Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакон орзу доранд, аммо...


Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон дар ҳоле ҳамчун рӯзи мубориза бо табъизи хурдсолон таҷлил карда мешавад, ки Тоҷикистон тайи чанд соли ахир бо ҳамин мушкил мувоҷеҳ аст.

Тибқи омори созмонҳои байналмилалӣ, ҳар кӯдаки 6 -ум дар Тоҷикистон бо табъизу зӯроварӣ рӯ ба рӯст. Муҷозоти кӯдак дар Тоҷикистон умдатан ҳамчун як бахши тарбияи онҳо талаққӣ мешавад ва ҷомеа онро маҳкум намекунад. Пажӯҳиши ахири Бунёди атфоли СММ маълум кардааст, ки ҳатто худи хурдсолон низ хушунату зӯровариро дар нисбати худ на чун нақзи ҳуқуқ, балки чун як роҳи тарбия қабул мекунанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсади аҳолӣ сини то 17-сола ҳастанд ва бо вуҷуди талошу корҳои марказу созмонҳои мухталифи умури кор бо кӯдакон, атфоли тоҷик бо надоштани дастрасӣ ба таҳсили хуб, сӯистифода аз нерӯии кории онҳо ва хушунати хонаводагӣ нақзи ҳуқуқ мешаванд.

Таҳлилагрон низ мегӯянд, дар қиёс бо даврони Шӯравӣ, ки дар нисбати кӯдакон муроқибат бештар буд, ҳоло дар ин замина маблағҳои камтар ҷудо мешавад. Аз сӯи дигар волидайн низ барои тарбия ва нигаҳубини фарзандон дасти кӯтаҳ доранд. Ва кӯдакон ҳам дар ин мавҷе, ки ҳар кас барои бақои зиндагии худ талош мекунад ба гунае, дар ин маврид ҳамсангари волидайн ҳастанд.

Кӯдакон мехоҳанд, аммо...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Бо вуҷуди мушкилоти фаровони худ, аз орзӯҳои кӯдакон дар ин рӯз метавон пай бурд, ки онҳо ғолибан ба оғӯши гарми падар ва ё модари худ ниёз доранд. Аз ҷумла Зӯҳрои 9-сола мегӯяд, хеле мехоҳад аз забони модар афсона бишнавад ва ё бо кӯмаки падар дарсҳои хонагиро иҷро кунад. Ӯ гуфт, «падарам аз кор дер меояд, аммо модарам аз кори хона монда мешавад ва ягон филм тамошо мекунад. Бо ҳамроҳи ман апаҳоям дарс тайёр мекунанд. Ман орзу дорам, ки падару модарам ҳамеша хурсанд бошанд. Чун вақте падарам ба кор мераванд, модарам дар хона танҳо мемонад ва зиқ мешавад.»

Аммо орзӯи ягонаи Мадина Исломоваи 12-сола, расидан ба дидори падари муҳоҷираш аст. Мадина мегӯяд, падарашро ду сол инҷониб надидааст ва зиндагияшон бо мушкил мегузарад. Вай гуфт, «ҳафтае пеш бо падарам, ки дар Русия аст, сӯҳбат кардам, ваъда дод, ки корҳояш ки хуб шуд, ба наздамон бармегардад. Зиндагиямон чандон хуб нест. Падарам гоҳ-гоҳ пул мефиристад. Чун аз оилаи камбизоат будем, бо мусоидати президент дар мактаб бепул таҳсил мекунам. Хеле мехоҳам, ки падарам биёяд ва зиндагии мо нағз шавад.»

Мадина орзу дорад, дар оянда духтур шавад. Зеро ба гуфтаи вай, модараш зуд-зуд касал мешавад ва мехоҳад беминнат модарашро табобат кунад.

Аликбари 10-сола, ва яке аз тарибиятгирандагони ятимхона низ чашм ба роҳи волидайн аст. Ин хурдсоли маълул бо алам мегӯяд, модараш ҳамеша барояш телефонӣ ваъда медиҳад, ки зимистон ба хабаргирияш меояд, аммо чанд зимистон гузашту аз модараш дараке нест. Алиакбар гуфт, «ман падару модарамро дӯст медорам. Модарам барвақт рафт, вақте телефон кард, гуфт, ки зимистон меоям, аммо наомад. Падарам фақат мошин ҳай мекунад. Модарам ваъда дод, ки падарат омада туро мебарад, лекин вай ҳам наомад. Агар маро дар телвизор нишон додет ман ба модарам мегӯям, ки маро омода барад.»

Комилҷон.
Комилҷон.
Вале толеи Комилҷон ба фарқ аз ин ҳамсолонаш баландтар аст ва орзӯҳояш низ баландпарвоз. Ӯ мегӯяд, падару модараш дар паҳлӯяш ҳастанд ва барои дар роҳи рост тарбият ёфтанаш талош мекунанд. Комилҷон гуфт, аз бадахлоқии бархе аз ҳамсинфонаш ва аз меҳнати вазнини ҳамсолонаш дар бозору кӯча нороҳат мешавад. Ин ҳамсӯҳбати мо дар оянда мислиса шудан мехоҳад, зеро вай мегӯяд, «падарм хеле мехост милиса шавад, вале чун замони нооромӣ буд, натавонист ба ин орзуяш бирасад. Ман медонам, ки ин касб хеле душвор аст, вале ман мехоҳам барои дур кардани душман ва кам кардани корҳои ношоиста дар ватан, саҳм бигзорам.»

Зимнан равоншиносон мегӯянд, одатан дар зиндагӣ нафароне муваффақ мешаванд, ки дар муҳити озод ба воя расида, волидонашон аз хурдӣ ба ҳуқуқҳои онҳо эҳтиром гузоштаанд. Дар ин замина волидон низ андешаи худро доранд ва аксари онҳо мегӯянд, назорати ҷиддӣ аз рӯи фарзандон гарави ботарбия ва фармонбардор будани онҳост.

Бо ин ҳама Тоҷикистон, созишномаи ҳуқуқи кӯдакро, ки аз ҷониби СММ пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонидааст ва ӯҳдадор шудааст, ки ҳуқуқҳои дар ин санади байнулмилалӣ зикршударо барои кӯдакони тоҷик таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG