Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз наомадани украиниҳо ба Душанбе изҳори таассуф карданд


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ҳайатҳо.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ҳайатҳо.

Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз иштирок накардани ҳайати Украина дар нишасти Душанбе изҳори таассуф кардааст. Масъулини созмон гуфтанд, мондани Украина дар ИДМ ба манфиати худи ин кишвар аст.

Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ рӯзи ҷумъаи 1 июн пас аз анҷоми нишасти Душанбе аз наомадани ҳайати Украина изҳори тассуф кард ва онро мояи нигаронӣ хонд.

Лебедев дар ҳузури хабарнигорон гуфт, то ҳол аз Украина барои берун шудан аз узвияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил ягон дархости расмӣ нагирифтаанд. Роҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ изҳори умедворӣ кард, ки Украина дар ин ҳайати ин созмон боқӣ мемонад, “чун ин кор ба манфиати худи Украина аст.”

Сергей Лебедев
Сергей Лебедев

Ба қавли Сергей Лебедев, ҳамаи ҳайатҳои нишасти Душанбе аз наомадани намояндагони Украина изҳори таассуф кардаанд. Қаблан Петр Порошенко, раисҷумҳури Украина гуфт буд, кишвараш аз узвияти ин созмон хориҷ мешавад.

Дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз аз намояндагони Украина фиристодаҳои дигар кишварҳо иштирок доштанд. Нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор гардид.

Пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳузури сарони ҳукуматҳои кишварҳои муштаракулманофеъ, хостори танзими равандҳои муҳоҷират ва тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм шуд.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур рӯзи 1-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои муштаракулманофеъ гуфтааст, “яке аз вазифаҳои муҳим ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва таҳияи равишҳои ягона ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ ва муҳоҷират мебошад. Зарур мешуморем, ки корҳо дар самти таъсиси низоми амалии танзими раванди муҳоҷират фаъол карда шаванд» - гуфтааст, ӯ.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои аслии муҳоҷирфирист ба Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ аст ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия яке аз масоили доғ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз сарони кишварҳои муштаракулманофеъ хостааст, фаъолиятҳоро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддиро, ки асосан аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, бештар кунанд.

«Вазъияти пуризтироб дар марзҳои ҷанубии иттиҳод – дар Афғонистон ба миён меояд. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли ғайриқонунӣ ва содироти маводи мухаддир аз кишвар афзоиш меёбад. Дар ин росто, тақвияти ҳамоҳангии фаъолиятро миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Иттиҳод зарур мешуморем» - гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзе пеш Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев мулоқот кард.
Рӯзе пеш Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора як рӯз баъд аз он сӯҳбат кард, ки Толибон ба чанд ноҳияи марзии Афғонистон ҳамла карда ва ноҳияи Дарқад, яке аз ноҳияҳои наздик ба сарҳади Тоҷикистонро барои муддате гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистону Русия мегӯянд, дар манотиқи шимолӣ ва наздик ба марзи Афғонистону Тоҷикистон тақрибан 7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон ҷамъ омадаанд ва хатари сирояти ноамнӣ ба Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.

Тоҷикистон айни замон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ӯҳда дорад ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, бахусус ба «таҳкими ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи ғайриқонунии яроқ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ» тамаркуз кардааст.

Нишасти сарони кишварҳо бе ҳузури ҳайати Украина
Нишасти сарони кишварҳо бе ҳузури ҳайати Украина

Мулоқоти сарони ҳукуматҳо ва раисони ҳайатҳои кишварҳои узв рӯзи 1-уми июн дар Душанбе шурӯъ шуд. Дар мулоқот Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, Андрей Кобяков аз Белорус, Абдулло Орипов аз Узбекистон, Бахитжан Сагинтаев аз Қазоқистон, Муҳаммадкалӣ Абилгазиев аз Қирғизистон, муовинони нахуствазирони Арманистон, Яқуб Эюбов ва раҳбарони баландмақоми кишварҳои дигар ширкат доштанд.

Нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ним рӯз идома кард. Ҳайатҳои иштирокдори нишасти Душанбе дар поёни ҷаласа 14 санади ҳамкориро имзо карданд. Ин созишномаҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, башарӣ ва дигар соҳаҳоро дарбар мегирифт.​

XS
SM
MD
LG