Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, ВИДЕО


Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев

Сухангӯи пешини Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро ба "хиёнат ба давлат" гунаҳкор карданд. Ҳукм рӯзи 14-уми август аз сӯи ҳайати мушовараи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон шудааст.

Намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рӯзи ҷумъаи гузашта (9-уми август) барои ӯ 20 соли зиндон талаб карда буд. Моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Улуғхоҷаеви 36-соларо бар асоси он айбдор карданд, аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, ҷониби маҳкумшуда ҳоло ҳақ дорад, ки зарфи 10 рӯзи оянда аз болои ҳукми додгоҳ шикоят барад. Парвандаи Улуғхоҷаев аз оғоз то анҷом зери мӯҳри "махфӣ" идома кард ва мақомот то ҳанӯз дар мавриди он ба расонаҳо иттилоъ надодаанд.

Охирҳои моҳи июл Майрам Улуғхоҷаева, ҳамсари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳ хоҳиш дорад, ки парвандаи шавҳарашро одилона ва мунсифона баррасӣ намояд.

"Рафтору муносибати Муҳаммадҷон ҳангоми фаъолият дар идораи давлатӣ содиқона буд ва аз рӯи виҷдон кор мекард. Ман аз додгоҳ умедворам, ки парвандаро одилона баррасӣ мекунад", -- гуфта буд ҳамсари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев.

Парвандаи ҷиноии Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро дар моҳи апрели имсол муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷоя таҳқиқ карданд. Улуғхоҷаев ба он айбдор мешуд, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро ба созмонҳои хориҷӣ додааст.

Собиқ сухангӯйи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба муддати 15 сол зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 10-уми апрел боздошт шуда буд. Зебо Улуғхоҷаева, модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфта буд, ки мақомот рӯзи 16-уми апрел манзили писарашро дар шаҳри Душанбе кофтукоб карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомот аз боздошти Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сабабҳои он ва кофтукоби манзили ӯ расман хабар надодаанд.

Ҳамкорони имрӯзаву собиқи Улуғхоҷаев ҳам мегӯянд, аз шеваи кору масъулиятшиносии ӯ танҳо бардошти нек доранд. Аз ҷумла, яке аз ҳамкорони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "магар осон аст, ки дар ин муддат то мартабаи подполковник баланд шавад? Хеле шахси бомасъулият аст, вале мо ҳам намедонед, ки дар асл чӣ гузаштааст".

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, ба қавли ҳамкорони собиқаш, риштаи физикаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар гузашта дар хабаргузории "Азия-Плюс" ва баъдан дар Вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси як корманди техникии дафтари матбуот кор кардааст.

Соли 2009 ба кор дар Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ гузашт. Ин ҷо низ корро аз наворбардориву иҷрои масъулиятҳои фаннӣ шурӯъ карда, баъдан дар соли 2014 масъулиятҳои сухангӯ ва иртибот бо матбуотро ба дӯш гирифт.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG