Маҳмадшариф Маҳмудзода, сокини 23-солаи деҳаи Боғи Миррии ноҳияи Файзободро вақти сафараш бо қатор ба Русия дар истгоҳи Сариосиё тафтиш ва дастгир кардаанд. Маҳмадназар Маҳмудов, падари Маҳмадшариф, 17 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боздошти писараш 10 рӯз гузашт ва ӯ намедонад, ки чӣ гуна фарзандашро халос кунад.
Ӯ афзуд, "писарамро дар даромадгоҳи Сариосиё дастгир кардаанд. Ӯ донишҷӯ аст ва бори аввал ба Русия меомад. Илтимос кардем, ки наё-наё, вале гӯш накард. Насибаш ҳамин будааст."
Ба гуфтаи Маҳмадназар Маҳмудов, вақте писарашро дар истгоҳи роҳи оҳани Маскав пайдо накарданд, ду рӯз дар ҷустӯҷуи ӯ саргардон шуданд. Баъд аз ин ду рӯз Маҳмадшариф ба наздиконаш дар ноҳияи Файзобод занг зада, фақат ҳамин қадар гуфтааст, ки ӯро дар Узбакистон боздошт кардаанд.
"Мо вокзалҳоро ин тарафу он тараф кофтем, ба шӯъбаҳои милиса муроҷиат кардем, инҳо гуфтанд, ки ё дар роҳ ӯро фаровардаанд ва ё дар Оқсарой поин омадааст. Дар Оқсарой ҳам ӯро пайдо накардем, баъди як-ду рӯз худаш телефон кард," -- нақл кард Маҳмадназар Маҳмудов.
Мӯҳтавои видеои исломие, ки дар телефони ҳамроҳи Маҳмадшариф Маҳмудзода вуҷуд доштааст, маълум нест, вале бародарашу падараш мегӯянд, ки ӯ ҷавони бисёр мазҳабӣ набуд. Ҳоло падари ҷавони тоҷик нигарон аст, ки мабодо писарашро бо иттиҳоми ифротгароӣ зиндонӣ накунанд. Ӯ афзуд, ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардааст ва онҳо посух додаанд, ки бояд вакили дифоъ гирифта ба Узбакистон биравад, вале падари Муҳаммадшариф мегӯяд, ки ингуна пулро надорад.
Айни замон як нафар, ки ба падари ҷавони боздоштшуда занг зада ва худро вакили дифои писараш муаррифӣ кардааст, гуфта, ки дар сурати додани 1300 доллар метавонад писарашро аз боздошт раҳо кунад: “Ман гуфтам, кӣ кафолат медиҳад, ки писарамро ҷавоб медиҳанд. Гуфт, ягон кафолат нест. Мегирем, ҷавобаш медиҳем ё ин тараф ё он тараф мефиристем, меравад. Гуфт, ки ҳамин корро карда метавонам. Вале ман ӯро надидам. Намедонам, ҳайрон шудам, ки чӣ кор кунам.”
Хонаводаи Маҳмадшариф Маҳмудзода ба мақомоти расмии Тоҷикистон дар дохили кишвар дар робита ба қазияи дастгир шудани ӯ муроҷиат накардаанд.
Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо наворҳои исломӣ ва адабиёти исломӣ дар қаламрави Узбакистон дар гузашта зиёд мушоҳида шудааст. Аммо баъзе аз онҳоро баъди боздошти серӯза бо ҷаримаҳои сабук озод кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, бисёре аз муҳоҷирони корӣ ноогоҳона, видеову наворҳои исломиро дар компютеру телефонҳои худ нигаҳ медоранд ва ҳангоми сафар бо қатор аз тариқи қаламрави Узбакистон маъмурони амниятӣ онҳоро тафтиш карда ва то замони мушаххас шудани мӯҳтавои навор ҷавононро дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки барои интиқолу нигаҳ доштани адабиёту наворҳои дорои мӯҳтавои ифротгароёна дар Узбакистон ба зиндон маҳкум шудаанд.