Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии посбони “Тоҷиддин – командир” аз асорати Баширхон


Ҳабиб Қарахонов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва посбони ҳавзи подполковник Тоҷиддин Насриддинзода ("Тоҷиддин-командир") пас аз ду ҳафтаи асорат аз чанги қочоқчиёни афғон озод карда шуд. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 27-уми сентябр Ҳабиб Қарахонови 55-соларо ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 28-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки Ҳабиб Қарахонов баъди бозпурсӣ ҷавоб шуда, дар хонааш, назди пайвандон қарор дорад. Аммо то ҳол тафсилоти шарту шароити озодсозии Ҳабиб Қарахонов аз дасти гурӯҳи қочоқбарони афғон ошкор нашудааст.

Маҳалле, ки қочоқбарон ин шаҳрвандро рабуданд, дар соҳили рӯди Панҷ ҷойгир аст ва аз хатти сарҳад як километр дурӣ дорад.

Намояндагони мақомоти интизомии Афғонистон низ хабари таслим кардани Ҳабиб Қарахонов ба ҷониби Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар пайи фишорҳо ба фармондеҳ Баширхон муяссар шуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти қоҷоқбарон раҳо шавад.

Саид Ҷаҳонгир Каромат, як мақоми пулиси вилояти Тахори Афғонистон, рӯзи 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон тӯли ду ҳафта дар дасти афроди фармондеҳ Баширхон қарор дошт. Ба гуфтаи вай, "дар сурати таслим накардани Ҳабиб Қарахонов, омодаи роҳандозии як амалиёти густурда барои озодсозии ин шаҳрванди Тоҷикистон будем".

Панҷ соли Ситора дар асорати Муҳаббат дар Афғонистон

Ҳабиб Қарахонови 55-сола, сокини деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ ва посбони ҳавзи подполковники милиса, корманди шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакилӣ Вазорати корҳои дохилӣ Тоҷиддин Насриддинзода ("Тоҷиддин-командир") рӯзи 15-уми сентябр аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарон рабурда шуда буд. Он рӯз Ҳабиб Қарахонов ҳамроҳи Сайфиддин Насриддинов, падари "Тоҷиддин-командир" дар ҳавз якҷоя кор мекардаанд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон дар пай гуфтанд, ки барои раҳоии ин шаҳрванди кишвар аз чанги қочоқбарони афғон, бо мақомоти Кобул вориди гуфтугӯ шудаанд. Ба гуфтаи Саид Ҷаҳонгир Каромат, ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам вазири умури дохилии он кишвар ба фармондеҳ Баширхон фишор оварданд, то ин шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо намояд.

Маҳалле, ки қочоқбарон ин шаҳрвандро рабуданд, дар соҳили рӯди Панҷ ҷойгир аст ва аз хатти сарҳад як километр дурӣ дорад.

XS
SM
MD
LG