Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Билол Мақсудов аз Истанбул ба Душанбе


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар интиқоли маводи мухаддир гумонбар дониста мешуд, аз Истамбули Туркия ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Кормандони мақомоти интизомӣ соли 2010 зимни як амалиёт мошинеро бо 57 килограм маводи мухаддир пайдо карданд, ки ӯро ба Мақсудов Билол марбут донистанд.

Тавре як манбаъи мӯътамад ба Радиои «Озодӣ» гуфт, Мақсудов Билол ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе қарор дошта, нисбат ба ӯ бо моддаи 200 қисми 4, (хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир ба миқдори калон) ва 340 қисми 2, (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

Кормандони мақомоти интизомӣ бар ин гумонанд, ки пас аз содир кардани ин ҷиноят Мақсудов Билол ба Туркия фирор кардааст. Ӯ 15 рӯзи пеш аз ҷониби пулиси байналмилалалӣ -- "Интерпол" боздошт шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Билол Мақсудов, бародари Эмом Мақсудов, Директори корхонаи кабелбарории Душанбе, ки бо номи «Эмом хубак» маъруф аст, мебошад.

Тибқи иттилои торнамои расмии "Интерпол", дар ҳоли ҳозир беш аз 150 нафар аз сӯи Тоҷикистон дар рӯйхати пулиси байналмилалӣ барои боздошт қарор доранд.

Охирин ҳодисаи боздошти шаҳрвандони тоҷик аз сӯи "Интерпол", роҳи гузашта дар Русия анҷом шуд. Ходимони «Интерпол» ҳангоми ҷустуҷӯи як трактори рабудашудаи «GCD», ки ба Бритониё тааллуқ дошт, дар шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.

Ходимони «Интерпол», ҳангоми тафтиши ин хабар, ки трактори дуздидашудаи «GCD»-и мутааллиқ ба Бритониёдар маҳалли як сохтмон дар кӯчаи «Лагерни»-и шаҳраки Колпинои Санкт-Петербург пинҳон карда шудааст, ин шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистонро низ дарёфт намуданд, ки низ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт. Онҳо мегӯянд, пас аз кашфи трактор дар ин пойгоҳ ба тафтиши ҳуҷҷати бинокорон пардохтанд ва дар ин ҷо шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор намуданд, ки «Интерпол» ӯро аз соли 2012 ба ин сӯ ҷустуҷӯ мекард.
XS
SM
MD
LG