Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чориева: "Мавзунаи наверо бароятон ҳадя хоҳам дод" ВИДЕО


Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 2012 дар Лондон, аз майдони бокс канор рафт ва ҳоло бештар чун мураббӣ кор мекунад. Ин варзишгари 24-сола ва модари як фарзанд рӯзи 8-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ Мавзунаи наверо дар бокс муаррифӣ хоҳад кард.

Рақибонам ҳатто бо тааҷҷуб мепурсиданд, ки кишваре бо номи Тоҷикистон дар куҷост ва ман ночор харитаро боз мекардам...

Мавзуна Чориева: "То ба ҳол шогирдонам тавонистанд, дар мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё соҳиби ҷоиза шаванд. Яке аз онҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон ҷойи панҷумро гирифт. Худо хоҳад, ба зудӣ Чориеваи наверо хоҳед дид."

Радиои Озодӣ: Худи шумо танҳо ба унвони мураббӣ дар варзиш мемонед?

Мавзуна Чориева: "Бале. Феълан мураббии ҷавондухтарон ҳастам ва ҳамзамон раёсати шӯъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро бар уҳда дорам."

Навори видео дар инҷост:

Мавзуна Чориева: "Муҳим ишқу хандаи шавҳар аст"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:15 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо дар солҳои истиқлол ба дарёфти медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ноил шудед. Дар Шӯравии собиқ Зебуннисо Рустамова тавониста буд қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шавад. Фикр мекунед, дар кадом замон соҳиби медалҳои бозиҳои олимпӣ шудан мушкил буд?

Мавзуна Чориева: "Мутмаинам, ҳар давра мушкилҳои худро дорад. Ҳарчанд ҷавонам, аммо медонам, ки дар Шӯравии собиқ пешравиҳои комилан дигар буд. Он замон интихоб шудан ба ҳайси беҳтарин варзишкор мушкилҳое дошт. Ҳоло варзишкорони тоҷик имкони зиёд доранд, то дар арсаи байналмилалӣ маҳорати худро намоиш диҳанд."

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, бонувони имрӯзи тоҷик чӣ камбудҳое доранд, ки барои дастёбиашон ба пешрафтҳо монеъ мешаванд?

Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева: "Пеш аз ҳама банд будани бонувони тоҷик ба тамошои сайту саҳифаҳои мухталиф аст, ки вақти зиёди онҳоро мегирад. Дувум, баъзе аз ҷавонҳои мо нақшаи муайяни пешбурди зиндагиашонро надоранд. Фатҳи қуллаеро ҳадафи худ қарор намедиҳанд. Бонувони ҷавон ҳадафи зиндагии худро муайян накардаанд. Шахсиятҳое ба мисли Дилшод Назаров ё Расул Боқиев бо ҷавонон бештар мулоқот карда, ба онҳо ҳадафгузорӣ дар зиндагиро омӯзонанд. Дар 19-солагиам тавонистам дар бокси ҷаҳонӣ нафари дувум шавам. Ҳеч кас тасаввур намекард, ки як бонуи ҷавони тоҷик дар бокси ҷаҳонӣ метавонад ба ин мақом бирасад. Рақибонам ҳатто бо тааҷҷуб мепурсиданд, ки кишваре бо номи Тоҷикистон дар куҷост ва ман ночор мешудам ба онҳо Тоҷикистонро аз харита нишон диҳам. Ҳоло дар бозиҳои олимпӣ бештаре аз варзишкорон исми Тоҷикистонро бо номи ҷоизадорони ин бозиҳо мешиносанд. Зеро, то расидан ба бозиҳои олимпӣ мо марҳилаҳои мухталифи интихоб дар мусобиқаҳои осиёгӣ ва ҷаҳониро мегузарем. Бовар ба худ ва мақсади мушаххас доштан метавонанд асоси дастрасӣ ба комёбиҳо бошад.”

Радиои Озодӣ: Дар бораи шуғлатон дар варзиш гуфтед, аммо вазъи оилавии шумо чӣ гуна аст?

Мавзуна Чориева: “Оиладор ва соҳиби духтарчае бо номи Асия мебошам, ки то чанд моҳи дигар панҷсола мешавад. Зиндагиам хуб аст. Ҳамсарам Амонҷон Бобоев низ варзишкор ҳастанд. Он кас ҳам дар риштаи бокс машғуланд”

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳам муштзанӣ мекунанд?

Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева: “Не, он кас ҳам аз муштзанӣ канор рафта, мураббӣ шудаанд.”

Радиои Озодӣ: Дар канори фаъолият дар Кумитаи миллии олимпӣ намехоҳед дар арсаи сиёсат низ шуғле дошта бошед?

Мавзуна Чориева: “Феълан узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳастам.”

Радиои Озодӣ: Шояд мехоҳед ба мақоми болотаре бирасед ё ба курсии вазирӣ нишинед?

Мавзуна Чориева: “Дар 24-солагӣ ба мартабаҳои баланде ноил шудаам. Агар умр вафо кард ва Худо мададкорӣ кунад, пас, боз ба мартабаҳое хоҳам расид.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG