Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯдакони "хориҷӣ"-и Тоҷикистон ҳарими хусусӣ меҷӯянд


Равоншиносони Салиби Сурх корро бо чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварданд, шурӯъ карданд. Ин созмон бо мусоидати равоншиносон талош дорад, барои мутобиқ шудани кӯдакон ба зиндагии нав ба онҳо кӯмак кунад.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки кӯдаконашонро бо худ ба Сурияву Ироқ бурданд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, ки сарнавишти фарзандони онҳо чӣ шуд.

Моҳи апрели имсол чаҳор кӯдаки тоҷик аз паноҳгоҳе аз Бағдоди Ироқ ба ватан оварда шуданд. Ин кӯдакон ҳоло дар тарбияи хешу табор ва бобову бибии қарор доранд. Гурӯҳи равоншиносони Салиби сурх, ки акнун корро бо ин атфол шурӯъ карданд, аз 4 нафар иборатанд ва ҳар яке бо як кӯдак сӯҳбат ва кор мебарад.

Сӯҳбатҳои равоншиносон бо кӯдакон аз моҳи май шурӯъ шудааст ва мулоқотҳо ҳам дар хонае, ки худи кӯдакон ба сар мебаранд, анҷом мешавад. Ин маслиҳатҳои равонӣ вобаста ба равони кӯдакон идома мекунад.

"... аз суоли зиёди атрофиён хушашон намеояд"

Бҳава Пойдуал, равонишинос аз Кумитаи Салиби Сурх рӯзи 26-умии июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "баъди овардани кӯдакон мо ҳамроҳ бо ҳамкоронамон ду маротиба ба дидану мулоқоти онҳо рафтем. Мо бо онҳо сӯҳбат ва бозиҳо мекунем. Ин сӯҳбатҳо аз 1 то 4 соат давом карда, дар муҳити барои худи кӯдакон оншо доир мешавад".

Бҳава Пойдуал гуфт, беҳтар аст, ки ин кӯдакон аз маркази таваҷҷӯҳи омма дур қарор дошта бошанд ва аксу наворашон дар расонаҳо нашр нашавад. Чун ин амал боиси нороҳатии онҳо мешавад ва эҳтимол дар зиндагии оянда барояшон дарди сар эҷод кунад.

Чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.
Чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.

Ӯ аз ҷумла Марями 11-соларо, ки ҳамроҳ бо 3 нафари дигар аз Ироқ баргашт ва ҳоло дар тарбияи бобои худ қарор дорад мисол оварда ва гуфт: "Марямро ҳам дидем, дустурӯяк аст. Вале аз суолҳои зиёде, ки атрофиён ба ӯ медиҳанд, хушаш намеояд. Аслан суолу ҷавоб бо ин гурӯҳи кӯдакон вазифаи равоншиносон аст. Аслан барои онҳо суолҳое мисли ин, ки он ҷо чӣ дидӣ ва чӣ ҳодисаҳое буд, хеле бад аст. Ҳоло мо бояд онҳоро мисли як кӯдак дастгирӣ кунем ва аз ин ҳодисаҳо дур нигоҳ дорем."

Кӯмаки равонии Кумитаи байнналмилалии Салиби Сурх ба кӯдакони аз даҳшати ҷанг ба ватан баргардонидашудаи тоҷик дар ҳолест, ки Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ ҳам ахиран дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар навбати аввал мехоҳанд, ба хонаводаҳое, ки ин кӯдаконро ба парастории худ қабул мекунанд, ёрии молӣ ва кӯмаки иҷтимоӣ расонад. Зеро дар баробари чанд фарзанди худ боз тарбияву таъмини як кӯдаки дигар ба гуфтаи масъулини ЮНИСЕФ осон нест.

Ин созмон ҳам дар баробари мақомоти Тоҷикистон ва Кумитаи Салиби Сурх дар баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада саҳм дорад. Қабл аз овардани 4 кӯдаки тоҷик ба Душанбе ҳам намояндагони ин созмон дар Ироқ бо кӯдакон мулоқот кардаанд.

Лучиано Калестинӣ.
Лучиано Калестинӣ.

Лучиано Калестинӣ, раҳбари ин созмон дар Тоҷикистон дар робита ба ҳолати кӯдакон гуфт, "ҳамкорони мо гуфтанд, ин кӯдакон дар аввал бо онҳо аслан сӯҳбат намекарданд, пӯшида буданд. Онҳо намедонистанд, ки чӣ интизорашон аст ва дар атрофашон чӣ мегузарад. Онҳо баргаштан намехостанд. Баъзе аз ин кӯдакон, махсусан атфоли хурдсол дар бораи Тоҷикистон тасаввуроту маълумот надоранд. Онҳо дар он давлатҳо таваллуд шудаанд ва ягон ҳуҷҷат ҳам надоранд."

Кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд

Равоншиносони Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх мегӯянд, ҳоло тамоми талоши худро ба он равона мекунанд, ки ин 4 кӯдак даҳшати ҷангро аз ёд бурдаву ба муҳити хубу орому оила баргарданд. Равоншинос таъкид мекунад, ки дар ин кор кӯмаки ҷомеа ва хонаводаву расонаҳо хеле муҳим аст.

"Онҳо ҳоло бояд ба муҳити хуби оилаҳои худ баргардонида шаванд. Бояд аз тарафи ҳамсояҳо, кӯдакони ҳамсоя ва умуман ҷомеа дастгирӣ шаванд, бояд аз эҳсосоту хотироти манфӣ дур нигаҳ дошта шаванд. Зеро онҳо ҳанӯз кӯдаканд",-мегӯянд равоншиносони Кумитаи байналмилалии Салиби Сур.

Қарор аст ин 4 кӯдаке, ки аз Ироқ ба ватан оварда шуданд, сар аз моҳи сентябри имсол ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ба таъкиди раҳбари бунёди атфоли СММ ҳам вақте кӯдак ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ӯ эҳсос мекунад, ки ба муҳити ором ва ба зиндагии муқаррарӣ баргаштааст.

Омбудсмени кӯдак: "Кумак мекунем"

Раҷабмоҳ Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди бозгашти кӯдакон ба Тоҷикистон онҳо вазъи кӯдакон ва муҳитеро, ки ӯро фаро гирифтааст, муносибати хонаводаро бо ин атфолро омӯхтанд. Раҷабмоҳ Ҳабибулло мегӯяд мақомоти маҳаллӣ ҳам муваззаф шудаанд барои омода кардани санади зарурӣ ба кӯдакон кӯмак кунанд.

Раҷабмоҳ Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон.
Раҷабмоҳ Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон.

"Мутаасифона кӯдаконе, ки он ҷо қарор доштанд, ҳуҷҷати муайякунандаи шахсият надоранд. Мо дар ин масъала ба онҳо кӯмак мекунем. Масалан, вақте Марям баргардонида шуд, мо рафта аз ҳоли ӯ бохабар шудем. Бо наздиконашон сӯҳбат кардем, ки кӯдак дар муҳити созгор тарбия ёбад. Бо мақомоти маҳаллӣ барои барқарор кардани ҳуҷҷати кӯдак ва омода кардани ӯ барои таҳсил сӯҳбат кардем."

Кӯдакони тоҷик дар Ховари Миёна

Дар маҷмӯъ бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ба мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастанд. Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

Бо дастури президенти Тоҷикистон, ки гуфтааст, кӯдакон ва афроди дигари бегуноҳро аз қаламравҳои ҷангӣ ба ватан баргардонанд, моҳи апрел нахустин гурӯҳи чорнафарии кӯдакони ятиммонда ба Душанбе интиқол ёфтанд.

Охири моҳи май хабар расид, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон чаҳор кӯдаки дигарро ва ин бор аз Сурия ба ватан оварданд. Ному насаби ин кӯдакон "ба хотири ҳимояи ҳуқуқи инсонҳо ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ" ошкор нашуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG