Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Туркия бо Сурия


Мақомоти интизомии Туркия панҷ шаҳрванди хориҷиро, ки миёнашон аз Тоҷикистон ҳам будааст, дар марзи ин кишвар бо Сурия боздошт кардаанд, ки қасди пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро доштанд.

Расонаҳои Туркия рӯзи панҷшанбеи 24 март хабар додаанд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар ноҳияи Ғозиёнтеппа, дар марзи Туркия бо Сурия панҷ шаҳрванди хориҷиро боздошт кардаанд, ки қасди убури марз ва пайвастан ба сафи созмони “Давлати исломӣ”-ро доштанд.

Ба навиштаи ин расонаҳо, миёни афроди боздоштшуда, шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон будаанд, ки аллакай шоҳидӣ низ додаанд. HaberTurk, яке аз расонаҳои туркӣ навишт, ки таҳқиқи ин қазия ҷараён дорад ва пас аз итмом, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсод мегардад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, то ба ҳол дар ин бора ба онҳо хабаре нарасидааст.

Боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар ноҳияи Ғозиёнтап, дар марзи Туркия бо Сурия дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта низ маъмурони амниятии турк дар ҳамин минтақаи марзӣ 25 хориҷиро боздошт карда буданд ва гуфта шуда буд, ки миёни онҳо тоҷикистониён низ ҳастанд ва мехостанд, ба Сурия бираванд.

"Миллият", сомонаи туркӣ навишта буд, ки ин 25 нафар шоми 12-уми июл дар вокзали байнишаҳрии автобусҳои Ғозиёнтап дар наздикии сарҳади Туркия дастгир шуданд ва теъдоде аз онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ мебурданд. Ҳангоми бозпурсӣ баъзе дар баёноташон навиштаанд, ки барои муҳоҷират ба Сурия мераванд ва теъдоди дигар гуфтаанд, бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамақида ҳастанд ва мехостанд, барои "ҷиҳод" дар Сурия ба сафи ин гурӯҳ бипайванданд.

Бино ба охирин маълумот, ҳоло дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷ 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳо ширкат мекунанд. Соли гузашта 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба кишвар баргаштанд. 780 нафари дигар, ки як ҷо бо тундравҳои "Давлати исломӣ" меҷанганд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд. 85 дарсади ононе, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз муҳоҷирати корӣ ба тундгароён пайвастаанд.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфта буд, ки аксари тоҷиконе, ки дар Сурияву Ироқ дар даргириҳо ширкат доранд, узви созмони мамнуи Салафия мебошанд.

Ба гуфтаи вай, ин ягона созмоне дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз ақидаву афкори тундравҳои "Давлати исломӣ" ҷонибдорӣ мекунад. Ин созмон дар соли 2009 дар Тоҷикистон созмони мамнуъ ва террористӣ эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG