Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уштуре дар Тоҷикистон пирӯзии тими Фаронсаро пешгӯӣ кард. ВИДЕО


Се рӯз пеш аз анҷоми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол интригаи натиҷаи бозиҳо авҷ мегираду миқдори шартбандиҳои муштариҳо дар идораҳои букмекерӣ то рафт зиёд мешавад. Вале айни замон, беминнаттарин донандаи натиҷаи бозиҳо дар Душанбе машғули ҳавохӯрӣ дар боғи ҷонварон аст.

Ояндабини футболи ҷаҳонӣ – уштури боғи ҷонварони Душанбе Мария аст, ки беминнату беподош аз ҳоло медонад, ки чӣ кишваре барандаи

Зубайдулло бовар дорад, ки “уштур қудрати хорватҳоро намедонад” ва ин навбат бояд пирӯзӣ насиби кишваре аз Югославияи собиқ шавад, на Фаронса

мусобиқот мешавад. Ба ҳар сурат, ҳеҷ як пешгӯии ин ҷонвар то имрӯз хато набуд. То имрӯз Мария натиҷаи бозии Русияву Арабистони Саудӣ, Уругваю Фаронса ва ахиран Хорватияву Англияро дуруст пешгӯӣ кард.

Рӯзи 12 июл, як рӯз баъди анҷоми бозиҳои нимафиналӣ, Мария пешгӯӣ кард, ки маҳз Фаронса барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол мешавад. Мария рӯзи панҷшанбе зери навори видеоии Радиои Озодӣ аз миёни ду табақи сабзавот, ки дар яке парчами Фаронса ва дар дигаре парчами Хорватия гузошта шуда буд, ба сӯи аввалӣ рафт ва сабзавоти онро тановул кард.

Ин, ба гуфтаи нигаҳбонҳои Мария, ба он маъност, ки тими Фаронса дар ин дидори ниҳоӣ пирӯз мешавад. Пешгӯии Мария чанде аз мухлисони тими Фаронсаро, ки ин саҳнаро тамошо мекарданд, ба ваҷд овард ва тамошобинон тасмими ӯро бо кафкубӣ истиқбол карданд. Таҷриба дар маҷмӯъ се дафъа такрор шуд ва ҳар дафъа Мария ба сӯи "табақи" Фаронса рафт.

Бо таваҷҷӯҳ ба пешгӯиҳои қаблии уштур, ҳоло ҳам нигаҳбонҳояш бовар доранд, ки Мария хато намекунад. Ин эътимод ба Мария аз он ҷост, ки бори охир ӯ дар остонаи бозии ниманиҳоии шоми 11 июл, ки қарор буд миёни мунтахабҳои Англияву Хорватия баргузор шавад, пирӯзии дуюмиро пешгӯӣ кард.

Уштур Мария пирӯзии Фаронсаро пешгӯӣ кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:09 0:00

Аммо бархе ба пешгӯии навбатии ин ҷонвар чандон бовар надоранд ва мегӯянд, ҳунарнамоии ахири Хорватия умедвориҳоро барои комилан дигаргуна сурат гирифтани натиҷаи бозӣ зиёд кардааст. Зубайдулло Давлатов, сокини шаҳри Душанбе, ки то ҳол аз пешгӯиҳои Мария завқ мебурд, ин дафъа ба ӯ эътимод надорад.

Зубайдулло бовар дорад, ки “уштур қудрати хорватҳоро намедонад” ва ин навбат бояд пирӯзӣ насиби кишваре аз Югославияи собиқ шавад, на Фаронса. Вай гуфт: “Ман аслан мухлиси тими Хорватия ҳастам ва бовар дорам дар соли 2018 Ҷоми Ҷаҳон насиби Хорватия мешавад ва ин даста чемпион хоҳад шуд.”

То куҷо дар ин пешгӯиҳо ҳақ ба ҷониби Мария мешавад ё Зубайдулло, касе феълан гуфта наметавонад. Вале Мария ҳам зоҳиран ба ин баҳсҳо кор надорад ва дар фурсатҳои холӣ аз пешгӯии футбол аз ҳавои гарми Душанбе дар боғи ҷонварон ҳаловат мебарад.

Марияи дукӯҳона 12 сол дорад. Ӯ зодаи Душанбе нест, дар сесолагиаш дар ин ҷо муқимӣ шуд. Кӯдакиаш дар Узбекистон гузаштааст ва ба қавли Саидхуҷа Сафаров, муовини раҳбари боғи ҷонварони Тоҷикистон, аз аввал маълум буд, ки як ҷонвари на танҳо зебову диданӣ, балки зираку закӣ мешвад:

“Аз ду сар шутури дукӯҳонае, ки дар боғи ҷонварон ҳаст, Мария фаъолтар аст. Ором намеистад. Масалан, вақте ба онҳо хӯрок пешниҳод мешавад, ҳамавақт пешдастӣ мекунад. Ҳатто ҳаққи уштури наринаро ҳам мегирад, чаққонтар аст.”

Ба гуфтаи Сафаров, аз ғизо лаззат мебарад ва рӯзе то 4-5 маротиба хӯрок мехурад, сабзавотро бештар дӯст медорад.

Умеди масъулони боғи ҷонварон ҳам аз Мария зиёд аст. Онҳо мехоҳанд, ки рӯзе Мария ва дӯстписараш – як уштури нари ҳамхонааш соҳиби уштурбачае мешаванд, ки мисли модараш чолоку закӣ хоҳад буд ва шояд он ҳам тавонад рӯзе пешгӯи футболҳои ҷаҳонӣ шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG