон дод, ки онҳо баъди 8-уми ноябр дигар бо касе дар тамос нашуданд, телефонҳояшон хомӯш шуд ва ҳеч дараки онҳоро пайдо карда намешавад.

Абдураҳим Ниёзов мегӯяд, аз суҳбатҳои қаблӣ бо ин ҷавонҳо шунидааст, ки оғози имсол бо фирор аз "облава" ба Бишкек барои кору зиндагии муваққатӣ омаданд. Ба қавли ӯ, хонаеро дар шаҳри Бишкек иҷора гирифта, ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд ва аз ҳамин хонаи воқеъ дар кӯчаи Молодая Гвардия аз ҷониби афроди ношинос, “эҳтимол ходимони ҳифзи қонун” боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда шуданд. Ниёзов гуфт, ҳар серо ҳамчун ҷавонҳое бо ахлоқи хуб мешинохт, "намозхон ва ҳамчун ҳамватан аз ҳамдигар бохабар буданд".

Як масъули Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дипломатҳои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба унвонии мақомоти дахлдори Қирғизистон муроҷиат карда, дархости таҳқиқи қазияи нопадидшавии ҷавонҳои тоҷикро кардаанд.

Рисбой Содиқов, мутахассиси аршади шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Додситонии кулли Қирғизистон шоми 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "раёсати амалиёти фаврии мо ин қазияро таҳти назорат гирифта, санҷиши фактҳо ҷараён дорад. Номаи сафоратро аз рӯзи 11-уми декабр таҳти рақами 6985 қабул кардем. Дар РПП ё Феҳристи ягонаи ҳодисаҳо ва ҷиноятҳое, ки дар ихтиёри тамоми сохторҳои интизомии Қирғизистон аст, аз рӯи исми ин шаҳрвандон чизе сабт нашудааст".

Содиқов афзуд, дар ҳолати бедарак шудани онҳо бояд сохторҳои ҳифзи қонун сари вақт огоҳонида мешуданд, то ҷараёни санҷиши ин ҳодиса пештар ба роҳ монда мешуд. Ба гуфтаи Содиқов, ҳодисаҳои монанди ин бесобиқа аст ва ба ҳамин хотир, сохторҳои ҳифзи қонун талош мекунанд, тамоми ҷузъиёти ҳодисаро мушаххас кунанд.

Феълан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст ва ҳеч хабар дар заминаи инки ин афрод метавонистанд аз ҷониби сохторҳои интизомӣ боздошт шуда бошанд, вуҷуд надорад.

Дар ҳоле ки се ҷавони тоҷик бедарак шудаанд, хешовандонашон дар Тоҷикистон аз сарнавишти онҳо хеле нигарон ҳастанд. Аз ҷумла, волидони Наврӯз Ҷангиев ва Фирӯз Муродов ба унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ариза дода хоҳиш карданд, ки барои пайдо кардани дараки фарзандонашон ёрӣ расонанд.

Ба гуфтаи наздикон, ҳар се ҷавон бо ҳам робитаи дӯстии дерина доштанд, замоне дар Русия таҳсилу кор кардаанд ва ба Қирғизистон ҳам бо даъвати дӯстони қирғизашон рафтаанд. Ба қавли наздикони Наврӯз ва Фирӯз, ҳардуи онҳо бо сабаби надоштани ҳаққи сафар ба Русия қарор карданд, ки ба Қирғизистон барои кори муваққатӣ мераванд.

Рӯзи 12-уми декабр талошҳо барои пайдо кардани наздикони Хисрав Ойаҳмадов бенатиҷа анҷомид.

Файзалӣ Муродов, бародари Фирӯз, рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Душанбе гуфт, бо додараш бори охир рӯзҳои 3-4-уми ноябр ҳамсуҳбат шуд ва ӯ гуфт, то 1-уми декабр ба Тоҷикистон бармегардад. "Ягон проблема надошт, мегуфт, ҷоям, савдоям хуб аст".

Ба суоли Радиои Озодӣ, ки то куҷо Фирӯз эҳтимол метавонист бо гурӯҳҳои машкук ва ё мамнӯи динӣ бипайвандад, Файзалӣ Муродов посухи рад дод ва гуфт, додараш "мисли ҳама мусалмонон намозхон буд", вале "ҳеч гоҳ майле ба гурӯҳҳои бегона надошт".

Падари Наврӯз – Фарҳод Ҷангиев ҳам, ки аз бедарак шудани писараш шадидан нигарон аст, мегӯяд, то сафар ба Қирғизистон писараш ҳамроҳи ӯ дар як бахши ширкати “Фароз” кор мекард ва рӯзе тасмим гирифтанд ба Русия барои кор бараванд. "Вақте ба Русия рафттанӣ шудем, паспорт гирифтем. Рафтем, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштааст. Моҳи феврал ҳамроҳи дӯстонаш ба Бишкек рафт. Ман онҳоро намешинохтам, фақат худаш мегуфт, ки якеаш аз Мӯъминобод аст. Онҳо чаҳор сол дар Селхозакадемияи вилояти Иваново якҷо хонданд. Лекин дипломашонро нагирифтанд. Як дафъа пул даркор шуд, ман дертар фиристодам... Баъд ба Бишкек барои кор рафтанд".

Санҷидани дурустии хабар дар бораи он ки ин ҷавонҳо дар донишгоҳи Русия таҳсил кардаанд, феълан имкон надорад, вале ба нақли наздикон, ба Қирғизистон "бо даъвати ҳамкурсонашон рафтанд". Фарҳод Ҷангиев гуфт, пеш аз сафар писараш бо худ “барои савдо атриёт гирифт” ва аз рӯи шунидаш, вақтҳои охир дар назди масҷиди марказии Қирғизистон дар Бишкек дар як "сихкабобхона" кор мекард. Падар гуфт, Наврӯз бояд моҳи ноябр ба хона бармегашт, вале шунид, ки писари ӯву дӯстонашро “се нафар омада бурданд”.

Фарҳод Ҷангиев гуфт, "шояд риш доштани" писараш барои ӯ мушкил эҷод карда бошад, вале таъкид кард, ки писараш ҳеч гоҳ "рафтору кирдори бад, иртибот бо гурӯҳҳои мамнӯъ ваё андешаҳои бегона" надошт.

Қирғизистон як кишвари ҳамсарҳади Тоҷикистон аст ва шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳақ доранд, бе виза дар қаламрави якдигар бимонанд. Ба иттилои Абдураҳим Ниёзов, дар сурати ба муҳлати беш аз 60 рӯз ва бо нияти кор ба ин кишвар омадани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз онҳо тақозо мешавад, ки дар маҳалли зисташон ба муҳлати шаш моҳ ба қайд гирифта шаванд.

Ба гуфтаи Ниёзов, ҳарсе ҷавони нопадидшуда дар хонае, ки иҷора мегирифтанд, қайди расмӣ доштанд ва шароити будубошашон дар ин кишвар қонунӣ буд.

Қирғизистон яке аз кишварҳои боз дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар бо ҳадафи кору зиндагӣ зиёд иттифоқ меуфтад. Ба иттилои Қодиршоҳи Мурувват, яке аз фаъолони ҷомеаи тоҷикон, Қирғизистон макони зисти 56 ҳазор тоҷик аст, ки дорои шаҳрвандии ин кишвар мебошанд. Вале шумори тоҷикистониҳое, ки ба ин ҷо бо ҳадафи кору таҳсил меоянд, дар даст нест.

Ӯ гуфт, аксари тоҷикистониҳоро дар Қирғизистон донишҷӯён ташкил медиҳанд, ки дар мактабҳои олии ин кишвар мехонанд. Айни замон шумори тоҷирону соҳибкорон ҳам, ки барои савдову кор меоянд, кам нест.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG