Пайвандҳои дастрасӣ

Будҷаи чолишбарангези соли 2018 бо барномаи боло бурдани маош ва нафақа


Маоши кормандони будҷавӣ ва нафақаи бознишастагон дар соли 2018 зиёд мешавад. Ба ин хотир дар тарҳи будҷаи соли 2018-и Тоҷикистон маблағҳои изофӣ пешбинӣ шудааст. Дар Вазорати молияи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2-уми ноябр гуфтанд, дар будҷаи соли оянда барои индексатсия ва ё, боло бурдани маоши кормандони будҷавӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Матни будҷаи давлатии Тоҷикистон феълан бахши даромади онро барои соли оянда дар ҳудуди 21 миллиард сомонӣ (муодили тахминан 2,2 миллиард доллар) пешбинӣ кардааст, ки аз будҷаи соли гузашта каме беш аз 200 миллион доллар бештар аст.

Мо сиёсати андозро бояд тавре ба роҳ монем, ки соҳибкоронро ба фаъолияти бештар ҳавасманд кунад. Аммо аз сӯи дигар, агар соҳибкорон андозро саривақт ва пурра пардохт накунанд, мардуми дигар аз куҷо маош мегиранд

Вале тавре тарроҳони будҷаи давлатӣ мегӯянд, чанд чолише вуҷуд дорад, ки метавонад имконияти маблағгузории бахши иҷтимоиро заъиф гардонад.

Агар мизони таваррум дар ҳудуди 7 % бимонад…

Ҳанӯз маълум нест, маошҳои кормандони будҷавӣ чанд дарсад боло мераванд, чун дар Вазорати молия мегӯянд, ин ба сатҳи таварруми имсола бастагӣ хоҳад гирифт, ки мувофиқ ба он маошҳо индексатсия ё бозбинӣ мешаванд.

Бинобар пешбинии Бонки милии Тоҷикистон, то охири сол сатҳи таваррум ва ё инфлятсия ба 7 дарсад мерасад ва эҳтимол меравад маоши кормандоне, ки аз будҷаи давлат пардохт мешавад, ба ҳамин андоза боло бурда шавад.

Айни замон тарҳи будҷаи нав ба баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст ва 2-уми ноябр масъулони Вазорати молия, андоз ва гумрук дар Маҷлиси намояндагон бандҳои тарҳи нави будҷаро ба вакилони маҷлис шарҳ доданд.

Тарҳи будҷаи Тоҷикистон барои соли оянда дар ҳоле таҳия мешавад, ки он ба чанд чолиш рӯ ба рӯ аст.

Инак соли соли севвум аст, ки нақшаи даромадҳои будҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ иҷро намешавад. Дар 10 моҳи соли равон аз ҳисоби гумрук ба будҷаи кишвар дар ҳаҷми 212 миллион сомонӣ маблағи камтар аз нақша ворид шудааст.

Чор моҳи таъхир дар пардохти маош

Охири ҳафтаи гузашта масъулони давлат дар назди вакилон аз иҷрои нақшаи будҷаи соли 2017 гузориш доданд.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гуфт, 32 ноҳия дар Тоҷикистон хазинаи будҷаро пур карда натавонистанд.

Илова бар ин, дар бархе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ кормандон ҳанӯз маоши моҳи июл ва августро нагирифтаанд. Иттилое, ки масъулони давлат ба вакилон доданд ҳокист, ки дар ноҳияи Ваҳдат кормандони будҷавӣ ҳанӯз аз моҳи июл ба ин сӯ маоши худро нагирифтаанд ва қарзи маош дар ин ноҳия ба беш аз 5 миллион сомонӣ мерасад.

Айни чунин вазъият дар ноҳияи Турсунзода низ ба чашм мерасад. Дар ин ноҳия беш аз 3 миллион сомонӣ маоши кормандони будҷавӣ аз моҳи август ба ин сӯ пардохт нашудааст.

Дар айни замон, тарҳи будҷаи 2018-и Тоҷикистон як банди наве ҳам дорад, ки дар солҳои пешин надошт. Қарор аст, аз будҷаи соли нав беш аз 170 ҳазор нафар афроди камбизиоат ҳар се моҳ 400 сомонӣ кумакпулӣ дарёфт кунанд. Ин кумакпулӣ ба хотири ҷуброн кардани қимати нерӯи барқ барои хонаводаҳои нодор пардохт мешавад.

Қарзи афзояндаи хориҷӣ ва вомбаргҳо – чолиши дигари будҷа

Чолиши дигаре, ки дар назди будҷаи соли оянда меистад, қарзи афзояндаи хориҷаи кишвар аст, ки бо фоизҳояш аз ҳисоби будҷаи кишвар бояд пардохт шавад. Феълан қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ Тоҷикистон тавонист аз ҳисоби даромади будҷа 159 миллион доллар (тақрибан 1 милларду 300 миллион сомонӣ) қарзи берунаи давлатро пардохт кунад. Имсол пардохти 7 дарсад баҳраи вомбаргҳои давлатӣ, ки дар ҳаҷми 500 миллион доллар дар бозорҳои ҷаҳонӣ фурӯхта шуд, низ ба қарзи давлатӣ зам мешавад.

Афзоиши қарзи хориҷаи давлат ва фоизҳояш будҷаро дар маблағгузории маорифу тандурустӣ ва бахши иҷтимоӣ дасткӯтаҳ мекунад. Бо вуҷуди ба сахтӣ иҷро шудани будҷа, мақомот бахши даромадро барои соли нав боз ҳам бештар тарҳрезӣ кардаанд.

Бинобар тарҳи пешниҳодӣ, даромади будҷаи Тоҷикистон дар соли оянда 20 миллиарду 643 миллион сомонӣ ва хароҷот хеле бештар аз он - 20 миллиарду 977 миллион сомониро ташкил медиҳад. Масъулони таҳияи буҷети Тоҷикистон мегӯянд, каср ё камомади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 334 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Даромади будҷа дар соли ҷорӣ каме беш аз 19,5 миллиард муайян шудааст ва қисмати даромади будҷаи имсол якбора 2 миллиард сомонӣ бештар шудааст. Аммо иқтисоддонҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ба якборагӣ бештар кардани нақшаи даромади будҷа то ба 2 миллиард сомонӣ (беш аз 200 миллион доллар) барои андозсупорандагон душворӣ эҷод хоҳад кард.

Баррасии будҷа бояд бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шавад

Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Соҳибкорон дар Тоҷикистон ҳама вақт аз андоз шикоят мекунанд. Мегӯянд, ки баланд аст, супорида наметавонанд. Воқеан ҳам, бояд эътироф кард, ки сатҳи андозҳо дар мо баланд аст. Мо сиёсати андозро бояд тавре ба роҳ монем, ки соҳибкоронро ба фаъолияти бештар ҳавасманд кунад. Аммо аз сӯи дигар, агар соҳибкорон андозро саривақт ва пурра пардохт накунанд, мардуми дигар аз куҷо маош мегиранд?”

Аммо ин пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, вақтҳои охир мақомдорони тоҷик ба ҳангоми гирифтани тасмимҳои муҳим, қабули барномаву стратегияҳо ва таҳияи будҷа фикру андешаи донишмандони иқтисодро намепурсанд. Ин ва дигар иқтисоддонҳо мегӯянд, будҷа бояд дар шароити шаффоф ба баррасии мутахассисон гузошта шавад, то ки аъзои ҷомеа ҳам тавонанд дар муассирии сарфу харҷи маблағҳо саҳмгузор шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG