Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даврон баъди ду сол гирист, вале волидонаш хурсанд шуданд


Даврон ҳангоми мусобиқа. Аз чап
Даврон ҳангоми мусобиқа. Аз чап

Парвоз миёни Олмон ва Тоҷикистон барои Алимҷон Маҳмадов, сокини 54- солаи Душанбе дар ду соли ахир ба як кори муқаррарӣ табдил ёфтааст.

Шаш бор аст, раводиди Олмонро мегирад ва дар як сол 5 дафъа ба онҷо сафар мекунад. Дар ин муддат танҳо харҷи роҳу истиқоматаш аз марзи 15 ҳазор евро, ки беш аз 150 ҳазор сомонист, гузаштааст.

Алимҷон Маҳмадов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ин ҳамаро барои дидор бо Даврон писари 26-солааш харҷ кардааст, ки тақрибан ду сол боз дар шӯъбаи эҳёгарии шифохонаи шаҳри Кёлни Олмон бистарист.

Даврон зимни тамрини муштзанӣ дар охири моҳи феврали соли 2017 дар Олмон аз ҳуш рафт ва моҳҳо дар кома буд. Ӯ, ки муштзани касбӣ буд, барои ширкат дар як мусобиқа дар Ҳолланд омодагӣ медид.

“Гиряи писарамро дидам, хурсанд шудам”

Алимҷон Маҳмадов, рӯзи 30-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ду сол сари писарашро даҳ бор ҷарроҳӣ кардан ва дар ниҳоят чанд моҳ пеш чашмонашро боз кард. Мегӯяд, ба наздикӣ бори аввал писараш ашк рехт, вале ӯро хурсанд кард, чун табибон, онро аломате аз беҳтар шудани сиҳатии Даврон медонанд.

“Гиря намекард, гирист, сурфа намезад, сурфа мезанад. Табибон гуфтанд, ки ҳоло гапро мефаҳмад. Худоро шукр. Ин нишон аз хуб шуданаш ҳаст. Вазнаш ҳам хуб шудааст. 40 кило шуда буд, ҳоло 70 кило шудааст. Мағз дер табобат мешавад ва бояд тоқат кунем ”- гуфт ӯ.

Даврон Маҳмадов
Даврон Маҳмадов

Моҳе пеш мӯҳлати эътибори раводиди Алимҷон Маҳмадов тамом шуд ва ӯ боз ба Тоҷикистон баргаштааст, то аз сафорати Олмон дар Душанбе раводид бигирад. Ӯ гуфт, ки як тоҷики муқими Олмон ҳар рӯзи истироҳат ба дидори писараш меравад ва онҳо тариқи тамоси видеоӣ писарашро мебинанд.

“Маблағ тамом шуд, мӯҳлати раводид тамом шуд. Омадам, то каме пул ҷамъ кунам ва дубора равам. Писарам суғуртаи тиббӣ дошт, ба мо сабуктар афтид, лекин хеле пули зиёд сарф шуд. Муҳим сиҳат шудани писарам аст” – мег=яд, Алимҷон Маҳмадов.

Аз орзуи муштзанӣ то бистари беморӣ

Падари Даврон мегӯяд, писараш орзу дошт, қаҳрамон шавад ва ҳамин орзу ӯро то Аврупо бурд: “Гуфта буд, ки то қаҳрамон шудан меравад ва парчами Тоҷикистонро боло мебардорад

Даврон Маҳмадов то ба Олмон омадан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тамрин мекард. Дар даҳҳо мусобиқаи муштзании Русия ширкат кардааст. Даврон, ки 1 метру 66 сантиметр қад дорад, дар вазни аз 63 то 66 кило қувваозмоӣ мекард.

Барои роҳ ёфтан ба саҳнаҳои бузургтар ба Аврупо рафт, вале толеаш баландӣ накард. Баъди зарбаи ногаҳонӣ ҳангоми тамрин аз майдон ба бистари беморӣ рафт ва ду сол аст, ки барои ба по хестан, «меҷангад».

XS
SM
MD
LG