Пайвандҳои дастрасӣ

Девона ё ҳушёр? Боздошти Давлатқадам як моҳи дигар дароз шуд


Давлатқадам Давлатқадамов. Ин аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Додгоҳи ноҳияи Жуковский муҳлати боздошти Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони тоҷики муттаҳам ба авбоширо дар ҳавопаймои Маскав – Душанбе боз як моҳи дигар дароз кард. Қарори додгоҳ рӯзи 29-уми сентябр содир шуд.

  • Дар мурофиаи додгоҳии рӯзи шанбе ташхисгарон гуфтаанд, ки дар як моҳи гузашта натавонистанд солим будан ваё мушкили равонӣ доштани Давлатқадам Давлатқадамовро дақиқ кунанд. Давлатқадамов, ки ҳоло дар боздоштгоҳи ноҳияи Кашираи Маскав нигаҳдорӣ мешавад, шоми 29-уми август боздошт шуд.
Ҳамаро мешиносад, хуб гап мезанад, лекин дар чанд дақиқа тағйир мекунад. Дар мо - мусалмонҳо - мегӯянд, ки ин хел одамҳо ҷин доранд

"Баъзан бемориаш хуруҷ мекунад"

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Маскав ба Душанбе меомад, ҷанҷол барпо карда ва як меҳмондорро латту кӯб намуд. Ин ҳодиса боис шуд, ки ҳавопаймо дубора ба Маскав баргардад ва нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Пайвандони ин ҷавон мегӯянд, ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ аст, вале бо гузашти беш аз як моҳ он тасдиқ намешавад. Аким Давлатқадамов, амаки ин ҷавон, рӯзи 1-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ташхисгарон гуфтанд, барои маълум кардани ҳолати рӯҳии Давлатқадам мушкил мекашанд. Ба гуфтаи ӯ, гоҳе Давлатқадам мисли одами солим ба назар мерасад, вале ногаҳон вазъаш тағйир карда, ҳарфи “ман Худоям”-ро такрор мекунад.

Давлатқадам Давлатқадамов дар ҳодисаи 29-уми август
Давлатқадам Давлатқадамов дар ҳодисаи 29-уми август

“Ташхисгарон гуфтанд, ҳанӯз маълум накарданд, ки Давлатқадам солим аст ё мушкили равонӣ дорад. Мо бовар дорем, ки ӯ солим нест. Вазъияташ дар боздоштгоҳ якбора бад мешавад”, - афзуд ӯ.

"Ин хел одамҳоро мегӯянд, ки ҷин задааст"

Амаки Давлатқадам мегӯяд, дар толори додгоҳ ба ӯ иҷоза доданд, ки бо ҷиянаш суҳбат кунад. “Ҳамаро мешиносад, хуб гап мезанад, лекин дар чанд дақиқа тағйир мекунад. Дар мо мусалмонон мегӯянд, ки ин хел одамҳо ҷин доранд. Ӯро бояд бо ояти Қуръон табобат кард, вале дар додгоҳ гуфтанд, то хулосаи ташхис набарояд, ҳеҷ тасмим намегиранд”, - афзуд ӯ.

Аз ин пеш, мақомоти Русия гуфтанд, ки нисбат ба Давлатқадам Давлатқадамов бо иттиҳоми “авбошӣ дар дохили ҳавопаймо” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад, вале дар сурати тасдиқи бемории равонӣ ӯ, аз ҷавобгарӣ озод гашта, ба табобат фиристода мешавад.

Орзуи ҳавонавардӣ дошт, аммо ба орзуяш нарасид

Давлатқадам Давлатқадамови 25-сола зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст. Падараш мегӯяд, Давлатқадам орзуи ҳавонавард шуданро дошт ва баъди хатми синфи нӯҳ дар "Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон" курси ҳавонавардиро хонд. Ӯ пас аз хатми давраи омӯзишӣ барои таҳсил ба Русия рафт ва соли 2013 ба Коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Омск дохил шуд.

Давлатқадамов аз рӯи ихтисоси "Истеҳсоли муҳаррикҳои ҳавопаймо" таҳсил мекард. Вале, ба қавли падараш, ӯро ба далели надоштани шаҳрвандии Русия ба мактаби олии ҳавонавардӣ қабул накардаанд.

Мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе, ки шаби 29-уми август дар пайи ҷанҷоли як ҷавони тоҷик маҷбур шуд парвозро қатъ кунад, мегӯянд, аз воқеаи рухдода бисёр тарсидаанд. Яке аз ин мусофирон гуфт, баъди таҳдиди Давлатқадам Давлатқадамов, ки гуфт “ҳавопайморо мекафонад” ҳама доду фарёд заданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG