Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ аспбози тоҷик дар "банди" мухлисони Чин. ВИДЕО


Гурӯҳи "Сомон" зимни ҳунарнамоӣ дар яке аз сиркҳои Чин.

Барои як гурӯҳ ҳунарпешагони тоҷик дар Чин 20 сол лозим аст, то ҳунари аспсавории худро дар шаҳру навоҳии ин кишвари бештар аз 1 миллиарду 300 миллион нафарӣ намоиш диҳанд.

Гурӯҳро Фирӯз Убайдов, ҷавони 26-солаи тоҷик аст, раҳбарӣ мекунад, ки ду сол пеш барои ширкат дар як намоиши дорбозон ба Чин рафт ва он ҷо монд.

Дар гурӯҳи панҷ писари тоҷик ва як духтари украинӣ шомил ҳастанд ва бо парчами Тоҷикистон дар саҳнаҳои сиркҳои Чин ҳунарнамоӣ мекунанд.

Фирӯз Убайдов гурӯҳи чобуксаворонро “Сомон” ном гузоштааст. Ӯ рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аспбозии онҳо дар сиркҳои Чин тамошобини зиёд дорад ва зуд-зуд аз сиркҳои маҳаллӣ барои намоиш дархост мегиранд.

Фирӯз бахши коргардонии Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистонро хатм кардааст. Чанд сол дар сирки давлатии Тоҷикистон дорбозӣ мекард ва чун маошаш камтар буд, ба хориҷи кишвар рафт.

“Вақте ин ҷо омадам, қазоқҳо чунин гурӯҳ доштанд. Дар сарам ин идея пайдо шуд, ки гурӯҳи тоҷикӣ ташкил кунем. Бо коргардонҳои маҳаллӣ машварат кардам ва гурӯҳро таъсис додем. Ин ҷо чобуксаворӣ ва аспбозиро дӯст медоранд. Мо бо парчами Тоҷикистону Чин ҳунарнамоӣ мекунем”- гуфт ӯ.

Чиниҳо намехоҳанд, аспбозони тоҷик ба Душанбе баргарданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:12 0:00

Аввалин нафаре, ки Фирӯз ба гурӯҳ ҷалб кард, Беҳрӯз, бародари 22 солааш буд. Баъдан панҷ нафари дигар, ки ба гуфтаи Фирӯз ҳунари хуби аспбозӣ доранд, ба онҳо пайвастанд.

“Гурӯҳро таъсис додем, вале як духтар намерасид. Аз Тоҷикистон духтари аспбоз наёфтем. Кристина Трушенкоро аз Украина пайдо кардем ва ба гурӯҳ ҷалб кардем” - гуфт Фирӯз.

Кристина 22 сол дорад ва узви калидии гурӯҳи аспбозони тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аввал ба даъвати гурӯҳи ҷавонони тоҷик чандон бовар накард, вале баъди омадан ба Чин, онҳоро ҷиддӣ дарёфт.

“Кор дар гурӯҳи аспбозони тоҷик бароям хуш аст. Ман ҳам муваққатан омада будам, вале ҳоло умедворам, ки бо ин гурӯҳ тӯлонӣ кор мекунам”- гуфт ӯ.

Кристина ва ҳамроҳони тоҷикаш то кунун дар Чин 400 барнома иҷро кардаанд. Ҷан Чоу, аз кормандони яке аз сиркҳои Чин гуфт, мардум намоишҳои гурӯҳи "Сомон"-ро хуш доранд.

"Ҳунари аспсаворони тоҷикро чиниҳо хуш қабул карданд. Ман аз ҳамкорӣ бо онҳо ифтихор мекунам" - мегӯяд, ӯ.

Ҷумҳурии Чин, сераҳолитарин кишвари дунё бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран барои тиҷорату таҳсил ба ин кишвар мераванд.

Гурӯҳи аспбозон аз ҷумлаи он теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Чин ҷойи кори доимӣ пайдо кардаанд. Фармоишгарони чинӣ ният доранд, шартномаи ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Сомон"-ро тамдид кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG