Пайвандҳои дастрасӣ

Дар занозании бозори Кӯлоб як соҳибкори шинохта кушта шуд. ВИДЕО


Миралӣ Ҳасанов.

Соҳибкори шинохта дар Кӯлоб Миралӣ Ҳасанов рӯзи 10 январ дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон, кушта шудааст. Миралӣ Ҳасанов ҳамроҳ бо бародараш Нуралӣ Ҳасанов пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Маркази савдои "Ғайрат" дар Кӯлобро хусусӣ карда, атрофи он бозори фурӯши таҷҳизоти техникии "Лола"-ро ташкил карда буданд.

Нуралӣ Ҳасанов, бародари Миралӣ Ҳасанов рӯзи панҷшанбеи 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муноқиша баъд аз зӯҳри 10 январ замоне рух дод, ки ӯ як ҷавонро, ки миёни бозор мошинашро ба суръат меронд ва ба гуфтаи ӯ, дар бозор "бетартибӣ" менамуд, насиҳат кард. Ба гуфтаи

Табибон мегӯяд, ки барои зинда мондани Миралӣ Ҳасанов талош карданд, аммо бинобар талаф шудани хуни зиёд, натавонистанд ӯро наҷот аз марг наҷот диҳанд.

Нуралӣ Ҳасанов, ин ҷавон ба дунбол як гурӯҳро ба бозор оварда, дар як муноқиша бародарашро дар анбӯҳи одамон, бо корд захмӣ кард. Нуралӣ Ҳасанов мегӯяд, ки ҳарчанд ин ҷавон ба сӯи ӯ теғ кашид, аммо бародараш дар ин миён кушта шуд.

"Дар даруни бозор мошинро тез ронд ва ман насиҳаташ кардам, ки чунин рафтор накунад, аммо суханони манро гӯш накард. Баъди чанд дақиқа одамонро ҷамъ карда овард ва кордро гирифта ба сӯи ман давид. Ман кордро аз дасташ гирифтам, аммо ҳамроҳонаш муноқиша карданд ва дар ин миён бародари манро бо корд захмӣ карда, фирор намуданд. Баъди чанд лаҳза бародарам ҷон дод",--гуфт Нуралӣ Ҳасанов дар шарҳи ҳодиса.

Хонаводаи Ҳасановҳо мегӯяд, ки аз болои ин ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурдаанд ва наворҳои муноқишаро низ дар ихтиёри ниҳодҳои зидахл гузоштаанд, то омилони аслии ин ҳодиса ошкор ва ба муҷозот кашида шаванд.

Як масъули шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса Амирҷон Мусоеви 22-сола боздошт шуда ва нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад: "Амирҷон Мусоев донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи технологӣ буда, дар пайи ин ҳодиса боздошт шудааст. Ӯ дар бозор ҷанҷол карда, баъдан бо корд Нуралӣ Ҳасановро захмӣ кардааст."

Бародарон Нуралӣ ва Миралӣ Ҳасановҳо.
Бародарон Нуралӣ ва Миралӣ Ҳасановҳо.

​Табибони бемористони шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои зинда мондани Миралӣ Ҳасанов талош карданд, аммо бинобар талаф шудани хуни зиёд, натавонистанд ӯро наҷот аз марг наҷот диҳанд.

Бахтиёр Ҳакимов, табиби ҷарроҳ гуфт, ки Миралӣ Ҳасанов аз ноҳияи пушташ чанд корд хӯрда буд ва бар сари хунрезии зиёд, дар бемористон ҷон дод. Аммо Нуралӣ Ҳасанов мегӯяд, ки бародараш баъди хӯрдани зарби корд дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар паҳлӯи бозори марказии “Саховат” қарор дорад ва раиси он Нуралӣ Ҳасанов ҳамроҳи писараш умури онро дар даст доранд. Масоҳати ин бозор 1 гектарро ташкил дода, зиёда аз 500 тоҷир ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғуланд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG