Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навзодони зиёди тоҷик дар нимсолагӣ маҳрум аз шири модар. ВИДЕО


Акс аз бойгонист.

Як пажӯҳиши ахир дар Тоҷикистон муайян кард, ки 36 дарсади кӯдакон то шашмоҳагӣ фақат шири модар истеъмол мекардаанд.

Бибихадича аз рӯзҳои аввали таваллуд ба тифли навзодаш шири сунъӣ медиҳад. Пас аз ҷарроҳии пистон, табибон ба ӯ тавсия доданд, ки ба тифлаш шир надиҳад. Бибихадича мегӯяд, хеле мехост тифлаш солим ва бо шири модар ба воя расад, вале вазъ ӯро водор кард, ки ба ғизои сунъӣ рӯ орад. Ӯ гуфт: “Албатта медонам, ки шири модар хуб аст, аз сабабе ки ҷарроҳӣ шудаам, надодам. Шири сунъӣ медиҳам, нағз аст.»

Бибихадича мегӯяд, ҳарчанд тифлаш аз рӯзҳои аввал шири сунъиро ба ҷои шири модар хуб қабул кард, аммо хуб медонад, ки аз ин ба баъд харҷи хонаводааш ҳам зиёд хоҳад шуд: “Албатта бо шири харида, мушкил аст. Аммо барои фарзанд маҷбурем, ки ин хароҷотҳоро кунем.”

Як пажӯҳиши ахир дар Тоҷикистон муайян кард, ки 36 дарсади кӯдакон то шашмоҳагӣ фақат шири модар истеъмол мекардаанд. Дар аксар ҳолатҳои дигар, модарон бо далелҳои мухталиф ба атфоли худ ғизои иловагӣ ё сунъӣ медиҳанд. Шире ки нархаш дар бозорҳои Тоҷикистон гарон аст ва барои аксар хонаводаҳо харидории он ба сахтӣ даст медиҳад.

Ҳам гарон аст ва ҳам кам

Раҳматулло Ниёзов, фурӯшандаи як мағоза дар Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди нархи гарон харидорони шир барои атфол зиёданд: “Шир меоранд, беҳад қиммат аст, Нестоген 48 сомонӣ, НАН 85 сомонӣ, Тройной комфорт 100. Бештар мардум Нестоген ва НАН мегиранд. Барои халқ беҳад мушкил аст.”

Ба гуфтаи табибон, бармаҳал рӯ овардан ба шири сунъӣ на танҳо аз нигоҳи молӣ барои хонаводахо мушкил эҷод мекунад, балки муҳимтар аз ин он ба густариши маризиҳои мухталиф аз ҷумла бемориҳои роҳи нафас ва дарунравиву камхунии кӯдакон боис мешавад. Саломат Каримова, пизишки кӯдакона мегӯяд: “Барои организми кӯдак, махсусан барои рӯдаҳо ва меъдаи кӯдак, шири сунъӣ як чизи бегона ҳисоб мешавад. Ба бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад.”

Навзодони зиёди тоҷик дар нимсолагӣ маҳрум аз шири модар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Тибқи таҳқиқоти ахир 18 дарсади кӯдакони то 5-сола дар Тоҷикистон кӯтоҳқад, 6 дарсад лоғар ва 8 дарсад камвазнанд. Як сабаби инро табибон ба ғизои нодурусти кӯдакон рабт медиханд. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи Саломат Каримова, вақте модар рӯҳан ором нест ва ғизои солим надорад, наметавонад, ба кӯдак ҳам дуруст ва ба муҳлати дарозтар шир диҳад. Як омили дигари бармаҳал аз шири модар маҳрум шудани кӯдакро табибон дар ноогоҳии модарони ҷавон аз афзалияти шири сина ва зарурати он дар рушди кӯдак марбут медонанд.

Саломат Каримова дар ин бора гуфт: “Ин ба бисёр касалҳо оварда мерасонад. Ҳатто ба майнаи сар асар мекунад. Вақте кӯдак зиёд қай мекунад, организм беоб мемонад, ки ин ҳам хатар дорад. Мо инро ба модарон мефаҳмонем, ки ба кӯдакон худашон шир диҳанд.”

Тоҷикистон пешсаф

Бо ин ҳама Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар як гузориши ахири худ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое шомил кардааст, ки дар он одати шир додани модарон ба кӯдакон маъмул аст ва 73 дарсадро ташкил медиҳад. Малоҳат модари 4 фарзанд мегӯяд, маъмулан кӯдаконашро то сесолагӣ бо шири худ бузург мекунад. Ӯ мегӯяд эҳсос мекунад, ки дар воқеъ ин ба сиҳатӣ ва зеҳни фарзандонаш бетаъсир намондааст ва онҳо ба фарқ аз баъзе ҳамсолонашон солиму фаъолтаранд.

Малоҳат афзуд: “Шири модар чизе ҳаст, ки дар таркибаш ҳамаи ғизо ҳаст. То кӯдак мустақилона ба хӯрдан оғоз кунад, бояд шири модарро хурад. Маасалан ҳоло кӯдакони ман кам бемор мешаванд. Ҳис мекунам, ки фарқ доранд.” Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки бо ташаббуси бунёди атфоли СММ, ё ЮНИСЕФ соли 2006 қонун дар бораи «Ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдаконро» қабул кард, ки он ба ҳифзи сиҳатии модару кӯдак нигаронида шудааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт машварат медиҳад, ки ҳар навзод дар 6 моҳи аввали зиндагӣ ҳатман шири модар истеъмол кунад ва баъди ин то дусолагӣ ва ҳатто бештар аз он ҳам додани шири модар идома ёбад. Табибон таъкид мекунанд, ки ҳар як инсон танҳо як маротиба дар ҳаёт ва он ҳам ду сол имкони истифода аз шири модарро дорад ва модарон набояд аз ин имконият кӯдакони худро маҳрум созанду бо ин монеи рушди зеҳниву ҷисмонии дурусти фарзанди худ шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG